Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Хитоби Кабирӣ ба генералҳо: Шуморо ба посбон табдил додаанд

$
0
0


Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва собиқ вакили парлумон мегӯяд, ки қарори мақомот дар бораи роҳандозии нархномаи ҷадиди интернет, идомаи сиёсати паршикаста кардани миллат ва кишвар ҳаст.

Бо зикри ин нуқта дар сӯҳбати онлайнии худ Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки тақрибан 20 сол аст, ки ҳукумат қадам ба қадам талош дорад, то тамоми кишварро ба як корхонаи шахсӣ мубаддал гардонад.

Ёдовар мешавем, ки тасмими Хадамоти зиддиинҳисории кишвар дар бораи боло бурдани нархи интернет аз 18 -уми апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт. Ҳамакнун истифодабарандагони интернет барои 1ГБ 62 сомонӣ пардохт хоҳанд кард, ки ин муодили $6,5 ИМА мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши миёнаи мардум $80 ташкил медиҳад.

Пешниҳод ба мардум
Роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки роҳандозии чунин қарори ғайриқонунӣ дар ҳар кишвари дигар метавонист мавҷи эътироз ва роҳпаймоиҳоро ба вуҷуд орад: “Аммо дар Тоҷикистон мақомот бо фишорҳои шадиди худ алайҳи фарзандони миллат, миёни мардумро шикастааст. Фарзандони миллатро куштанд, зиндонӣ карданд, аз кишвар берун карданд. Ҳоло мардуме, ки дар кишвар ҳастанд  як гурӯҳ аз тарси таъқибу фишори мақомот хомӯшанд ва гурӯҳи дигаре ҳаст, ки хушомадгӯиро пеша кардааст. Дар ҳоле, ки қишри фаъолтарини ҷомеа, ҳудуди 2 миллион барои дарёфти нон ба Русия, ё дигар ҷо меравад, табиист, ки ҳукумати Тоҷикистон дигар бо эҳсоси тарс шармашро аз дасташ додааст”.

Муҳиддин Кабирӣ таъкид намуд, ки ин қарори ҳукумат ба миллат ва давлат зарбаи бузурге хоҳад зад. Ва аз ин хотир пешниҳоде ба мардум ва талаботе аз мақомоти Тоҷикистон дорад.

“Пешниҳоди аввали ман ба мардуми азизам аст. Агар мо воқеан мехоҳем, ки ҳукумат аз ин иқдоми аҳмақонааш даст бикашад, бояд ҳамин мавҷи эътирозҳоро давом диҳем. Ин набояд ба мавҷи эътироз ё роҳпоймоиҳо ба хиёбони Душанбе табдил гардад. Ҳамаи мо шароити дохилиро дарк мекунем. Ман фикр мекунам, ки касе ҳақ надорад дар чунин шароит мардумро ба эътирозу роҳпаймоӣ даъват намояд. Аммо, ба ҳар шакле, ки набошад мо бояд эътирози худро ба ҳукумат бирасонем. Новобаста аз гурӯҳу ҳаракатҳо. Ҳар касе бо имконияти дар даст доштааш. Яке бо қалам, дигаре бо сухан. Ман аз тамоми хоҳишмандон даъват мекардам, ки ин эстафетаи блогерҳои тоҷикро дастгирӣ бикунанд”.- гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Иқдоме, ки ҳукуматро боз ҳам беобрӯтар мекунад
Роҳбари ПМТ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки ҳарчи зудтар аз ин қарори ғайриқонуниашон даст бикашанд:

“Ҳукумат набояд тамоми ҳарфҳои моро ҳамчун рақиб қабул намояд. Мо душмани миллату давлат нестем. Ин иқдом дар баробари ғайриқонунӣ буданаш, ғайриинсонӣ, зиддимиллӣ ҳам ҳаст ва аз он шумо бояд даст бикашед. Ин амали ғайриқонунӣ рӯзе ошкор мешавад. Беҳтар нест, ки шумо имрӯз онро бекор кунед, то аз беобрӯгии худ пешгирӣ кунед. Ҳамон тавре, ки мо тавсия додем, то Шарофиддинро озод кунед. Шумо ҳам ин корро анҷом додед ва худро аз мушкилоти байналмиллалӣ озод намудед”.

Генеролҳои дарбону ордендор. Ё чаро додситонӣ парвандаи ҷиноӣ бояд боз кунад?
Муҳиддин Кабирӣ ба унвони як шаҳрванди Тоҷикистон аз Додситонии кулли Тоҷикистон талаб намуд, ки бо такя ба маълумот ва матолиби расонаҳо алайҳи ташаббускорони ин иқдом парвандаи ҷиноӣ боз намояд. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки дар сурати мушоҳидаи хатар ба миллат ва давлат, ё роҳандозии қарорҳои зиддимиллӣ Додситонии кулл ҳақ дорад, даст ба кор шавад. Зеро, масъулини ин қарор бо роҳандозии он як саботажи иқтисодӣ алайҳи давлат ва миллат мекунанд.

“Ҳуқуқшиносон, масъулини Додситонии кулл хеле хуб медонанд, ки қонунгузорӣ саботаж, яъне тавтеа алайҳи миллат ва мардумро маҳкум мекунад. Ҳоло Додситонии кулл худаш ба хулоса биёяд, ки ин иқдом аз тарафи кӣ роҳандозӣ шудааст ва бояд ӯро муҷозот кунад, новобаста аз он, ки ташаббускор роҳбарияти Хадамоти зидиинҳисорӣ, алоқа ва ё роҳбарияти ҳукумат ҳаст. Парвандаи ҷиноӣ бояд боз шавад. Агар воқеан ҳам номуси миллӣ доред”, — илова намуд Муҳиддин Кабирӣ.

Ба қавли Кабирӣ агар генеролу афсарон дар кишвар баномус мебуданд, кайҳо вазифаи худро анҷом медоданд. Ҳамон тавре, ки дар кишварҳои дигар генеролу афсарони озод анҷом медиҳанд. Дар ҳар кишвари дигар вақте мушоҳида мешавад, ки як нафар ё як гурӯҳ, миллат ва кишварро ба нобудӣ бурда истодааст, генеролу афсарон даст ба кор мешаванд. Зеро, вазифаи ҷонӣ ва конститутсионии онҳо пешгирӣ кардан аз шикасти давлат ва миллат аст. Раҳонидани давлату миллат аз саботажу диверсияҳои дохиливу хориҷист:

“Вазифаи як генерол мубориза бо фарзандони миллат, мухолифини он нест. Вазифаи шумо, генеролҳову афсарон, ҳифзи миллат ва давлат аз хатар аст. Фарқ надорад, ки ин хатар аз тарафи кӣ таҳдид мекунад. Аз тарафи ҳукумат, мухолифин ё нерӯҳои беруна. Опозисиюни тоҷик имрӯз чӣ кор мекунад? Мегӯяд, ки ҳукумат интернетро арзон бикунанд, қарорҳои зидди милливу давлатӣ роҳандозӣ накунанд. Зеро, роҳандозии чунин қарорҳо амали душманона алайҳи миллат аст. Ва вазифаи генеролу афсар ин аст, ки алайҳи онҳое, ки бо истифода аз қудрату мансаб саботажу диверсия мекунанд, мубориза бубаранд”.

Муҳиддин Кабирӣ изҳори нигаронӣ аз он кард, ки як гурӯҳ миллату давлатро муфлису паршикаста карда, ба зону мешинонад ва генеролу афсаронро табдил ба посбону дарбони корхонаи худашон кардаанд:

“Шумо ҳар рӯз як ордену пагон мегиред ва даъвову фахр ҳам мекунед, ки барои дифоъ аз ватану давлат чунин имтиёзҳоро гирифтаед. Шумо дар муқобили кӣ ҷангидед? Дар муқобили артиши бегона? Марзи Тоҷикистонро аз чанд тараф рахна карда, заминро медиҳанд, шумо чизе намегӯед. Баръакс, барои мубориза бо фарзандони ҳамин миллат орден мегиред. Ин ҷойи шарм ва айб аст. Медонам, ки дар дохили шумо, дар додситон, кумитаи амният, вазорати дохила, мудофиа ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳанӯз ҳам афроди миллатдӯсту ватандӯст, ҷавонмарду баномус зиёд аст. Аммо, мутаасифона як даста шуморо табдил ба посбону дарбони худашон карда, шуморо алайҳи миллат ва давлат истифода мебаранд. Ҳоло замони пайваст шудан ба миллат аст”.

Роҳбари ПМТ гуфт, интизори он нест, ки генералу афсарон иқдомеро роҳандозӣ кунанд, баръакс, ҳамон вазифаи конститутсионии худро анҷом диҳанд.

Гуфтанист, масъалаи берун аз салоҳияти худ фаъолият кардани генеролу афсарон ва умуман мақомоти Тоҷикистон, ҳам аз тарафи сиёсатмадорону коршиносони тоҷик ва ҳам аз тарафи таҳлилгарони хориҷӣ мавриди интиқоди шадид қарор мегирад. Созмонҳои ҳуқуқи башари байналмиллалӣ ва ИМА дар гузоришҳои солонаи худ ишора бар он мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон тамоми имконияту зарфияти кишварро танҳо бар манфиати хонаводаи раисҷумҳур истифода мекунанд. Бино бар таҳлили коршиносони байналмиллалӣ мақомоти Тоҷикистон барои бароварда сохтани хостаҳои ҳукумат мухолифину озодандешро мавриди таъқибу фишор қарор медиҳанд, ки ин хилофи меъёрҳои байналмиллалии озодии инсон аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>