“Як ба як” дар бузургтарин майдон. Ду номзади раёсатҷумҳурии Украина дар “Олимпийский” баҳс мекунанд
Ду номзад ба раёсатҷумҳурии Укроин, ки ба даври дуввум роҳ ёфтанд, дар бузургтарин майдони варзишии ин кишвар — “Олимпийский” баҳс хоҳанд кард. Ин майдони қудрати ғунҷоиши 70 ҳазор нафарро дорад ва таҳлилгарони укроинӣ ҳам пешбинӣ мекунанд он пур хоҳад шуд.
Дирӯз Владимир Зеленский, ҳунарманди театру кино, ки бештар аз ҳама дар даври аввал раъй ба даст овардааст, аз Петр Порошенко, раисҷумҳури ин кишвар даъват кард барои баҳс ба майдони “Олимпийский” ҳозир шавад.
Ӯ дар як изҳороти виедоӣ гуфт “Ман ба Петр Порошенко муроҷиъат мекунам: Шумо маро ба баҳс даъват мекунед, шояд андешидаед, ки ман метарсам ва фирор мекунам. На, ман шумое, ки дар соли 2014 будед, нестам. Ман даъвати шуморо қабул мекунам. Вале шарти ман чунин аст: шуморо инҷо, дар майдони Олимпийский мунтазир мешавам. Баҳс дар назди мардуми Украина баргузор мегардад.”
Зеленский ҳамчунин талаб кард, ки бояд ҳамаи шабакаҳои телевизиоӣ бояд имкони пахши баҳсро дошта бошанд. Ӯ ба Порошенко барои посух 24 соат вақт дод.
Гуфтанист, соли 2014 Порошенко аз баҳси рӯбарӯ бо номзади дигар Юлия Тимошенко бо баҳонаи ин ки ин баҳс метавонад вазъи кишварро ноором кунад, худдорӣ карда буд.
Порошенко ҳам зиёд мунтазир накард ва чанд соат пас посух дод.
“Қоидаи баҳс дар қонун дар бораи интихоботи раисҷумҳур навишта шудааст, лутфан бихонед. Баҳс метавонад дар яке аз студияҳои телевизионҳои ҷамъиятӣ баргузор гардад ва дар шабакаҳои дигар барои даҳҳо миллион нафар пахш гардад. Аммо, майдон бошад, майдон. Ман шуморо мунтазирам, Владимир Александрович” — эълон кард Порошенко дар изҳороти видеоияш, ки шаби гузашта пахш шуд.
Интизор меравад ин яке аз пурбинандатарин баҳсҳо на танҳо дар Укроин, балки дар тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ хоҳад буд.