Ветнам давлате, ки дар минтақаи ҷанубушарқии қитъаи Осиё дар соҳили дарёи ҷанубии Чин, дар нимҷазираҳои Ҳиндучин воқеъ гаштааст. Аз тарафи шимол бо Хитой, аз ғарб бо Лаос, аз ҷанубуғарбӣ бо Камбоҷҷа ҳамсарҳад мебошад. Пойтахташ Ҳаной, забони давлатӣ -ветнамӣ, асъори пулиаш донги Ветнам аст. Сохти давлатдориаш социалистӣ мебошад.
Ин кишвар бо соҳил-истироҳатгоҳҳо (Пляж), бутҳои ороста, ҷашнвораҳои афсонавӣ ва шаҳрҳои пурҷунбуҷӯши худ хеле машҳур аст.
Дар пойтахти Ветнам, шаҳри Ҳаной мақбараи сангимармарии бузурги раҳбари маъруфи ҳизби коммунисти кишвар Ҳо Ши Мина ҳаст. Дар шаҳри Ҳошимин, ки қаблан Сайгон номида мешуд, метавон сохтмонҳои бисёреро дар сабки меъмории фаронсавӣ, ҳамчунин осорхонаҳое, ки аз таърихи ҷанги Ветнам нишонаҳои зиёде доранд, пайдо кард. Мавзеъҳои таърихиву тамошобобаш: Халиҷи Ҳолунг, ағбаи Кучӣ, Фукёк, Хоанкем, Катба, Фонгня кебанг ва ғайра ба шумор меравад.
Саршумори аҳолии Ветнам дар соли 2019 баробар ба 97 милион муайян шудааст. Аз ин миқдор 49, 4% мардон ва 50, 6 % -ашро занон ташкил мекунанд.
Таърих
Номи қадимаи ин давлати зиёда аз 1000 сола Ванланг буд. Таърихи Ветнам тавзеҳоти худро аз соли 221 оғоз мекунад. Замоне, ки Ветнам таҳти қудрати императорҳои Чинӣ қарор гирифт ва то соли 939 бахше аз империяи Чин буд. Дар соли 968 Дин Бу Ли худро император эълон кард ва давлати Ветнами Довятро ташкил намуд. Сулолаи Дин Бу Ли давлатро то соли 1225 идора кард, то замоне, ки кишвар ба даври сулолаи Торон гузашта буд. Соли 1406 нерӯҳои Чинӣ боз давлатро забт карда гирифтанд, аммо соли 1427 ветнамиҳо кишварашонро аз дасти тороҷгарон раҳо карда, истиқлолият ба даст оварданд. Дар оғози қарни ҳабдаҳум Ветнам ба ду қисмат тақсим шуд. Қисмати шимолу ҷанубиро сулолаҳои Трон ва Нгуен роҳбарӣ мекарданд. Айнан дар ҳамин давра, ба ин кишвар аввалин маротиба аврупоиҳо: голландиҳо, англисҳо ва дар асри 18 франсузҳо омаданд.
Соли 1802 ҳокимони сулолаи Нгуен тамоми давлатро муттаҳид сохта, онро империяи Ветнам номиданд. Дар соли 1858 Фаронса бо баҳонаи ҳифзи ҳуқуқи масеҳиён ва мубаллиғон нерӯҳои худро ба Ветнам ворид кард. Дар соли 1858 Ветнам дар воқеъ ба як фармонбардори Фаронса гардид. Аз соли 1940-1945 Ветнам тавассути нерӯҳои Япония ишғол карда шуд. Аммо соли 1946, моҳи декабр ҷанги ҳиндучинӣ сар шуд, ки дар натиҷа соли 1954-ум Фаронса Ветнамро батамом аз даст дод. Ҳамон сол бо таваҷҷӯҳ ва қарори Женева давлати Ветнам ба ду қисмат ҷудо карда шуд. Ҷануби кишвар соли 1959 ҷумҳурии Ветнам эълом гардид ва дар шимоли ин кишвар ҳамин сол Ҷумҳурии сосиалистии ташкил карда шуд, ки бо роҳбарии як ҳаводори барҷастаи сиёсӣ Ҳу Ши Мин идора карда мешуд. Баъдтар ҷанги шадиде миёни ду кишвари Ветнам ба вуқӯъ пайваст, ки то рафт доман густурда шуда, билохира Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дахолат намуда, аз Ветнами Ҷанубӣ ҷонибдорӣ кард. Ин ҷанг бо имзои паймони оташбас дар соли 1973 поён ёфт. Моҳи июли соли 1976 ин ду қисмати давлати Ветнам боз бо ҳам пайвастанд. Шурӯъ аз соли 1990 иқтисоди иқтисодиёти Ветнам рӯ ба беҳбудӣ ниҳода то имрӯз босуръат пеш меравад.
Аз рӯйи маълумоти интерпол сатҳи ҷинояткорӣ дар Ветнам пасттарин нишондиҳанда дар ҷаҳон аст. Ветнам мавзеи хеле хуб барои истироҳату табобат бо усулҳои мардумӣ дорад. Дар Ветнам ҳамеша арзониву амонӣ аст, зеро ҳатто маҳсулотҳои сохташуда аз ҷӯби нодир, марворид, нуқра ва дигар сангҳои қиматбаҳо ҳам барои ҳама гуна қишри аҳолӣ дастрас аст.
Бо дарёи ҷанубии Хинд наздики 3000 км соҳили басо зебое дорад, ки бо регзори зарди тиллоӣ ва сафед, дарахтони сарсабз ва оби кристал барин зулолаш бисёр ҳам назаррабост. Барои дӯстдорони аксбардорӣ Ветнам як дунёи афсонавии фаромӯшношуданист. Чун як сарзамини қадимаи таърихиву фарҳангӣ, Ветнам теъдоди зиёди биноҳои таърихии арзишманд дорад.
Дар ин ҷо на танҳо истироҳат карда метавонед, балки бемориҳои зиёдеро бо усулҳои тибби шарқӣ дармон ҳам мебахшанд.
Маориф
Дар Ветнам кӯдакон аз синни якуним-солагӣ то панҷ-солагӣ дар боғчаи бачагона тарбия мегиранд. Ҳар кӯдаки чорсола ҳарфҳоро хонда метавонад. Мактаби миёна аз 6- сола қабул мекунад. Аз синфи 1-ум то 6-ум синфи ибтидоӣ маҳсуб меёбад, баъди синфи нӯҳум маълумоти миёнаи нопурра ва баъди хатми синфи 12-ум маълумоти миёнаро соҳиб мешаванд. Баҳогузорӣ аз рӯйи дараҷаи 10-балла аст, панҷ баллро пасттарин баҳо меҳисобанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки макотиби Ветнам аз ҷониби ҳукумат дастгирии дурусти молӣ намебинанд. Аз ин ҷост, ки таҳсил маблағнок буда, на ҳар оила имкони хононидани фарзандашро дорад. Музди муаллимон хеле кам аст. ,
Бисёре аз донишгоҳҳои хориҷӣ дар Ветнам филиал доранд. Коллеҷҳо ва донишгоҳҳои фаннӣ низ бисёранд. Аммо дипломе, ки баъди хатми донишкадаҳои Ветнам дода мешавад, дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида мӯътабар нест. Донандагони забони англисӣ дар ин ҷо бисёр қадрдонӣ ҳам мешаванд. Омӯхтани забони англисӣ дар Ветнам имрӯзҳо хеле густариш ёфтааст.
Иқтисодиёт
Иқтисоди Ветнам дар ҷодаҳои кишоварзӣ ва саноат бештар пеш рафтааст. Инҷунин дар самтҳои саноати мошинсозӣ, истеҳсоли қувваи барқ, истеҳсоли нуриҳои кишоварзӣ, маъдан, семент, маводҳои кимиёвӣ, нефт ва ғайра даромади хубе ба даст меорад. Марказҳои туристиаш низ боиси пешрафти иқтисоди давлат аст. Тибқи нишондоди омор маҷмӯи маҳсулоти дохила 191, 5 миллиард доллар мебошад. Содироти солона 162 милиард доллар, воридот 154, 9 милиард долларро ташкил медиҳад.
Нақлиёт
Роҳи оҳан, роҳҳои мошингарди дохилӣ, роҳҳои дарёӣ ва ҳавоӣ дорад. Роҳҳои ҳавопаймоии дохили давлат босурат густариш меёбанд. Фурудгоҳҳои байналмиллалии Ҳононг, Ҳошимин ва Донанг маъмуланд.