Дар 362-юм километри роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар наздикии деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари резиши санг, субҳи имрӯз ҳаракати нақлиёт баста шуд. Айни ҳол аз ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон то ноҳияи Дарвози ВМКБ ҳаракати нақлиёт боз дошта шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои техникии хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, бахши хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд.
Бино ба манбаъ, айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, ҳамчунин ағбаи Қизил-Арт душвор шудааст.
Шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 52, 57, 59, 61 ва 72-юми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳамин ҳол, роҳи пайвасткунандаи марказ бо вилояти Суғд шабонарӯзи дуюм аст, ки барои ҳаракати нақлиёт баста аст.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, то 16-уми феврал дар аксари роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фаҷқулодаи Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар ин гуна рӯзҳои хатарзову пурбориш аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд. Рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо, шикору омода кардани ҳезум ва ғайраро то фаро расидани фурсати муносиб мавқуф гузоранд.
Ҳамчунин тибқи иттилоъи Азия Плюс, дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ронандаи 63-солаи мошини боркунанда (автопогрузчик) Туғён Умаров зери тарма монда, ҳалок шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 13 феврал дар километри 65-ум, 8 километр поёнтар аз нақби “Итсиқлол” рух дода, техникаи роҳнигоҳдории таҳти идораи фавтида, зери тарма мемонад.
Ҷасади ӯро аз зери тарма берун оварда, ба ихтиёри пайвандону наздиконаш ба деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб фиристодаанд. .