Муродалӣ Алимардонов, раиси «Агроинвестбонк»-ро Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупияи Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор додааст. Дар ин бора Қутбиддин Сафарзода, сардори Раёсати тафтишоти Оҷонсӣ дар нишасти хабариаш иттилоъ дод.
Муродалӣ Алимардонов, молик ва раиси собиқи “Агроинвестбонк” соли 2015, дар оғози бӯҳрони бонкӣ, раиси «Агроинвестбонк» таъйин шуд ва беш аз як сол аст, ки ҳатто дар маҷлисҳои ҳукуматӣ ҳузури ӯ ба мушоҳида намерасад.
Ӯ қаблан аз пурқурадтарин афрод дар Тоҷикистон ва яке аз сармоядорони бузург маҳсуб мешуд ва то маснади ҷонишинии сарвазир расида буд. Вале баъди вориди бизнес шудани фарзандони раисҷумҳур, кам кам дар ҳошия қарор гирифт. Бино ба баъзе маълумотҳо моликият ва тиҷорати Муродалӣ Алимардонов тадриҷан аз тарафи Оила дар ҳоли ғасб шудан аст.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси бонки миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ҳоло Муродалӣ Алимардонов дар куҷост гуфт, дар бораи Муродалӣ Алимардонов қазоват намекунад, ӯ фаъолият карда истодааст. Агроинвестбонк соли саввум аст, ки дар бӯҳрони амиқ қарор дорад ва бо вуҷуди ваъдаи раисҷумҳур ба амонатгузорон, то ҳол натавониста садҳо миллион маблағҳои дармондаи онҳоро баргардонад.
Давоми ин солҳо бонки Алимардонов натавонист барои берун шудан аз вазъи буҳронӣ сармоя ҷалб намояд. Чанд рӯз қабл раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳукумат барои хотима додан ба қазияи ду бонки бӯҳронӣ — Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк ду ҳафта мӯҳлат дода буд.