Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Созмонҳои ҳуқуқи башар ва ИМА аз ҳукми Ёров ва Маҳкамов изҳори нигаронӣ карданд

$
0
0

Се созмони маъруфи ҳуқуқи башар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳукми ду вакили тоҷик Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро ноодолина хонда, аз мақомоти Тоҷикитсон дархост карданд вакилонро озод кунанд.

Human Rights Watch, Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ билофосила баъди судури ҳукми додгоҳ бо нашри як байнияи муштарак ҳукмҳои сангини содиршуда ба ин ду вакили дифоъро “зарба ба озодии баён ва мустақилияти кори ҳуқуқшиносон” унвон намуда, онро идомаи “саркӯби бемисли дигарандешон дар Тоҷикистон хонданд ва аз ҳукумати кишвар хостанд онҳоро бидуни қайду шарт озод намоянд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам зимни пахши як баёния, ки онро сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон нашр кардааст, ин ҳукми сангинро маҳкум кардааст. Дар баёнияи мақомоти ИМА омадааст: “Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда будем, ки мурофиаро ба шеваи одилона ва шаффоф ва мутобиқ бо ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аз рӯи Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ баргузор кунад. Набуди ҳимояти зарурии ҳуқуқӣ дар нисбати Ёров, Маҳкамов ва дигар садоҳои мустақил, рушди демократии Тоҷикистонро халалдор мекунад. ИМА аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, ки шароити кори бидуни таҳдид ва азият, аз ҷумла, боздошту муҷозоти вакилони дифоъро таъмин кунанд”. Вакили дифоъи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов — Муаззама Қодирова низ ин ҳукмро сангин унвон намуд, гуфтааст аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурдааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>