Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотиаш гуфт, айни ҳол 43 зан ва 92 кӯдаки тоҷик дар зиндонҳои Ироқ ба сар мебаранд.
Бино ба гуфтаи вазир, мувофиқи қонунгузории Ироқ, барои ба ватан овардани кӯдакон иҷозаи волидони ӯ ҷиҳати ба хориҷи кишвар бурдани онҳо зарур аст.
“Айни замон барои аз Ироқ баровардани танҳо 75 нафар кӯдакон иҷоза дорем. Ба ҷуз розигии волидон, боз дар мурофиаи судӣ ғолиб омадан ва пардохти 2500 доллар боҷ лозим аст. Барои Тоҷикистон ин арзишро то 400 доллар поин оварданд”, — гуфт ӯ. – Пул дарёфт кардем, то ки кӯдакони тоҷикистониро ба ватан баргардонем, ин мушкил нест. Мушкили аслӣ дар он аст, ки модарон барои ба ватан бурдани кӯдаконашон розигӣ диҳанд. Қарор дар бораи ба ватан овардани онҳо танҳо аз ҷониби суд қабул мешавад: дар ҳолате, ки агар гуноҳи занон исбот нашуда бошад, онҳо ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон супурда мешаванд.
Сироҷиддин Мухриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд: “Мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бахусус кӯдаконро ба ватан баргардонем”.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ба зудӣ вазорати таҳти раҳбариаш бо занону кӯдакони дармонда дар Сурия машғул хоҳад шуд.