Раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо Илҳомҷон Ёқубов эълом кард, устоди донишгоҳеро, ки алайҳи ӯ тӯҳмату таҳқир нашр карда буд, бахшидааст. “Барои ман муҳим аст, ки рӯҳи омӯзгор Гулбеков ором хоб кунад, қабри у аз қабрҳои биҳишт бошад ва дар он вақт рӯҳи у ором хоб хоҳад кард, ки ман ва аъзои ҲНИТ ва ПМТ ӯро бибахшанд” — навиштааст ӯ.
Раҳбари АМОМ ва узви Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон гуфтааст бовар дорад ин навор бо хоҳиш ва талаби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд наворбардорӣ ва тайёр карда шудааст.
Матни навиштаи Илҳомҷон Ёқубов ба шакли зер аст:
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роқиъун! (Ҳамаи мо бандагони Худованд ҳастем ва бозгашти мо ба суи Ӯст!).
Омӯзгори ДДХ, номзади илмҳои таърих Ҷоруб Гулбеков ин дунёи бевафоро падруд гуфт.
Агарчанде ман ин марди омӯзгорро намешиносам ва боре ҳам вонахӯрдаам танҳо дар ҳамин навор, ки моҳе қабл нисбати ман, ҲНИТ ва ПМТ ҳарфхои беасос, тӯҳматҳои хушк, таҳқирҳои ноҷоро ва ҳатто дар дақиқаи охири ин навор барои ҳамаи мо маргро талаб мекунад, дидам. Хеле мехостам, ки (вақти) дар қайди ҳаёт буданаш бубинам.
Албатта ман бовар дорам, ки ин навор бо хоҳиш ва талаби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ( КДАМ) дар вилояти Суғд наворбардорӣ ва тайёр карда шудааст, вале афсӯс, ки боз ҳам баьзе аз омӯзгорон (даҳҳо навор-тӯҳматҳо аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳҳо ин мақомот тайёр карда, дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ пахш кардааст) ба фиребу найрангҳо ва бозиҳои нобихрадонаи КДАМ дода шуда, дурӯғ, тӯҳмат ва таҳқирро нисбати як ҳамватани худ мекунанд.
Мурдан ҳақ аст ва касе инро инкор хам намекунад.
Омӯзгорони мӯҳтарам, онҳое, ки зидди ман ва дигар мухолифону ҳаракатҳо навор-тӯҳматҳо кардед ва ӯ навиштед (ному насабатонро нахоҳам гирифт), тарсед аз он рӯзе,ки ба ин тӯҳматҳо , дурӯғҳо ва таҳқирҳо назди Парвардигор ҷавоб хоҳед гуфт, Шумо мехоҳед ё не, марг дар суроғи ҳама ҳаст ва дар суроғи шумо низ. Ва дар ҳолати марг ба шумо амниятиҳо кӯмак расонида наметавонанд ва бидонед, то он даме, ки шахси таҳқиршуда ва тӯҳматшуда Шуморо набахшад, бахшида нахоҳед шуд ва ба бадтарин азоб дар қабр хоҳед монд.
Чаро ман ин наворро инҷо гузоштам?
Шояд аз нигоҳи этикӣ хуб набошад ва пайвандону дӯстони муаллим нороҳат ҳам шаванд, аммо барои ман муҳим аст, ки рӯҳи омӯзгор Гулбеков ором хоб кунад, қабри ӯ аз қабрҳои биҳишт бошад ва дар он вақт рӯҳи ӯ ором хоб хоҳад кард, ки ман ва аъзои ҲНИТ ва ПМТ ӯро бибахшанд.
Ҷоруб Гулбекович!
Ман шаҳодат медихам, ки Шуморо бахшидам ва аз тамоми аъзои ҲНИТ ва ПМТ хоҳиш дорам, ки омӯзгор Гулбековро бубахшед, зеро ӯ ба ин ҳарфҳои дар навор гуфташуда маҷбур буд!