Ин фарди тоҷиктабор Дилшод Ризвонов ном дорад, ки 38 сола буда, 12 соли умри худро дар паси панҷараи зиндон мегузаронд. Вай дар вилояти Свердловски Руссия мӯҳлати ҷазои худро сипарӣ карда, интизор мерафт, ки ҳамин сол ба озоди расида, ба ватан пеши фарзандону пайвандонаш баргардад. Аммо аз тарафи маъмурони зиндон ба тарғиби дини ислом дар байни зиндониён муттаҳам гашта, дубора боздошт шудааст.
Ба иттилои Александр Левченко, масъули хадамоти матбуоти Идораи зиндонҳои Русия дар вилояти Свердловск Дилшод Ризвонов ба нафароне, ки дар зиндон ҳамроҳаш мӯҳлати ҷазои худро мегузаронанд, исломро тарғиб намудааст ва гуфтааст, ки ислом дини барҳақ аст ва дигар адён манзалате надоранд. Ба гуфтаи Левченко айни ҳол дар Руссия талаботи қонунҳо дар бораи тарғиботи динӣ сахт шудаанд ва Дилшод қонунҳои ҷориро вайрон намуда, дубора ба курсии муҷримини додгоҳ нишастааст.
Дар қиболи Дилшод Ризвонов тибқи моддаи 280 и Кодекси ҷиноятии Руссия «даъвати оммавӣ барои анҷом додани фаъолияти экстремистӣ» парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст ва парвандаи ӯ 24 уми октябри соли равон дар Додгоҳи шаҳри Нижний Тагил баррасӣ хоҳад шуд. Ин зиндонии тоҷик соли 2004 ба иттиҳоми қочоқи мадоди мухаддир ба дасти мақомоти Руссия афтода, 12 сол маҳкум ба зиндон гардида буд. Ҳамин тобистон бояд мӯҳлати ҷазои вай ба охир мерасид, аммо озодӣ ба ӯ насиб нахоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки ин дуюмин ҳолат аст, ки Дар Руссия тоҷикон барои таблиғи ислом байни зиндониён муттаҳам гашта, ҳукми дубора мегиранд. Соли гузашта низ як тоҷики зиндонӣ бо номи Илҳом Авазов аз ҷониби Додгоҳи Нижний Тагили вилояти Свердловск бо ҷурми тарғиби ислом яку ним сол маҳкум аз озодӣ гардид. Ин тоҷикро низ бо фарорасии мӯҳлати ҷазояш маъмурони зиндон ба тундгароӣ муттаҳам намуда буданд. Як ҳомии ҳуқуқи башар дар минтақаи Урал бо номи Александр Соколов гуфтааст, ки зиндонбонҳои Свердловск дар қиболи тоҷикон махсус мушкил эҷод мекунанд, зеро онҳо аз хабаркашӣ дар бораи рафтори ҳамтоёни худ дар зиндон саркашӣ намудаанд ва сухани маъмуринро дар ин робита ба замин гузоштаанд.
Назар ба маълумотҳо имрӯзҳо зиёдтар аз 2500 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар зиндону таҳхонаҳои вилояти Свердловск мӯҳлати ҷазои худро мегузаронанд, ки бахши аъзами онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Тоҷикон дар зиндонҳо низ машғули ибодат будаанд ва ба фарқ аз дигар адён хонаи намозгузорони дини мубини ислом дар зиндон ҳамеша бо маҳбусон пур будааст.