Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Санҷобҳо вақти аз боло афтодан самти парвозашонро тағйир медиҳанд

$
0
0

1. Давоми 6 аср забони давлатии Британияи Кабир франсузӣ буд.

2.Мардуми таҳҷойии ҷазираҳои Бугенвил алифбое доранд, ки ҳамагӣ 11 ҳарф дорад.

3. Забони англисӣ зиёда аз 600 ҳазор калима дорад. Аз ҷиҳати бисёрии калимаҳои муродиф (синоним) забони англисӣ дар ҷойи аввал меистад.

4. Дар алифбои забони чинӣ 40 ҳазор аломати китобат мавҷуд аст.

5. Барои он , ки санҷоб зимистонро аз сар гузаронад, бояд дар захирааш қариб 3000 чормағз дошта бошад. Ғайр аз Австралия ва Антарктида дигар дар ҳамаи материкҳои дунё санҷобҳо бисёранд.

6. Агар дар хона санҷоб парвариш кунед, ҳаргиз барояш чормағзаки заминӣ надиҳед. Организми санҷоб ин хел мағзро қабул надорад ва хӯрданаш хавфнок аст. Санҷобҳо аз баланди 30 метр ҳам беосеб худро мепартоянд. Баъзе санҷобҳо ҳатто вақти аз боло афтодан самти парвозашонро тағйир медиҳанд, худи паранда барин. Чормағз ва дигар ғизоҳои гуногуне, ки санҷобҳо захира мекунанд, баъзан ҷояш аз хотирашон мебарояд. Дар як рӯз санҷоб метавонад аз сад дарахт ҷалғӯза ҷамъ кунад, ки барои се моҳ хӯрданаш мерасад. Санҷоб бисёр хуб шино мекунад, аммо думашро аз об берун  нигоҳ медорад. Агар думаш тар шавад, бо вазни он ба қаъри об ғарқ шуданаш мумкин аст.

7.Дар замонҳои қадим, ки ҳанӯз пули қоғазиву тангаҳо набуданд, аз пӯсти санҷоб ҳамчун пул истифода мебурданд. Санҷобҳо байни ҳам тавассути думҷунбонӣ мақсадашонро мефаҳмонанд. Ин ҷонваракон бисёр содда буда, зуд ром мешаванд ва каме меҳрубонӣ кунед, аз дастатон ғизо ҳам мехӯранд. Ақалан нисфи хуроки барои зимистон захира кардаашонро то баҳор хӯрда тамом намекунанд. Ба ғайр аз чормағз, тухми парандагон ва тифлаки навзоди харгӯшҳоро низ мехӯранд. Санҷобҳо дар қафас зиёдтар зиндагӣ мекунанд, аммо онҷо насл намегузоранд.


8.Дар дунё аз ҳама шири маъмул шири гов аст. Ҳар сол дар дунё зиёда аз 400 миллион тонна шир истеҳсолу коркард мешавад. Шири буз бештар калий дорад ва барои беморони дил муфидтар аст. Серравғантарин шир дар дунё шири тюлен ва кит аст, ки 50 фоизаш равған аст. Шири асп ва хар қариб, ки равған надорад. Шири гов барои равондани доғи равған аз либос ва ҷилонок кардани ҷавоҳироти тиллойӣ низ истифода бурда мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>