Мақомоти Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ хостанд барои дарёфти кӯмак ба сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун кӯмак кунад.
Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, аҳамияти стратегии лоиҳаи гидроэнергетикии Роғун ва самарабахшии он барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаро таъкид кард.
Инчунин ӯ Бонки ҷаҳониро даъват кард, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорон барои татбиқи минбаъдаи лоиҳа мусоидат намояд, “чунки ин лоиҳа барои арзон шудани нерӯи барқ шароит фароҳам хоҳад овард”.
Дар рафти вохӯрии намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии Гоар Гулуман рафти иҷроиши лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, нақшаи маблағгузории лоиҳа, аҳамияти Евробонд дар иҷроиши ин лоиҳа, раванди татбиқи лоиҳаи CASA-1000, ислоҳоти энергетикӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ муҳокима шуданд.
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди корҳои зиёди анҷомдодашуда дар татбиқи лоиҳаи бузурги стратегӣ НБО “Роғун” изҳори назар карда, имкони мавҷуд будани ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин иншооти стратегӣ, эҳтимолияти дурнамои содироти қувваи барқ дар минтақа, таҷдиди сохтории ширкати “Барқи тоҷик” ва масъалаҳои муҳими иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Бояд гуфт, ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 барои ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун қариб ба 1 миллиард доллари амрикоӣ коғазҳои қимматбаҳо пешниҳод карда буданд. Дар марҳалаи аввал, дар бозорҳои ҷаҳонӣ ин қоғазҳо ба маблағи 500 миллион доллари амрикоӣ ба фурӯш монда шуд.
Ҳамин тариқ, аз оғози сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҳудуди 24 миллиард сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар худи соли 2018-ум 4.7 миллиард сомонӣ ва дар соли 2019 бошад қариб 4 миллиард сомонӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун пешбинӣ шудааст.
Гуфтанист, дар арафаи идҳои баҳорӣ дар чанд кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, водии Қаротегин ва дигар манотиқи кишвар қатъи интиқоли қувваи барқ ба қайд гирифта шуда буд. Ҳанӯз санаи 5 март манбаъи Паём хабар дода буд, ки дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун садама рух дода, чархаи навваслшуда аз кор мондааст.
Масъулин ба расонаҳо гуфта буданд, ки ҳамон рӯзи 5 март то соати 16 вақти маҳаллӣ мушкили ба миён омада бартараф хоҳад шуд. Аммо то ба имрӯз қатъи интиқоли барқ беш аз пеш меафзояд.