Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ВЕНЕСУЭЛА

$
0
0


Давлате, ки бо зебу таровати хосаи табиаташ  дар дунё шӯҳрат пайдо кардааст ва дар соҳили самти шимолии Амрикои ҷанубӣ воқеъ аст, Венесуэла ном дорад. Номи пуррааш Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла. Аз тарафи ғарб бо Колумбия ва аз ҷанубиғарбӣ бо Бразилия, аз шарқ бо Гайана ҳамсарҳад аст. Тамоми ҳудуди кишвар дар минтақаи тропикист.  

Пойтахти Венесуэла Каракас, забони давлатиаш испанӣ мебошад. Намояндагони 42 миллати дигар, ки ҳар яке бо забони худ ҳарф мезананд, дар ин давлат зиндагӣ мекунанд. Дини мардум насронии шохаи католикии римӣ. 95 фоизи аҳолӣ дар ин динанд. Дар интихоби дин озоданд. Шумораи мусалмонони ин кишвар ба 300 ҳазор нафар расидааст.   Саршумори аҳолии кишвар аз рӯи маълумоти бонки ҷаҳонӣ , дар соли ҷорӣ 32 миллиону 740 ҳазор нафар аст. Аз ин миқор 50, 2 фоизашро мардон ва 49,8 фоизашро занон ташкил мекунанд. Воҳиди пулиаш боливар. Масоҳаташ 912 ҳазор км мураббаъ мебошад. Шаҳрҳои калонтаринаш : Каракас, Маракайбо, Валенсия.

Венесуэла дар гузашта як мамлакати мустамликаи испания буд, аммо дар ҳоли ҳозир ҷумҳурии мустақили федеролист.

Дар аввал дар қаламрави Венесуэла  қабилаҳои Ҳинд, Карибес, Аравакс ва Чибча ҷойгузин шуда буданд, ки бештар бо кишоварзӣ ва моҳидорӣ машғул мешуданд. Соли 1498 бори аввал Христофор Колумб ба ин сарзаминҳо қарор гирифт ва шурӯъ аз соли 1499 испониҳо ба ин ҷо омаданд. Сайёҳ Америго Веспучи чун ин кишварро дид, бонг зад, ки Бубинед, Венесияи хурдакак аст. Аз ҳамин ҷо номи Венесуэла низ баромад, ки дар талаффузи испанӣ ҳамон Венесияи хурд буд. Дар оғози соли 1520 аврупоиҳои зиёде дар ин мамлакат маскан гирифта, бо парвариши найшакар, какао ва тамокӯ машғул шуданд.  

Оғози асри 19 бо роҳбарии Симон Боливар шӯриши озодихоҳон ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа соли 1821 як ҷумҳурии муттаҳидии Колумбияи Бузург ташкил шуд, ки ба он Венесуэла, Колумбия, Панама ва Эквадор шомил буданд. Бо гузашти 10 сол аз ин воқеа Симон Боливар вафот кард ва Венесуэла аз ин миён берун шуда, ҷумҳурии мустақил  шуд. Аммо мустақилияташ ба суботи иқтисодиву сиёсӣ наовард, зеро пай дар пай табаддулоту ивазшавии президент ва генеролҳо сурат мегирифтанд. Ниҳоят дар авоили қарни 20-ум бо роҳбарии Хуана Винсенте Гомес дар Венесуэла конҳои нафтистеҳсолкунӣ кашф шуданд. Ширкатҳои Амрикоӣ ва Бритониёӣ барои густариши ин соҳа даъват шуданд. Сармояи хориҷӣ шурӯъ ба ҷараён дар кишвар кард, ки боиси пешрафти босуръати иқтисодиёти он гашт. Чун деҳкононро беҳтар буд, ки дар конҳои нафтистеҳсолкунӣ кор кунанду даромади бештар гиранд, самти кишоварзӣ дар ин давлат якбора коҳиш ёфт. Нархи маҳсулоти кишоварзӣ бошад якбора боло рафт.

Соли 40-уми асри 20 дар Венесуэла ҳизби либералҳо баҷунбиш омада, ҳайъати худро ҳар қадар васеъ карданд ва ноил шуданд, ки то сари  ҳокимият ҳам роҳ ёбанд. Соли 1945 натиҷаи тазоҳуроти либеролҳо инқилоби бузурге ба вуҷуд овард, ки ҳокимият ба дасти роҳбар Ромуло Бетанкур гузашт. Ин ҳизб бо барномаи густарда хеле дигаргуниҳоро дар кишвар ба вуҷуд овард. Боз ҳам кишоварзиву чорводори рӯ ба авҷ ниҳод. Соли 1948 боз як табаддулоти дигар дунболагири сиёсати Венесуэла гардид. Дар ин миён ҷунбиши низомиёне сари қудрат омаданду бо роҳи интихобот қабули роҳбарро пешниҳод карданд. Аммо натиҷаи интихоботи бавуқӯъпайваста баракс бар зарари ҳамин артиши низомӣ анҷомид. Роҳбарии давлатро  полковник Маркос Перес Хименес бар ӯҳда гирифт.

Вале ин роҳбари барои панҷ сол интихобшуда бо ҳукмронии диктаториаш боиси он гардид, ки ҳамасола мухолифини зиёде пушти панҷараи зиндон мешуданд, фикри озод мамнӯъ гашт ва озодандешони бисёре кишварро тарк карданд. Дар остонаи баргузории интихоботи ҷадиди соли 1958 дар Венесуэла нооромӣ боз авҷ гирифт, ки ба таври ваҳшиёна аз тарафи давлат саркӯб шуд. Локин ба гурӯҳи дигаре муяссар шуд, ки сари ҳокимият оянд ва кулли гурезаҳои сиёсиро ба ватан баргардонанд. Ин навбат пирӯзӣ насиби роҳбари пешинаи кишвар аз ҳизби либерол Ромио Бетанкур буд. Дигар иқтисоди мамлакат аз ҳама ҷониб рушд намуда хазинаи давлат хеле ғанӣ гашт. То охири асри 20-ум либеролҳо сари ҳукумат монданд. Соли 1999 боз ҷунбиши сиёсии дигаре сари қудрат омад, ки дар ҳимояи мардуми фақир сар бароварда буд. Президенти кишвар Уго Чавес интихоб шуд. Соли 2006 бошад,ӯро маротибаи дуюм ба президентӣ интихоб карданд. Моҳи январи соли 2009 Уго Чавес пешниҳод кард, ки дигар маҳдудияти солҳои муайяни роҳбари бекор карда шавад. Дар ин маврид як референдум баргузор шуд, ки аксарият ҷонибдорӣ карданд.

Гарчанде, ки имрӯз Иёлоти Муттаҳида яке аз бузургтарин масрафкунандаи нафти Венесуэла ба ҳисоб меравад, президенти  Венесуэла бошиддат сиёсати дохилии Амрикоро зери танқид мегирад ва ҳатто дигар мамоликро низ бар мубориза алайҳи империалистон мехонад. Президент бар асоси як хусумати умумӣ нисбати ба Иёлоти Муттаҳида, ҳамкориҳои молӣ, сиёсӣ ва низомиашро бо кишварҳои Куба ва Боливия торафт  устувортар мекунад. Имрӯз Венесуэла яке аз кишварҳои дар ҳоли рушди босуръат миёни давлатҳои Амрикои Лотинист. Ҳудуди 90 дарсади даромади буҷаи кишвар аз ҳисоби истеҳсолу содироти нафт аст. Инчунин истихроҷи маъданҳо, сангҳои қиматбаҳо ва нуриҳо низ даромади хубе барои хазинаи давлат меорад. Як худи Аморати Муттаҳидаи Араб харидори 15 тонна тиллои Венесуэла аст.

Маориф

Аз синфҳои ибтидоӣ сар карда, то донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таҳсил ройгон  аст. Чоряки даромади буҷаи шаҳр барои пешрафти самти маориф ва илм сарф мешавад. Аз 20 адад донишкадаҳои олӣ калонтаринаш дар маркази шаҳри Каракас воқест, ки дар ин даргоҳ 45 ҳазор донишҷӯй таҳсил мекунад.

Нақлиёт

Дохил и давлат 96 ҳазор км роҳи мошингард дорад. Роҳи оҳан 806 км,  ки аз он 336 километраш роҳи оҳани пайвасткунандаи минтақаҳои Баркисимето ва  Пуэрто-Кабельо мебошад. Инчунин 6 адад фурудгоҳи роҳҳои ҳавоӣ мавҷуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>