Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

КАШМАКАШИҲОИ ЗАНУШАВҲАРӢ ВА РОҲИ ҲАЛЛИ ОН

$
0
0


Пеша намудани тарзи ҳаёти солим муҷиби пешравии ҷомеъа ва пайдоиши насли солиму озода ва пурбаракат мебошад. Хонадони ду ҷуфт гоҳе чун боғҳои Биҳишт орому роҳатовар аст ва гоҳе мешавад, ки ба Ҷаҳаннаме табдил меёбад. Ҳамагон мехоҳанд аз он халосӣ ёбанд ва ҳатто атрофиён аз алангааш месӯзанду зарар мебинанд.

Пеш аз он, ки сабабҳои низоъи оилавӣ ва роҳҳои ҳалли онро баён кунем, бояд зикр кард, ки дар рӯи замин оилае вуҷуд надорад, ки аз баъзе мушкилиҳову нофаҳмиҳо холӣ бошад.

Бояд ҷавонон бидонанд, ки ҳаёти оилавӣ мисли филмҳои ҳиндӣ нест, ки ба ҷуз шодиву тараб чизи дигаре дар он вуҷуд надошта бошад. Дар ҳаёти якҷоягӣ ҳатман  инсон дучори мушкиливу нофаҳмиҳо мегардад. Худи ҳамин мушкилиҳо сабаб мешаванд, то ҳамдигарро хубтар шиносем ва ба ҳамлаҳои ҳамдигар омода бошему роҳи ҳаллашро пайдо кунем.

Дар ҳама оилаҳо кашмакашиву низоъ вуҷуд дорад. Ҳатто дар оилаи Расулаллоҳ, ки беҳтарин бандаи Аллоҳ дар замин ҳастанд, баъзе низоъҳо вуҷуд дошт.

Рӯзе ҳазрати Абубакр ба хонаи Расулаллоҳ омаданд. Пеш аз дохили хона шудан садои баланди уммулмуъминин Оишаро шуниданд, ки бо Паёмбар даъво доштанд. Сипас Абубакр иҷозат пурсиданд, то дохили хона шаванд ва Паёмбар ба Абубакр иҷозат доданд. Вақте дохили хона шуданд, Абубакр бо чеҳраи ғазаболуд дасташонро баланд карданд, то Оишаро барои ин рафторашон бизананд. Вақте Абубакр дасташонро боло карданд, Паёмбар дар ҳол бо ҷисми  мубораки худ Оишаро пинҳон карданд, то ҳамсарашонро ҳимоят намоянд. Пас аз ин Абубакр бо ғазаби шадид аз хонаи Паёмбар берун шуданд. Расулаллоҳ ба ҳазрати Оиша гуфтанд: Дидӣ чӣ тавр туро аз зарбаи як мард наҷотат додам? Сипас Оиша бо Паёмбар оштӣ карданду дигар ба тафовуқ расиданд.

Пас аз чанд рӯз Абубакр дубора ба хонаи духтарашон омаданд ва дар дами дар истода гуфтанд: Шумо ду нафар чанд рӯз пеш дар ҳоле, ки ҷанг доштед, маро ба хонаатон роҳ додед, имрӯз, ки бо ҳам сулҳу оштӣ кардаед ба ман иҷозаи ворид шуданро медиҳед? Паёмбар гуфтанд оре, оре иҷозат медиҳем.( Муснади Аҳмад ва Абу Довуд).

Ин нишондиҳандаи он аст, ки низоъҳои оилавӣ ҳамеша ҳасту буд, аммо бояд роҳи чораашро ёбем.

Биёед бо ҳам як ба як сабабҳои ин низоъҳо ва роҳи ҳалли онҳоро гуфта мегузарем.

БАДАХЛОҚИИ ТАБИӢ

Ахлоқи ҳамида неъмати бузургест, ки инсон зебу зиннат медиҳад, аммо, мутаассифона, на ҳама аз ин неъмат бархурдоранд.

Гоҳе мешавад, ки пас аз арӯсӣ инсон дар симои ҳамсари ҳаётии худ шахсеро мебинад, ки ҳатто тасаввурашро намекард.

Зан мушоҳида мекунад, ки шавҳараш хеле бадҷаҳлу асабӣ ва бадзабону ҳақоратгӯй ва дорои хислатҳои бади дигар аст.

Инчунин шавҳар мебинад, ки ҳамсараш табиатан зани ҷангҷоливу серхашхаша ва ё зани бепарвое аст, ки ба асоситарин мавзӯъҳои оилавӣ ҷиддӣ муносибат намекунад. Табиатан хислатҳои баде дорад, ки ҳатман бояд ислоҳ гардад. Вагарна, ҳаёти талхе дар пеш аст.

Дар ин ҳолат шахси бадахлоқ, хоҳ зан бошад, хоҳ шавҳар, бояд бо бадахлоқии худ мубориза барад, то аз ин хислати разила наҷот ёбад. Ба ресмони шариъат чанг бизанад ва ахлоқи Паёмбарро улгуи худ қарор диҳад. Фаромӯш насозад, ки инсони бадахлоқ, на дар назди Аллоҳ, на дар назди мардум қадру қиммате надорад, агарчӣ соҳиби илму маърифат бошад ҳам.

Аллоҳ мегӯяд:

و الكاظمين الغيظ و العافين عن الناس و الله يحب المحسنين

Мӯъминони тақводор шахсоне ҳастанд, ки дар ҳолатҳои асабоният худро ба даст мегиранд, ғазабҳои худро фурӯ мебаранд ва хатогиҳои дигаронро мебахшанд. Албата ин гуна шахсон аз накӯкоронанд. (сураи Оли Имрон 134)

Шахсе,ки бо ин гуна нафари бадахлоқ зиндагӣ дорад,  бояд табиати ҳамсари худро

хушрӯ биомӯзад ва мутобиқи ахлоқи ҳамсар муносибат кунад.

Агар шавҳар бадқаҳр аст, зан кӯшиш кунад, дарҳои ғазаби ӯро боз накунад. Мисли як равоншинос роҳи халосӣ аз оташи ин “ҷаҳаннам”- ро ёбад. Гоҳе фақат сабру сукути зан ғазаби шавҳарро хомӯш мекунад. Гоҳе як лабханд ва ё як ҷумлаи таъсирбахш асабро ором мекунад.

Зинҳор, дар вақти ғазаби шавҳар забондарозӣ карда, хашми ӯро дучанд наафзоӣ! Хоҳарам шавҳаратро ту аз дигарон беҳтар медонӣ, кушиш кун роҳи чораро худат бо кумаки Парвардигорат биёбӣ. Дар чунин ҳолатҳо ба касе, ки аз илму маърифат хабаре надорад, шикоят мабар. Хусусан ба хешовандонат, зеро авзоъро аз будаш бадтар месозанд. Аз нафаре насиҳат бигир, ки аҳволи туро бо чашми хирад меомӯзад ва роҳи чораро бароят пайдо мекунад.

Агар кутоҳӣ дар зан аст, шавҳар бояд тибқи ҳадиси Расулаллоҳ амал кунад. Паёмбар мегӯянд:

استوصوا بالنساء خيرا فانهن خلقن من ضلع و ان اعوج شيء في الضلع اعلاها فان ذهبت تقميمه كسرته و ان تركته لم يزل اعوج فاستوصوا بالنساء خيرا

Маънои ҳадис чунин аст:

Шуморо васият мекунам бо занҳо муносибати хуб дошта бошед, ҳар хатогиҳои кӯчаки онҳоро ба назар нагиред, аз камбудиҳояшон чашм пӯшед. Бидонед, чун занҳо аз қабурға офарида шудаанд. Хоҳу нохоҳ аз онҳо камбудиҳо сар мезанад ва каҷтарин макони қабурға сараш аст, яъне аксари хатогии зан низ аз забонаш содир мешавад. Агар занро тамоми хатогиҳояшро ислоҳ карданӣ шудӣ, мешиканад ва шикастани ӯ яъне талоқ додан аст. Агар ба ҳолаш гузорӣ каҷ рафтан мегирад. Бо онҳо ба табиати офаридаашон нигоҳ карда муомила кунед. Боз васиятатон мекунам, ба онҳо накӯи кунед. (Бухори ва Муслим)

Ислоҳ кардани зани бадахлоқ зарурист, аммо марди оқил метавонад, ба табиати ҳамсараш нигоҳ карда роҳи ҳалро биёбад.

Яке аз дӯстон ҳикоят мекард. Мегӯяд, ман аз хурдӣ духтари якраву худхоҳ будам, асло сухани касеро қабул намекардам. Пас аз шавҳар кардан, аввалин талаби шавҳарам аз ман ин пушидани ҳиҷоб буд ва ман ин амрро ҷиддӣ нагирифтам, гумон кардам аз шаби аввал мехоҳад маро зери қудрати худ қарор диҳад. Ба ин бовар ҷавоби ман низ на ҳаргиз ҳиҷоб нахоҳам гирифт буд. Чанд муддат бо шавҳарам рӯи ин масъала ҷангу ҷидол доштем, ҳамеша ҷавоби ман манфӣ буд. На ба зарбу шатта, на ба зуриву дашном, асло фармонашро қабул накардам. Рӯзе шавҳарам ба наздам нишаст, гумон кардам, чун ҳамеша алон даъворо шурӯъ мекунад, аммо ин сафар авзоъ дигар буд. Ӯ мисли кудаки аз модар ҷудошуда бо тамоми хорӣ мегирист. Ман якбора ҳолати ӯро дида, ба даҳшат афтодам. Ҷавоне, ки то имрӯз он қадр ғазаби шоҳаншоҳӣ дошт, чаро ин қадр ба хорӣ афтодааст, ҳатто сабаби гиряро напурсида ҳамроҳаш гиря кардам. Бо овози гиряолуд пурсидам чаро ин қадр гиря доред: Обҳои чашмонашро пок карду гуфт, медонӣ хеле марди шармандаву разил ҳастам. Шабҳо намоз мехонам, рӯзҳо талаби илм мекунам, аммо наздиктарин шахсам ҳамсарамро наметавонам аз гуноҳи кабира боз дорам. Наметавонам қонеъ кунам, то сатри исломӣ, ки барояш фарз аст, бипӯшад ва худро аз оташи Ҷаҳаннам наҷот диҳад. Ман хеле бадбахт ҳастам.

Бовар кунед, пас аз ин гуфтаҳояш ҳамон лаҳза сатрамро пӯшидам, барояш гуфтам, тамоми умрам фидои гиряҳоят чаро пештар нагуфтӣ, ки ҳиҷоби ман он қадр бароят муҳим аст. Агар ин тавр бароям мефаҳмондӣ, ин ҳама вақт туро намеранҷондам.

Инҷо мард низ бубинад занро аз кадом роҳ бо чӣ чиз метавонад ислоҳ кунад.

ДАХОЛАТИ АТРОФИЁН БА ҲАЁТИ ШАХСИИ ЗАНУ ШАВҲАР

Хешу табор ҳамсояву дӯстон барои мову шумо  ҷойгоҳи хоси худро доранд. Набудани ин азизон ҳаётамонро тангу торик месозад, аммо мутаассифона, гоҳе мешавад, ки дардноктарин зарбаҳои ҳаётро ҳамин наздикон мезананд.

Модари домод мехоҳад арӯсаш аз қадри тавон болотар ба писараш ҳамсари меҳрабон бошад, Модари арӯс мехоҳад домодаш болотар аз қудрати худ ба духтараш хароҷот кунад. Наздикон ба домод чизе мегӯянд, ки якбора назари шавҳар ба занаш дигар мешавад.  Хешовандони арӯс чизе мегӯянд, ки якбора арӯс ба ношукрӣ оғоз мекунад. Ҳар нафар назари худро доранд. Дахолатҳои бемаврид ва бозарар хусусан дар деҳот хеле зиёд аст. Аз ҳама бадтар агар ба сабаби айби яке наздикон ва ё сухани яке хешовандон тамоми хонаро ба ҷанг кашонему як оилаи орому саъидро вайрону валангор созем.

Дар ин ҳолат чора чист?

Бояд зану шавҳар аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт бо ҳам машварат кунанд, ки дар ҳаёти якҷоягӣ ба касе иҷозат нахоҳанд дод, то ба ҳаёти шахсияшон дахолат кунад. Ҳарду ба якдигар эътимоду боварӣ доранд ва касе ҳақ надорад байни инҳо тафриқа андозад. Сухани касеро нисбати ҳамдигар ҷиддӣ намегиранд ва ҳар тавре, ки шуд, аввал аз забони ҳамдигар бояд бишнаванд. Зиндагии шахсии онҳо ҳудуд дорад ва ҳатто наздиктарин шахсон ҳаққи ворид шудан ба ин ҳудудро надоранд, то муносибатҳои онҳоро вайрон кунанд.

Аммо нисбати камбудии наздикон дар мо қоидаи базург аст, ки Аллоҳ мегӯяд:

و لا تزر وازرة وزر اخرى

Ҳеҷ кас гуноҳи касеро ба душ намегирад, ҳар нафар ба кардааш худаш ҷавобгӯ аст. (сураи Фотир ояти 18)

Барои сухани касе ва ё кирдори бади касе ҳамдигарро наозоред. Бигзор, сухани ҳар кас дар остонаи худаш бимонад. Шумо дар фикри саъодату оромиши хонаи худ бошед. Нагузоред боду боронҳои кучак сутуни хонаатонро вайрон кунад он ҳам хонае, ки ба осонӣ бунёдаш накардед, хеле роҳ паймудед то ба ҳамдигар бирасед.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>