Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Рейди зидди ҳиҷоб дар Душанбе ва вокунишҳои тунд

$
0
0

Субҳи имрӯз, 19-уми апрели 2019, соатҳои 9 дар Беморхонаи Мансуров рейде зидди занони ҳиҷобпуш гузаронда шуд.
Дар ин бора журналисти тоҷик Азиз Каримов дар сафҳаи фейсбукии худ навишт.
Ӯ афзуд: “Ба дармонгоҳу беморхонаҳо супориш шудааст, ки занҳои руймолдорро қабул накунанд. Дар акси ҳол духтурро аз кор мерондаанд.”
Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаҳон бо маҳдудияткуниҳои шадидаш нисбати диндорон машҳур буда, ҳамеша мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар қарор мегирад.
Вокуниши корбарони фейсбук ба ин хабар хеле тунд буд.
Зафар Каримӣ бо ишора ба рух додани ин рейд дар беморхона чунин навишт: “Сазовори номи ворисони Сино нестанд… Дирӯз дар шабакаи ВВС дар бораи Сино барномаи хубе буд, ки боиси ифтихору ситоиш буд ва донишмандони урупоӣ дар борааш суханҳое хуб гуфтанд.”
Абдуманнон Шералиев низ дар вокуниш ба ин хабар гуфт: “Ин чӣ корест, ки бо мардуми бечора мекунед?! Агар қудрат тасодуфан ба дасти шумо расидааст, худро Худо пиндоштаед? Фикр мекунед қудрату мансабатон абадист? Фикр мекунед мардум то абад шуморо тоқат хоҳад кард? Бемори сатрпӯш ҳаққи вуруд ба беморхонаро надорад?! Ҳар табибе ҳам, ки ин фармонро итоат мекунад, хиёнат ба касбаш ва ба мардумаш кардааст!”
Ӯ хитоб ба мақомдорон афзуд: “Ба кисаи мардум дастдарозӣ карданатон як тараф, ба номусаш ҳам ҳар рӯз даст мезанед. Дастатон шикаста бод! Мунтазири ғазаби Худову мардум бошед! Ба зудӣ хоҳад расид!”
Амир Қаюмов низ дар зери ин хабар чунин изҳор дошт: “Миллате, ки аз руймоли модару хоҳараш дифоъ карда наметавонад, магар метавонад аз ватан ва марзу бумаш дифоъ кунад? Худо ба мо раҳм карда ва ҳамин ватанро насибамон кардааст, набошад бо чунин беғайратӣ мо метавонистем ғуломони хубе бошем ва шукронаи арбоб гуён мегаштем. Ба мардуми бенанг Ватан ҳайф аст. Метарсам, ки бо чунин беғайрат кардани мардум мо рӯзе аз ҳама чиз халос шавем.”
Салмон Султан хитоб ба як корбари дигар оиди хабар доштани раисҷумҳур аз ин рейдҳо гуфт: “Шумо дар ҳақиқат бовари доред, ки раисҷумҳур аз ин корҳо бехабар аст ё худро ба нодонӣ мезанед?”
Фатҳиддин Усмонзода дар ин маврид изҳор дошт: “Бовар кунед хеле беғайрату беномус шудаем. Воқеан, шармамон бод ва маргамон беҳтараст аз дидани ин рӯзҳо ва ин ҳодисаҳо, ки ҳама тамошобину дасткутоҳ ҳастем ва дар баробари номусу ғарайтамон коре карда натавонем.”
Як корбари дигар ба номи Мустафо Берҷандӣ чунин вокуниш кард: “Лаънати худо бар ин аблаҳоне ки ба бечора зане ки ё бемор аст ва ё соҳиби бемор ки ба беморхона меравад дарафтоданд. Ҳолати равонии он зани бечораро акнун тасаввур кунед!”


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles