Ба як гурезаи тоҷик, ки ҳанӯз соли 1992 гуреза шуда буду то ҳол мавқеъи паноҳандагиро ба даст наовардааст, хатари истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Ӯ дар Афғонистон қарор дорад ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон таъқиб мешавад.
Ӯ Амирҳамза Ҳалимов аст, ки аз дасти Фронти халқӣ фирор карда буд ва баъди Созишномаи сулҳ ҳам нахост ба Тоҷикистон баргардад. Мегӯяд то замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат аст, ба Тоҷикистон баргашта наметавонад.
Ҳалимов навиштааст “Имрӯз як нафар амниятӣ ва як нафар ҷиноӣ аз ҳавзаи ноҳияи аввал ки мо дар ҳамон ноҳияи аввали Кобул зиндаги мекунем омада буд. Баъд аз рафтани онҳо боз ҳамон нафар ба ман заг зад ва гуфт: Омадани мо кенсал шуд. Мо рузи душанбе соати 13:30 меоем”.
Фишори ҷониби Тоҷикистон ба тахмини ӯ аз ҷониби хонаводаи ҳамсараш аст: “Аз ноҳия ки омада буданд, ба ман гуфтанд бо занат кадом мушкил надоред? Ман гуфтам не ҳеҷ мушкиле надорам. Фикр мекунам ба хонаи хонумам фишор оварда бошан ва онҳо гуфта бошанд ки духтари мо бо шаваҳараш мушкил дорад, чун ду писари ман дар Тоҷикистон гаравгон аст. Ман бисёр кушиш кардам биёрамшон амма иҷоза намедиҳанд”.
“Амнияти афғонӣ дар таъқиби мо ҳаст. Ҳамеша таҳдидам мекунад. Ба ҳеҷ вазорат ва дафтаре рафтан ҳақ надоред.. Хулоса то рӯзи душанбе вақт доданд. Ман намедонам чи барнома дорад” навиштааст ин гурезаи тоҷик.
Ин ҳам шарҳи ҳоли ӯ бо қалами худаш:
Хонумам баъд аз паймони сулҳ (манзур имзои созишномаи сулҳи тоҷикон) ба Тоҷикистон рафта буд. Ду бача ҳамроҳи ман буд. Бачоҳоро мақомоти тоҷик терорист гуфта хонунмамро озор медиҳанд. Баъд ба баҳонаи боздид аз духтарам ба Афғонистон меояд ки феълан дар Пешовари Покистон аст. Дигар намеравад ва аз ООН дархости паноҳандаги мекунанд. Қазияи тафтиш аз тарафи амниятиҳоро ба ООН гуфт. Муддати 3 сол мешавад ООН то ба ҳал чизе ҷавоб надодааст.
Амирҳамза Ҳалимов паноҳандаи сиёсӣ аз Тоҷикистон мухолифи сарсахти беъадолатиҳо дар Тоҷикистон аст, муддати 27 сол мешавад дар ғурбат басар мебард. Дар ҳоле, ки аз замони хориҷ шуданаш аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар Кампи Сахии шаҳри Мазори Шариф ба ҳайси гурезаи тоҷик аз тарафи давлати Афғонистон шинохта шуда буд ва таҳти пушиши ООН ҳамроҳи оилааш зиндаги мекард.
Бинобар ҳолати сиёсии бавуҷудомада дар Афғонистон баъди Созишномаи Сулҳи тоҷикон ва баргашти муҳоҷирин ба Тоҷикистон ва ҳолати сиёсии ҷанг байни гуруҳи афғонҳо (Толибон ва Дустум) Амирҳамза Ҳалимов аз Кампи Сахи дубора бо ҳамроҳии афғонҳо ба Пешовари Покистон муҳоҷир шуд.
Ӯ дар ҷараёни паноҳандагиаш натанҳо худ бесанад ва бе ҳувият шуд, балке фарзандони ӯ ки шомили қазияи паноҳоандагиаш мебошанд низ беҳувият ва бидуни ҳуҷҷат мебошанд.
Ӯ соҳиби шаш фарзанд мебошад, ки як духтараш дар Тоҷикистон тавалуд шудааст. Ду писар дар Кампи Сахии шаҳри Мазори Шариф ва як писари дигар, ки фелан дар Русия мебошад, дар Пешовари Покистон таваллуд шудааст. Ду писари дигараш баъд аз шикасти Толибон дар Афғонистон ва баркашташ ба Мазори Шариф дар меҳмонхонаи раёсати муҳоҷири валояти балх тавалуд шудаанд.
Амирҳамза Ҳалимов барои таъйини сарнавишти худ ва атфолаш дар Афғонистон, дархости табаъияти афғониро намуд. Дар ҳоле,ки барои дархости табаъияти афғон мавриди тамасхур қарор мегирифт ва ба ӯ мегуфтанд:-афғонҳо худ аз Афғонстон гурезонанд ва шумо омадед дар Афғонстон тобеъият мегиред.
Дар шаҳри Мазори Шариф дар дафтари Раёсати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Амирҳамза Ҳалимов гуфта мешвад, «пеш аз ин ки табаъияти афғониро бигирӣ. бояд аз Тоҷикистон тарки табаъият кунед» ва як фурм барояш дода мешавад. Хулоса, фурмро хонапурӣ карда, тарки табаъият мекунад.
Ӯ аз соли 2005 то соли 2012 байни дафтарҳои давлати ва Созмонҳои ҳуқуии байналмилали ва ООН саргардон мешавад. Билохира бинобар мудохилаи Қунсулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шариф, мақоми вилоятӣ барояш мегӯяд, ки “бояд ту аз вилояти Балх хориҷ шавӣ. Мо наметавонем ба шумо табаъият бидиҳем. Бояд ба Кобул равед”.
Амирҳамза Ҳалимов, ки дар меҳмонхонаи Раёсати Муҳоҷирин зиндагӣ мекард тавассути он раёсат ба Кобул интиқол дода мешавад ва қазияи худро дар Вазорати адлияи Афғонистон пайгирӣ мекунад. Борҳо барои дархости табаъияти афғонии Ҳалимов дар мақари Вазорати адлияи Афғонистон комиссиюн доир мешавад. Хулоса баъд аз файсала ва ирсоли дархости ӯ ба раёсати Интерпол, Раёсати Ҷиноӣ, Раёсати Истихборот, Расати Тероризм, Раёсати Амнияти милӣ, ки солҳоро дар бар гирифт, ба ӯ табаъияти афғонӣ надоданд.
Сабабаш ҳам ин буда, ки Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон ду мактуб содир кард, ки ӯ дар сафар ба Тоҷикистон ҳеҷ мушкил надорад. Дар ҷавоб ӯ гуфта «То замоне, ки Э. Раҳмонов дар сари қудрат аст, ба Тоҷикистон баргашта наметавонам.» Баъд аз муддати замоне Раёсати умумии амниятӣ Миллӣ номае ба комисиюни касби тобеъияти афғони вазорати Адлия ирсол кард, ки: «Ҳалимов аз ҷумлаи бунёдгароён ва ифротиюнӣ исломии Тоҷикистон буда дар Тоҷикистон савобиқи ҷурмӣ дорад ва ба Тоҷикистон рафта наметавонад. Биноан мо низ аз дархости табаъияти афғониаш маъзарат мехоҳем”.
Амирҳамза Ҳалимов бо мушкилоти зиёд мактуби шумора 7794-и амниятро гирифта, аввал ба Раёсати Амният ва ба Расати Интерпол меравад, ки савобиқи ҷиноашро маълум кунанд. Баъд аз муроҷиъатҳои зиёди ӯ ба Раёсати Интерполи Афғонистон, Раёсати Интерполи Душанбе посух медиҳад, ки Амирҳамза Ҳалимов сабти дафтари аҳволи нуфуси Тоҷикистон намебошад ва фоқиди савобиқи ҷурми мебошад.
Боз ҳам ба ӯ тобеъият дода намешавад. Ҳаминтавр ӯ дар ҳолати бетобеъияти басар мебаранд, ки аз ин нигоҳ бисёр мушкил доранд.Ҳатто ба ду писари Ҳалимов -Муҳаммад ва Абдулло ҳам, ки ҳарду дар Афғонистон мутавалид шудаанд тобеъият дода нашудааст.
Феълан ду писари Амирҳамза Ҳалимов дар Тоҷикистонанд, ки тобеъияти Тоҷикистонро доранд ва як писараш дар Русия аст ки ӯ низ тобеъияти Тоҷикистонро дорад.
Фълан ӯ ва оилааш ки дар Кобул дар ҳолати беҳувияти басар мебаранд ва ниҳодҳои амниятии Афғонистон бинобар бе аснод буданашон ҳамеша эшонро мавриди озор ва азият қарор медиҳанд. Аз кишварҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ООН, ки муддати 27 сол мешавад қазияи паноҳандаги дорад, эҳтиромона дархост мекунад ки ӯ ва оилаашро паноҳандагии сиёсӣ дода, вазифаи башардустонаашонро нисбати ин оилаи ранҷдида адо намоянд.
Ҳоло наздик ба ду шабонарӯз аст, ки ин Амирҳамза Ҳалимов дар хат нест