Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Фонди рушди Пойтахт. “Каппаи соҳибкорон дуд гирифт”

$
0
0

Тибқи иттилоъи Раёсати иттилоъот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бо  қарори Рустами Эмомалӣ «Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъсис  дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси он, ба гуфтаи манбаъ, “рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе мебошад”.    

Яке аз манобеъи даромади ин фонд, тибқи иттилоъи Азия Плюс бо такя ба манбаъаш, пардохтҳо аз иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт мебошад. Дар худи иттилоъияи дафтари матбуотии шаҳрдорӣ манобеъи даромади фонди навтаъсиси зикр нашудааст.

Як соҳибкори тоҷик, ки қаблан ба Паём иттилоъ дода буд барои гузаронидани ҷашни Наврӯз шаҳрдори Душанбе фармон додааст аз ширкатҳои бузург 120 000 сомонигӣ ҷамъоварӣ шавад, хабари таъсиси фондро бо таъассуф қабул кард. Ба суоли Паём, ки манобеъи даромади фонд ба фикри ӯ аз куҷо хоҳад буд, соҳибкор гуфт “каппаи соҳибкорон дуд гирифт”.

Ӯ мӯътақид аст, ки ба зудӣ тамоми соҳибкорони Душанбе муваззаф хоҳанд шуд маблағи муайянеро моҳона ё ҳар семоҳа ба фонди Рустами Эмомалӣ гузаронанд. “Ҳеҷ ҷашну маъракае нест, ки раиси шаҳр аз мо маблағ талаб накунад. Зоҳиран ин фонд барои он таъсис шудааст, ки ҳамаро муваззаф кунанд пардохти доимӣ дошта бошанд, то дар ҳар ҷашну ид ба суроғи соҳибкорон нараванд” — изҳор кард ӯ.

Қаблан ҳам на борҳо на танҳо соҳибкорони пойтахт, балки хоҷагиҳои деҳқони дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ муваззаф шуда буданд барои иқдомҳои Рустами эмомалӣ маблағ ҷамъоварӣ кунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>