Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бузургмеҳр Ёров ба 23 соли зиндон маҳкум шуд

$
0
0

Додгоҳи шаҳри Душанбе вакили маъруфи дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

Ин ҳукми додгоҳ инчунин мусодираи пурраи амволиро дарбар мегирад. Ин ду вакил маҷбуранд, тибқи ҳукми додгоҳ, муддати муайяншударо дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ кунанд.

Қаблан Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ барои Ёров 25 ва барои Нуриддин Маҳкамов 2з соли зиндонро талаб карда буд.

Ёров ва Маҳкамов 10 рӯз мӯҳлат доранд, то агар хостанд аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаи болоии он шикоят баранд.

Баъди эътирозу нигарониҳои созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ин тахмин шакл гирифта буд, ки шояд вакилони боздоштшуда озод ё шартан ба ҳабс маҳкум шаванд, аммо ба назар мерасад режими Эмомалӣ Раҳмон дигар ҳеҷ созмонеро писанд намекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>