Иёлоти муттаҳида Амрико кӯшиш доранд кишварҳои Осиёи Миёнаро водор ба қатъи хариди силоҳҳои русӣ намоянд, то онҳо моил ба созишномаҳо бо ИМА гарданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе зимни баромадаш дар нишасти кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенои ИМА ҷенерол Ҷозеф Вотел хабар дод.
Тибқи гузориши ТАСС, ҷенероли амрикоӣ гуфтааст “мо мекӯшем кишварҳои Осиёи Марказиро аз хариди силоҳҳои русӣ канор барем, вале қимати баланди силоҳҳои амрикоӣ минбаъд ҳам барои кишварҳое чун Қазоқистон мушкилзо хоҳад буд”.
“Ӯзбекистон моил аст хариди низомии худро тавсеъа диҳад ва рӯйхати системаву таслиҳотҳои амрикоиро, ки майли харидан дорад, пешниҳод кард. Ин майл Ӯзбекистон имкони хубе барои канор бурдани ин кишвар аз аридории силоҳҳои русӣ ва амиқтар сохтани ҳамкориҳои мост” — гуфтааст Вотел.
Дар мавриди Тоҷикистон бошад ҷенероли амрикоӣ изҳор доштааст “мо ҳамкориҳои ниҳомии худ бо Тоҷикистонро вусъат мебахшем, новобаста аз он ки Маскав таъсири худро тақҷият медиҳад ва ҳузури низомиашро дар пойгоҳи наздики пойтахти ин кишвар бештар мекунад”