Давлати Кувайт аз 9 адад ҷазира дар Халиҷи Форс ташкил ёфтааст. Масоҳаташ 17, 8 ҳазор метри мураббаъ аст. Пойтахти Кувайт шаҳри Ал-Кувайт мебошад. Аз самти шимолу ғарбӣ бо Ироқ ва аз ҷануб бо Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст. Саршумори аҳолӣ дар соли 2019 мутобиқ ба маълумоти бонки ҷаҳонӣ 4 миллиону 669 ҳазор нафар аст. Аз ин миқдор 59, 6 фоизашро мардон ва 40, 4 фоизи аҳолиро занон ташкил менамоянд. Забони давлатии мардуми Кувайт арабӣ, динашон ислом, 70 дарсад суннимазҳабон ва 30 дарсад шиамазҳабонро ташкил медиҳад. Инчунин 14 фоиз насрониҳо, 8 фоиз ҳиндуӣ ва 2 фоиз бутпарастон дар ин давлат озодона зиндагӣ мекунанд. Воҳиди пулӣ динори Кувайт аст. Коди телефон +965.
Дар қарни 16-ум бахше аз империяи Усмонӣ буд. Аз соли 1961 аморати мустақил аст. Коститутсияи Кувайт аз соли 1962 дар амал татбиқ шуда, мувофиқи моддаи дуюми он асоси қонунҳои давлатиро низ шариати ислом ташкил мекунад. Роҳбари давлати Кувайт амир буда, аз асри оғози 18 то инҷониб насли авлоди Ал Сабаҳ дар сари тахт аст. Айни ҳол амири ҳокимияти авлодии Кувайт шайх Ҷаббор ал -Аҳмад ал Ҷаббор ас-Сабаҳ мебошад. Сохти давлатдорӣ монархӣ ва парламенташ якпалатагии иборат аз 75 нафар депутат аст. Аҳзоби сиёсӣ вуҷуд надорад.
Табиат
Кувайт минтақаи тропикӣ ва саросар паҳнои биёбонӣ аст. Ғарби давлат бештар регзор ва шарқаш водиҳо ва замини дарёҳои хушкида щастанд. Яъне дар Кувайт кӯлу дарёву рӯдҳо вуҷуд надоранд. Сол ба ду мавсим ҷудо мешавад, зимистони камборон ва тобистони батамом хушку гарм. Моҳи январ 13-17 дараҷа гарм мешавад, июл ҳарорати миёна 36 дараҷа. Баъзан то 50 дараҷа гармӣ ҳам мебарояд. Ягон манбаи оби ширини нӯшокӣ дарКувайт нест. Пас аз ҳар 3-5 сол як бор хушксолӣ меояд. Аз бозёфтҳои археологии ин сарзамин маълум шудааст, ки ҳаёт дар ин ҷо чор ҳазор сол инҷониб ҷараён дорад.
Маориф
Таҳсил дар мактаби миёна ин ҷо ҳатмист. Усули барномарезишудаи таълим чунин аст: Ду сол дар боғчаи баччагона, чор сол мактаби ибтидоӣ, чор сол мактаби миёнаи нопурра ва чор соли дигар барои маълумоти миёнаи пурра нигаронида шудааст. Ҳукумат чунин қарор карда, ки дар ҳамаи самтҳо таълим гирифтан барои толибилмони Кувайт ройгон аст. Барои мактабиён ва донишҷӯён аз тарафи давлат ёрии моддӣ дар таъмини ашёи хониш ва пӯшока расонида мешавад. Дар кувайт 1000 адад муассисаҳои таълимӣ вуҷуд дорад. Ин кишвари кӯчак ду донишгоҳи бузург дорад, ки яке донишгоҳи Кувайт соли 1966 бунёд ёфтааст ва дигаре донишкадаи давлатии омӯзиш ва таълимӣ, ки соли 1972 ташкил шудааст. Агар толибилмон ба донишкадаҳои дигар давлатҳои дунё таҳсил кардан хоҳанд, пардохти хароҷоти таҳсил ва стипендия бар дӯши давлати Кувайт аст. Табобат ҳам дар ин давлат ройгон роҳандозӣ шудааст. Яке аз беҳтарин қонунҳои давлат ин манъи қатъии фурӯшу истеҳсоли машрубот аст.
Иқтисодиёт
Кувайт яке аз содиркунандагони умдаи нафт дар дунёст, ки ин 50 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Саҳми он дар содироти кишвар 90 дарсад аст. Тавлиди солонаи нафт ҳудуди 100 миллион тонна аст. Тавлиди гази табии бошад беш аз чоруним милиорд метри мукааб аст. Ҳамчунин истеҳсолу содироти маводи сохтумонӣ, саноати маводи озуқа, намакзудойӣ аз об,ки пешсафтарини ин соҳа Кувайт ба ҳисоб меравад ва нуриҳои маъданӣ иқтисодиёти ин кишварро дар ҷойи аввал қарор додааст.
Калонтарин захираҳои нафту газ дар Бургани бузург ва Сафания Ҳафтҷӣ ҳоло сарватҳои коркарднашудаи ин кишваранд, ки ба асрҳои минбаъда низ мерасанд. Тариқи нафт истеҳсол кардани қувваи барқ низ дар Кувайт ба роҳ монда шудааст. Тавлиди қувваи барқ 31, 5 миллиард квт соатро ташкил дод. Даромади солонаи буҷаи давлат дар соли 2019 49, 5 миллиард доллар ҳисоб карда шуд. Аз як худи нафт дар як сол ба ҳисоби миёна 44, 9 милиард доллар даромад ворид мешавад.
Ба шарафи сиёсати дуруст ба роҳ мондаи амири давлат аҳолии кишвар бӯҳрони иқтисодиро он чунон паси сар мекунанд, ки аз хазинаи давлат истифода ҳам намебаранд, балки ҳамасола бештар
зам мешавад. Ҳоло дар буҷҷаи Фонди Милли Рушд дар ҳаҷми зиёда аз 600 милиард доллар захира шудааст, ки дар ҳолати мабодои паст фаромадани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, ҳар гуна зарари молиявиро ҷуброн кардан мумкин аст.
Аз 3-2 нафари аҳолии Кувайт муҳоҷироне ҳастанд, ки дар ҷустуҷӯи кор омада, ҳамин ҷо боқӣ мондаанд. Бонкҳо ба аҳолӣ барои рушди соҳибкорӣ, ё дигар нақшаҳои шахсӣ ҳар қадар маблағ хоҳанд, бе ягон фоиз қарз медиҳад ва ҳатто дар мӯҳлати дароз ҳам. Агар ягон бемореро табибони худи давлаи Кувайт табобат карда натавонанд ва зарурат пеш ояд, ки ба давлати дигар баранд, пас пардохти роҳкиро ва табобат низ бар дӯши давлат аст. Барои кӯдакон аз тарафи давлат то 26 солагаш кӯмакпулӣ медиҳанд. Агар зану шавҳар қонунан аз ҳам ҷудо шаванд, то кор ёфта худро таъмин карда тавонистани зан шавҳараш ҳар моҳ 1400 доллар маблағ мепардозад. Нафақаи камтарин 3 ҳазор доллар аст. Соли 2007 Амири давлат миллиардҳо доллар қарзи бонкро бар мардум бахшид, яъне метавонанд барнагардонанд. Аммо афсӯс, ки гирифтани шаҳрвандии Кувайт мувофиқи қонун тамоман номумкин аст.
Воқеан, дарозии роҳҳои мошингард 4 273 км, шумораи мошинҳо 500 ҳазор аст.