Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

25 солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон бо рақси “Пешвои миллат” ҷамъбаст гардид

$
0
0

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб шоми гузашта, 5 уми октябри соли равон  намоиши идонае баргузор гардид, ки гуфта мешавад, охирин таҷлил дар давоми як моҳи охир аз ҷашни Истиқлол буд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ ва маданӣ дар ин байн дар саросари кишвар идома доштанд ва дар шаҳри Кӯлоб он ба финали худ расида, расман ҷамъбаст гардидааст. Дар намоиши идонаи шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандону ҳамсараш ширкат доштанд, ки дар бари ӯ дар минбар меистоданд ва иди мардумро тамошо мекарданд

29840800910_d882caa8bc_z

Раисҷумҳур ҳангоми барномаи фарҳангии идона ба рақс омад ва дар суханрониаш бори дигар ба ҳодисоти ҷанги шаҳрвандӣ ишора кард ва таъкид намуд, ки имрӯз хеле шод аст, ки воқеоти солҳои 90 ум дар авроқи таърих мондаанд. Вай ба ташкилкунандагони ин ҷашн изҳори миннатдорӣ намуд ва баҳои баланд дод.
Ҳамчунин аз дафтари матбуоти президент хабар доданд, ки «бо ҳамин таҷлили ҷашни таърихии 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар саросари кишвар бо дастовардҳои беназир бо барпо кардани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ қайд карда шуд, ҷамъбаст гардид». Вале маълум нест, он “дастовардҳои беназир” кадоманд, чун ишорае нашудааст.

29840813870_ed7c087c4d_z

Ин тавр ҷашни 25 солагии Истиқлоли Тоҷикистон бо рақсу бозии “Пешвои миллат” ба поён расид ва шабакаҳои телевизион онро ба таври мустақим намоиш доданд.
Гуфта мешавад, ки замоне Ислом Каримов, президенти мутаваффои Узбакистон дар чунин чорабиниҳо мерақсид ва ҳунари худро сол аз сол сайқал медод. Рақси ӯро телевизионҳои кишвар такрор ба такрор намоиш медоданд. Акнун ин амал ба Эмомалӣ Раҳмон сироят кардааст. Акнун Ислом Каримов дар ҳаёт нест ва вафот кардааст, аммо чунин ба назар мерасад, ки рақси ӯро дар Осиёи Миёна ҳамтои тоҷики вай идома медиҳад.

30052125911_7844ee1f25_z


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>