Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Панҷ узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Афғонистон дастгир шуданд

$
0
0

Дар вилояти Бадахшони Афғонистон панҷ узви Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) дастгир шудаанд. Дар ин бора хабаргузориҳои ин кишвар иттилоъ медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки дар байни ин панҷ нафар як шаҳрванди Қазоқистон ҳам будааст. Ин афрод қасд доштаанд, ки дар шаҳру навоҳии Бадахшон амалиёт анҷом бидиҳанд. Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтаанд, ки онҳо аз вилояти Вазиристони Покистон, ки дар шимоли ин кишвар воқеъ аст, вориди Афғонистон шудаанд ва барои анҷоми амалиёти интиҳорӣ ба Бадахшон роҳ гирифтаанд.

Панҷ нафари боздоштгардида узви яке аз созмонҳои ифротӣ, ки раҳбараш Қорӣ Умар будааст, хонда мешавад ва ин шабака ба ҲИУ пайваст мебошад. Мақомоти амниятӣ гуфтаанд, ки табааи Қазоқистон, ки дар Бадахшон боздошт гардидааст, Нуриддин Ниёз ном дорад ва аз пайравони фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон аст. Чаҳор нафари дигар Иззатуллоҳ Алӣ аз вилояти Қундуз, Ширмуҳаммад Афзал ва Азизҳомид Аҳмад бошандагони вулусволии Имомсоҳиб ва Ҳидоятуллоҳ Бозмуҳаммад сокини вилояти Бадахшон мебошанд, ки ба дасти мақомоти амниятии Афғонистон афтодаанд. Таъкид мегардад, ки боздоштгардидагон тибқи қонунҳои ҷории Афғонистон муҷозот хоҳанд шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>