Хабари омодабоши ҳастаии Русияро 248 хабаргузории Русия нашр кардаанд. Пештар аз ин дар як филми мустанади кутоҳ В. Путин президенти Русия гуфта буд, ки дар замони оғози ҷанги Укроин, ба хусус дар замони гирифтани Қрим ҳам ба фикри ба ҳолати омодабош даровардани яяроқҳои атумиаш будааст.
Аммо пас аз авҷ гирифтани таниш миёни Русия ва ИМА имрӯз 248 хабаргузории Русия навиштаанд, ки Путин дастури омодабоши кишварашро барои як ҷанги эҳтимолии атомӣ содир кардааст. Ин фармон дар шаҳри Санкт Петербург ба имзо расидааст ва ҳатто миқдори хурока ва тарзи тақсими он ҳам барои мардум баррасӣ шудааст.
Ба навиштаи сомонаи “Реплия.нет” як ҳафта пеш аз ин Русия тамрини истифода аз яроқҳои биологӣ ва химиявиро низ баргузор кардааст. Ин дастури худро Путин барои ҳимоят аз Русия унвон кардааст.
Пас аз ҷанги сард ба назар мерасад бори дигар Русия мехоҳад нишон диҳад, ки он ҳоло ҳам як қутби ҷаҳон аст. Дар Сурия дар асл чанд соле ҳаст, ки ду кишвари бузург дар ду тарафи даргириҳо ҳастанд. Ҳатто натавонистанд барои оташбас дар Сурия ҳам бо ҳам тавофуқ намоянд.
Ҳоло чашми тамоми ҷаҳон ба ин ду кишвар духта шудааст. Русия ва Амрико ду қудрати бузурги атомии дунё ҷанги севвуми ҷаҳонро оғоз хоҳанд кард? Оё ин бор яроқи ҳастаӣ чи балое ба сари мардуми ҷаҳон меоварад ва киро ҳадаф қарор медиҳад? Боз ҳам қурбонии ҷанги ин ду абарқудрат мардуми Ховари миёна хоҳанд буд? Ё инки инбор кишварҳои якдигарро ҳадаф қарор медиҳанд? Инро вақт нишон хоҳад дод