Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе гӯё бо хоҳиши раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода, аз имомхатибони масоҷиди панҷвақтаю ҷомеи пойтахт талба кардааст, дар масоҷид дурбинҳои назоратию дастгоҳҳои кашфи металҳоро насб намуда, тариқи “он-лайн” бо масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб пайваст кунанд.
Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе ва бахш шаҳрии Кумитаи амният вазифадор карда шудаанд, ки ба ин кор мусоидат намоянд.
Аз тарафи ҳукумат ҷонишини Убайдуллоев Ҷамила Лангариева масъули иҷрои ин қарор таъин шудааст.
Ҳарчанд то имрӯз ҳеҷ ҷинояте дар масоҷиди кишвар содир нашудааст, мақомот бо ин иқдомҳояшон мехоҳанд масҷидҳоро макони ҷинояткорону содиршавии ҷиноят муаррифӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол мавзеъҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо — дискоклубҳову клубҳои шабона бидуни назорат фаъолият мекунанд.