Дар интихоботи президентии Украина, ҳаҷвнигор Владимир Зеленский бо гирифтани 30 дарсади овоз пештози сабқати даври якуми интихобот шуд.
Тибқи маълумот аз натиҷаи пешакии расонаишуда аз ҷониби Кумитаи раъйпурсӣ ва интихоботи Украина, бештари овозҳоро Владимир Зеленский соҳиб шуд. Ба ҷонибдории ӯ 30,7% аҳолӣ овоз додааст. Петр Порошенко, президенти феълии Украина бо гирифтани 18,6% овоз дар ҷои дуюм қарор дорад. Дар мақоми сеюм — Юлия Тимошенко ҷой гирифтааст. Ӯро 13,9% аҳолӣ дастгирӣ кардааст. Юрий Бойко бо 10,3% дар ҷои чорум, вазири пешини дифоъ Анатолий Гритсенко 7,3%» овозҳоро аз худ кардааст»,-омадааст дар хабарнома.
Чун ягон номзад нисфи овозро нагирифтааст, дар Украина даври дуюми интихобот доир хоҳад шуд.
Рӯзи якшанбе, 31 март дар Украина 39 номзад, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст, дар сабқати интихоботи президентӣ пешбарӣ шуда буданд
Президенти Украина ба муҳлати панҷ сол интихоб мешавад. Комиссияи Маркази интихобот бояд то 10 апрел натиҷаи интихоботро эълом кунад.