Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Оҷил! Муҳаммадалӣ Ҳаит бо дасту пои шикаста дар СИЗО нигаҳдорӣ мешавад (Видео)

$
0
0

Дақоиқе пеш аз як манбаъи мӯътамад иттило расид, ки Муҳаммадалӣ Ҳаит, ҷонишини раиси ҲНИТ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Ин манбаъ гуфт, даст ва пои Ҳаит шикаста шудааст ва ӯ дар як ҳуҷраи торики боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия танҳо нигоҳ дошта мешавад.

Ба ӯ ягон ёрии тиббӣ расонида намешавад ва бинобар шикастагии дасту пой ҳаракат кардан барояш хеле мушкил будааст. Сабаби ин амали ноҷавонмардонаро манбаъ чунин шарҳ дод, ки Муҳаммадалӣ Ҳаит талаб кардааст вакили дифоъ ва хонаводаашро ба наздаш роҳ диҳанд то ӯ бо онҳо мувофиқи қонун вохӯрӣ анҷом диҳад. Ин талабҳояш рад мешавад ва ӯ хоҳиш мекунад ҳадди ақал қаламу қоғаз биёваранд то шикоят кунад. Аз ин талабу шикояташ ба ғазаб омада то шикастани дасту пояш ӯро латукӯб мекунанд ва ба ҳуҷраи торики якнафара мепартоянд.

Ҳайати Паём.нет аз тамоми онҳое, ки тақдири инсон, шараф ва номуси шаҳрвандӣ барояшон арзиш дорад, бо эҳтиром хоҳиш менамояд дар паҳн шудани ин хабар ва расиданаш ба гӯши ҷаҳониён ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқӣ инсон саҳим бошанд.

Тафсири бештар ба зудӣ нашр хоҳад шуд.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>