Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҷалолиддини Маҳмуд: даҳ дақиқа қабл аз озодшавиам дарак ёфтам

$
0
0

Ҷалолиддини Маҳмуд, собиқ мушовири масоили сиёсии раиси ҲНИТ пас аз озодияш аз зиндон бо Радиои озодӣ мусоҳиба анҷом дода гуфт,  ҳамагӣ даҳ дақиқа пеш аз озодияш дарак ёфтааст, ки ӯ озод мешавад.

Ӯ гуфта, ҳатто аз мавриди авф қарор гирифтанаш се соли пеш то ба ҳол хабар надоштааст. Мақомот гуфтаанд, ки се соли пеш мавриди авф қарор гирифта будӣ ва ҳамакнун муҳлати адои ҷазо ба охир расид.

Ӯ мегӯяд: «Мебоист панҷ сол дар зиндон менишастам. Бехабар будам, ки маро се сол пеш шомили қонуни афв кардаанд. Мақомоти зиндон дар ин бора ба ман чизе нагуфта буданд ва интизор ҳам набудам, ки ин шабу рӯз раҳо мешавам. Ҳамагӣ даҳ дақиқа пеш аз он ки озод шавам, маро огоҳ карданд. Ногаҳонӣ буд,»

Маҳмудов 9-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 2016, ҳангоми таҷлил аз 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, шомили афв шуда, даҳ моҳу шаш рӯз аз ҳукми зиндонаш кам шудааст.

Ҷалолиддин Маҳмудови 56-сола, собиқ узви раёсати олӣ ва мушовири раиси ҲНИТ, ки намояндаи ин ҳизби сиёсӣ  дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд, соли 2015, дар арафаи интихоботи порлумонӣ, дастгир ва бо ҷурми нигоҳдории силоҳ панҷ сол зиндонӣ шуд.

Ӯ рӯзи 4-уми апрели имсол озод гардид. Ба радиои озодӣ гуфтааст, чаҳор соле, ки дар зиндон гузаронд, то ҷое ба вазъи саломатиаш асар кардааст ва дар даҳ рӯзи оянда зери назорати пизишкон хоҳад буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>