Қаблан иттило дода будем, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навори муроҷиъати модари Ҷанатуллоҳи Комил,, масъули бахши аврупоии ҲНИТ Саймо Куловаро расонаӣ кард, ки дар он модари Ҷаннатуллоҳ ӯро даъват мекунад, аз “фишор овардан” бар ҳукумат даст кашида, ба ватан баргардад.
Дар ин навор холаи Саймо инчунин мегӯяд “20-25 сол аст, ки мо тинҷу ором зиндагӣ мекунем, ягон кас ба мо фишор овардагӣ нест”.
Вале оё воқеъан 20-25 соли охири ин модар “тинҷу ором будааст”? Ва оё ин Ҷанатуллоҳ аст, ки беҳуда ба ҳукумати бегуноҳу мардумӣ “фишор оварда” “кишварро ноором” мекунад ва модарашро озор медиҳад? Оё ин модар ҳеҷ озоре аз дасти ин ҳукумат надидааст?
Биё, хонандаи азиз, боре ба қиссаи талху ҷонсӯзи ин модар, ки назираш кам пайдо мешавад,аз забони худи Ҷанатуллоҳ — шоҳиди он ҳодисаҳо бишнавем, то бубинем, ки ҳақиқат куҷост ва кӣ ба кӣ фишору озор расонидааст.
Ин ҳаводис айнан байни ҳамин 20-25 соле, ки модар мегӯяд, рух додаанд. Аниқтараш 24 сол пеш оғоз шудаву то ҳанӯз идома доранд.
Ҷанатуллоҳ мегӯяд:
Он замон ман даҳ сол доштам. Дар Себистони Данғара зиндагӣ мекардем ва падарам аз эҳтироми хоси мардум баҳравар буд. Ӯ Иззатуллоҳ ном дошт, аммо аз хидмати зиёде, ки ба мардум мекард, Хидматуллоҳ номаш карда буданд. Дар оилаи диндор ва илмдор ба воя расида буд ва аз улуми шаръиву замона хуб бохабар буд.
Солҳои 1988-89, замоне, ки як ҳаракати мардумии гароиш ба ислом оғоз шуда буд ҳамроҳ бо бародарону амакҳоям ду масҷиди қадимиро, ки ҳукумати Шӯравӣ якеро баставу дигареро тахриб карда буд, аз нав таъмир ва барқарор сохта, ба истифодаи мардум дода буд. Аз қазо он ду масҷид имрӯз аз дасти ҳукуматӣ феълӣ баста шудааст. Оғози душмании коммунистону коммунистмаъобон, ки баъдан Фронти халқиро таъсис доданд, аз ҳамин таъмиру биносозии он ду масҷид буд, ки чашми диданашонро надоштанд.
Баъди оғози ҳаракати озодихоҳӣ ва майдондории мардуми истиқлолталаб, падару бародаронам бо роҳбарии Мулло Аҷик ва яке аз бародаронам дар тазоҳуроти мардумии майдони Шаҳидон ширкат мекарданд ва гоҳе як ҳафта онҷо мемонданд. Худам ҳам, ба хотир дорам, ҳарчанд хурд будам, се рӯз дар майдони Шаҳидон истода будам. Бо оғози ҳаракати озодихоҳӣ дар Душанбе ва оғози майдоннишиниҳо, мардуми Себистон ҳам мисли ҳама ҷои Тоҷикистон ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд: тарафдорони истиқлолият ва тарафдорони боқимонии низоми шӯравӣ, ки имрӯз тарафдорони низоми шӯравӣ соҳибони истиқлолият шудаанду, онҳое, ки барои истиқлолият мубориза бурданд, душману хоин. Аввалин шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ ҳам чор ҷавонӣ себистонӣ буданд, ки дар наздикии ҳамин Себистон кушта шуданд.
Вақте ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, падар ва чаҳор бародари ман ба Душанбеву Кофарниҳон (Ваҳдат) маҷбурӣ ҳиҷрат кардаву се нафари дигарашон ба муҷоҳидин пайваста буданд. Дар хона аз мардҳо мани даҳсола ва як бародари чаҳордаҳсолаам бо модар монда будем. Он замон мисли ҳамин сиёсати имрӯзае, ки ин режим пеш гирифтааст, мардумро ҷамъ карда назди хонаи мухолифин мебурданд ва онҷо “тазоҳурот” намуда хонаводаи онҳоро маҷбур ба кӯч бастан мекарданд. Гурӯҳи 100-200 нафараи “ихтиёриён” ба хонаҳои мухолифин зада медаромаданд ва кӯчи онҳоро зӯран ба мошини боркаше бор карда онҳоро ба Душанбе бадарға мекарданд. Дар ин бадарғакуниҳо кӯчи ду бародар ва ҳудуди 20 нафар хешовандони моро ҳам бор кардаву бадарға сохта буданд.
Пас аз чанд вақти ҳиҷрат падарам ҳамроҳи яке аз бародаронам ба Себистон баргашт. Ҷонибдорони Фронти халқӣ аз ин огоҳ шуда, мардумро назди хонаи мо ҷамъ карданду бо шиорпартоӣ аз падарам талаб намуданд, ки аз деҳа хориҷ шавад. Аммо бо назардошти обрӯву ҳайсияти ӯ ноком монданду пароканда шуданд.
Вазъ рӯз ба рӯз бадтар мешуд ва билохира ҷанги шаҳрвандӣ ҳам оғоз шуд. Дар тамоми вилояти Хатлон боздошт ва қатли тарафдорони мухолифин оғоз шуд. 9-ум ё 10-уми ноябри соли 1992 буд, ки шабона ду узви силоҳбадасти Фронти халқӣ, аз сокинони Себистон буданд ба хонаи мо барои дастгир кардани падар ва бародарам омаданд. Вале падару бародарам пинҳонӣ аз хона хориҷ шуданд ва онҳо ба хона ворид шуда, хеле ҷустуҷӯ намуданд. Қуръонҳое, ки дар хона буд ба замин партофтанд. Як нафараш кордро ба гулӯи мани 10-сола монд ва дигараш мили силоҳашро ба сарам рост кард ва ба модарам таҳдид кард, ки агар шавҳару писаратро наорӣ ин кӯдакро мекушем. Модарам хеле гиряву зорӣ крад, ки намедонад падару бародарам куҷо рафтаанд ва аз онҳо мехост маро озод кунанд. Байни пахши ангуштонашу марги ман ва раҳоиям ҳамагӣ чанд сония монда буд. Билохира модарам мушарраф шуд бо гиряву зорӣ он якеро қонеъ созад, ки силоҳашро аз сари ман бардорад. Аммо дигараш дар ҳоле, ки корди бузургеро ба гулӯям монда буд маро кашида ба ҳавлӣ баровард ва мехост ҳамроҳаш барад. Ман бо гиряву зорӣ хоҳиш мекардам, ки раҳоям кунад, аммо гӯш намедод. Билохира худамро аз дасташ раҳо карда ба хона гурехтам. Хушбахтона онҳо барнагаштанд.
Субҳи фардояш огоҳ шудем, ки ҳамон шаб писарамакам Атоуллоев Ширин ва писарамаки дигарам, ки писарамаки модарам ҳам мешавад, Мирзоев Шерхонро ба қатл расонидаву барои куштани падару бародарам ба хонаи мо омада будаанд. Ин ҳолат давом кардан гирифт ва ҳар рӯз ба хонаи мо меомаданду таҳдид мекарданд. Ҳама, ҳатто баъзе аз хешу таборонамон аз мо мегурехтанд ва ба хонаҳояшон роҳ намедоданд. Дар хона модари танҳо, ману бародари 14 солаам ва додари чорсолаву ду хоҳари кӯчакам монда будем. Хеле рӯзҳои сахт буданд. Ҳар лаҳза меомаданду тарафи хона тир мекушоданд.
Даҳ рӯз пас, 19 ноябри соли 1992, онҳо падар ва бародарамро, ки дар хонаи яке аз хешовандонамон, дар ҳамон ҷамоъати Себистон пинҳон шуда буданд, нӯҳ нафар рафта, пайдо ва дастгир карданд. Ва дар шаби тор онҳоро ба мавзеъе, ки аз себистон тақрибан 7-8 километр дуртар аст бурда ва ба ҳар нафарашон шаш корд мезананд. Бародарам муқобилияти зиёд нишон медиҳад ва ӯро боз маротибаи зиёде корд мезананду ба шаҳодат мерасонанд. Ва онҳоро дар ҳамон дашт партофта, бармегарданд. Аммо падарам кушта нашуда буд ва субҳ афтону хезон худашро ба хонаи яке аз хешовандон ба деҳаи Шаршар мерасонад. Ҳамон субҳ аъзои Фронти халқӣ аз зинда мондани ӯ огоҳ мешаванду падари маҷрӯҳамро ба пойгоҳашон, ки дар Себистон таъсис шуда буд оварда, ҳукми қатлашро содир мекунанд ва ҳамонҷо мепарронанд.
Хеле хуб ба хотир дорам, ки тақрибан нисфирӯзӣ буд ва ман бо бародару хоҳаронам дар ҳавлӣ бозӣ мекардам. Як трактор омаду назди хонаи мо қарор кард ва мо давидем то бинем, ки трактор чӣ овардааст.
Вақте ду нафар болои трактор баромаданду чизеро поён партофтанд, дидем, ки мурдаи падарам буд.
Давом дорад