Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Туркия рафторҳои хашини Чин алайҳи уйғурҳоро нанги башарият унвон кард

$
0
0

Туркия рафторҳои хашини Чин бо мардуми уйғури ин кишварро мояи “нанги башарият” ва  “фоҷеаи инсонӣ” унвон кард.

Котиби матбуотии Вазорати хориҷии Туркия зимни як баромадаш аз Созмони Милали Муттаҳид  талаб кард, ки дар робита бо “фоҷеаи инсонӣ”-и ақаллияти уйғур дар устони Синкёнги Чин вориди амал шавад.

Намояндаи Туркия гуфтааст: “Сиёсати мақомоти Чин дар қиболи уйғурҳо мояи нанги башарият аст ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ба боздошти гурӯҳии уйғурҳо дар Чин эътироз карданд.”

Минтақаи Синкёнг дар шимоли ғарби Чин воқеъ шудааст ва аксари сокинони он мусалмонони уйғур ҳастанд, ки дар солҳои ахир таҳти фишорҳои шадиди пулиси Чин қарор доранд.

Тибқи эъломи коршиносони Созмони Милал, ҳудуди як миллюн уйғур ва соири ақаллияти мусалмони Чин дар урдугоҳҳои бозомӯзӣ ҳастанд.

Дар ҳоле, ки Пекин мегӯяд, ҳадаф аз эҷоди ин урдугоҳҳо, ҳамгунии ақаллиятҳо бо омӯзаҳои комунизм ва ҷомеа аст. Аммо мунтақидон мегӯянд, ҳадафи Чин саркӯби мазоҳиб ва одобу фарҳанги муғойир бо идеологияи ҳизби комунист аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>