Чӣ хеле, ки медонем баъзе нофаҳмиву низоъҳо байну хушдоману арӯс ҳамеша вуҷуд дошту вуҷуд дорад. Албатта оилаҳое ҳастанд, ки ин мушкилиро ба осонӣ ҳал мекунанд, аммо оилаҳое ҳам вуҷуд доранд, ки ин мушкилӣ ҳаёташонро ба майдони ҷанг табдил додааст. Бояд зикр кунем, ки кашмакашиҳои кӯчак дар ҳама хонаводаҳо вуҷуд дорад ва ба пайвандҳои оилавӣ зарари ҷиддие намерасонад.
Аммо низоъҳои шадиди модару ҳамсар ҳаёти мардро сиёҳу торик месозад, агарчӣ зоҳиран худро хушҳол вонамуд кунад ҳам, танҳо Аллоҳ медонад, чӣ сӯзе дар дилаш дорад.
Дар ҷомеаи имрӯза шавҳароне,ки низоъро байни модару ҳамсар одилонаву ҳакимона ислоҳ мекунанд, хеле кам ҳастанд. Мутаассифона нафароне ҳастанд, ки бо тамоми ҳастӣ тарафи занро мегиранд. Дили модари худро меозоранд ва ба сари модар доду фарёд мезананд. Модаре, ки барои ба воя расонидани писараш заҳмати дунёро кашидааст ва барои фарзандаш ҷигараш месӯзад, бо омадани арӯс як зани бегонаву фузулӣ мегардад. Баръакси ин, мардҳое ҳам ҳастанд, ки тарафи модарро гирифта, бо зулму ситам ҳаёти арӯсро ҷаҳаннам мегардонанд, сипас бо ҳазорон зиллату хушунат духтараки бечораро талоқ медиҳанд.
Шариати Ислом дини адлу баробарист. Касеро бенасиб намегузорад. Дар Ислом модар ҳуқуқҳои худро дорад ва ҳамсар низ ҳақҳои худро дорад. Эҳтироми модар, кӯмакҳои моддӣ, хидмату нигоҳубини волидон ба гардани фарзанд воҷиб аст. Хушмуомилагӣ бо ҳамсар, муҳайё кардани ҷои зисту таъому сарулибос аз воҷиботи шавҳар мебошад.
Шавҳар вақте дид, байни ҳамсару модараш нофаҳмиҳо вуҷуд дорад, бояд бо ақлу хирад роҳи ҳалро пайдо кунад.
Гоҳе мешавад, дар ҷангҷолҳои оилавӣ ҳам модару ҳам арӯс айбдор ҳастанд. Гоҳе мешавад, фақат як ҷониб, ё модар ва ё ки арӯс сабаби мушкилиҳо мебошад.
Набояд муҳаббати ҳамсар шавҳарро ба зулм кардан ба модари худ оварда расонад ва ё муҳаббати модар арӯсро мазлум гардонад.
Ин ҷо роҳҳоеро зикр мекунем, ки шавҳар метавонад бо ин роҳҳо байни модару ҳамсари худ, ислоҳгари хубе бошад.
Аз рӯзи аввали зиндагии муштарак шавҳар бояд ба ҳамсараш фаҳмонад, ки модараш то куҷо барояш азиз аст. Касе наметавонад байни ӯву модараш биистад. Агар арӯс меҳру муҳаббати ҳамсарро хоҳад, бояд нисбати модари шавҳар эҳтиром гузорад.
Ба ҳамсараш аз аҳодису оятҳои Илоҳи ёдовар шавад. Оятҳое, ки ба фарзандон амр мекунад то ки ба модарашон накӯи кунанд. Мисли:
واعبدوا الله و لا تشركوا به شيءا و بالوالدين احسنا
Танҳо Аллоҳро парастиш намоед ва ба волидони худ накӯи кунед. (Нисо, 36)
Ҳамсарашро аз оянда огоҳ кунад. Чӣ гунае, ки имрӯз бо хушдоман муомила мекунад, ҳамон гуна арӯси писараш бо ӯ муомила хоҳад кард.
Қадри модар, қуввати дуои модарро ба арӯс ёдовар шавад. Дуои неки модар ҳамеша мустаҷоб аст ва сабаби баракати оилааш мегардад.
Албатта шавҳаре, ки бо модари ҳамсараш муомилаи хуб дорад, ин дарси амалӣ ба арӯс хоҳад буд. Аммо бародароне, ки ба модарарӯси худ эҳтиром намегузоранд, ҳатто аз оилаи ҳамсар бо калимаҳои таҳиромезу масхараовар сӯҳбат мекунанд, асло мунтазири муомилаи неки арӯсашонро надошта бошанд .Аллоҳ мегӯяд:
و جزاء سيئة سيئة مثلها
Ҷазои амали бад мисли худаш бадӣ аст. (Шуро, 40)
Фарзанди боҳикмат табиати модари худро мешиносад. Ба ҳамсараш аз рӯзи аввал кадом чизҳоро модараш дӯст дорад ва аз чӣ чизҳо нафрат дорад, бояд хабар диҳад. Ин муқаддимаи хубе мегардад то арӯс ба табиати хушдоман нигоҳ карда, муомила намояд.
Хоҳаре ҳикоят мекард: Ман бо ҷавоне хонадор шудам, ки модараш бо сахтгириву дағалӣ нисбати арӯсон дар деҳа машҳур буд. Шавҳарам дар шаби аввали арӯсӣ ба ман гуфт:
“Бидон, модари ман зане аст, ки агар писаронаш дар наздаш бо арӯсон хушмуомила бошанд, дӯст намедорад. Агар дар назди модарам бо ту ширинсухани кардам, дарҳол ғазабнок мегардад. Барои ҳамин ман дар назди модарам ҳамеша бо ту дағалона муносибат мекунам, ту бошӣ инро ба дил нагир. Агар ман бо ту хашинӣ кардам, модарам тарафи ту мешавад ва ба ҷои бо ту низоъҳои хушдоманӣ доштан, нармдилона рафтор мекунад.
Хоҳар мегӯяд, айнан гуфти шавҳарам шуд. Ҳар боре, ки хушдоманам хашинии шавҳарамро мушоҳида мекард, бо суханҳои нарм маро дилбардорӣ мекард, бо ҳам доимо муносибатҳои хуб доштем ва баракси дигар арӯсони хона, то ҳол асло бо ман мушкилие надорад.
Вақте байни арӯсу модар ҷангҷоле рух дод, агарчӣ хатокор модар бошад ҳам, набояд дар назди ҳамсар модарро танбеҳ дод. Ин амал ҳам ғазаби модарро дучанд мекунад ва ҳам сабаби сархаму шармсорӣ дар назди арӯс мешавад, ки асло шоистаи модарон нест. Албатта, ин маънои онро надорад, ки ҳар гаҳ модар хост, метавонад арӯсро танбеҳу таҳқир кунад.
Бародари азиз, ислоҳи модар роҳи худро дорад. Ӯро дар танҳоӣ, дур аз чашми дигарон бо услубҳои нарму суханҳои ширин насиҳат кун. Паёмбарамон Иброҳим алайҳиссалом падари худ Озарро, ки мушрику бадбахти замон буд, Ё Абати, яъне Падарҷонам гӯён, насиҳат мекарданд.
Модари ту, ки сазовори ҳама хубиҳои дунёст, бо беҳтарин усул насиҳат кун, иншаАллоҳ қабул хоҳад кард.
Инчунин агар мушкилие дар байни модару арӯс рух диҳаду хатокори аслӣ арӯс бошад, шавҳар набояд ӯро дар назди модару аъзои дигари хонавода танбеҳ кунад. Шавҳарони азиз, танбеҳе, ки дар байни дигаронба арӯс додӣ, таъсири бади равонӣ дорад, арӯс тамоми умр он лаҳзаи шармандагиро ҳамчун як мусибат дар зеҳнаш нигоҳ медорад. Барои ҳамин шавҳари боҳикмат бояд дар танҳоӣ, дур аз чашми дигарон ҳамсарашро насиҳат кунад, агар лозим бошад, танбеҳ диҳад.
Модар дар дили худ ҳамеша меҳри фарзандонро мепарварад, лаҳза ба лаҳза якояки ҷигарбандонашро аз дил мегузаронад. Вақте пас аз хонадоршавӣ фарзандаш ҳамчун пештара муомила намекунад, хеле барояш сахту қадрношиносӣ менамояд ва шояд фикр кунад, ки сабаби дурии писараш арӯсаш аст. Бо ҳамин фикр баҳонаеро пешгирифта бо арӯс ҷангҷол мехезонад. Барои ҳамин фарзанди хирадманд бояд пас аз хонадоршавӣ ҳарчи зиёдтар ба модараш меҳрубонӣ кунад,то модар бидонад, ки муҳаббати писараш зиёд шуда истодаасту кам не.
Изҳори муҳаббату самимият ба ҳамсари худ дар назди модар ҳеҷ хубие ба бор намеорад. Кӯшиш кунед дар назари хоҳару модари худ бо ҳамсаратон муҳаббату меҳрубонӣ накунед, ки ин сабаби рашки наздикон нагардад ва нохоста ба арӯси хона нафрат пайдо накунанд.
Дар дунё зане вуҷуд надорад, ки ҳадиягирифтанро бад бинад, писар бояд пас аз хондоршавӣ бо додани ҳадияҳои кӯчак дили модарро хушҳол созад. Агар арӯсашро барои додани баъзе ҳадияҳо ба модараш амр кунад, меҳри модарашро арӯс ба даст меорад. Пас бо кӯчактарин ҳадияҳо дунёи муҳаббат насиби писару арӯс шуда метавонад ва дарҳои нафрату бадбиниро мебандад. Ба додани ҳадияҳо шитобед!