Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар интихоботи парлумонии Мағриб ҳизби исломии Адолат ва тараққиёт” пирӯз шудааст. Ин ҳизб соли 2011 ҳам аксари овозҳоро касб карда буд.
Ҳизби мухолифи “Асолат ва модерн” дар ҷои дуввум қарор гирифтааст. Намояндагони ин ҳизб қабл аз интихобот аз имкони исломӣ шудани ҷомеъаи мағрибӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.
Раҳбари Ҳизби адолат ва тараққиёт Абдулилоҳ Банкирон қаблан ваъда карда буд, ки дар сурати пирӯзӣ ин ҳизб ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоиро идома хоҳад дод.
Мувофиқи сарқонуни ин кишвар, ки соли 2011 қабул шудааст, шоҳ Муҳаммади 4 бояд сарвазири кишварро аз ҳизбе таъин кунад, ки шумори бештари курсиҳо дар парлумонро касб кардааст. Қаблан шоҳ ба ин вазифа ҳар касеро худаш салоҳ медонист, таъин мекард.
Коршиносон ба ин боваранд, ки ислоҳоти сиёсӣ дар Мағриб соли 2011 ба хотири ба ин кишвар роҳ надодани ҳаводиси “баҳори араб”, ки боиси нооромиҳо дар чанд кишвари арабӣ шуд, татбиқ карда шуда буд.