Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард сохтмони бахши тоҷикистонии хатти КАСА-1000 соли 2021 ба поён хоҳад расид. Замони баҳрабардорӣ аз бахши тоҷикистонии ин хат бошад, охири соли 2021 хоҳад буд.
Дар ҳоли ҳозир сохтмони истгоҳҳои барқи баландшиддат аз ду неругоҳи барқи обии Сангтӯдаи 1 ва 2 Тоҷикистон ба Нушаҳри Покистон бо истифода аз қаламрави Афғонистон ба ширкатҳои шведӣ ва ҳиндӣ вогузор шудааст.
Масрафи сохтмони бахши тоҷикистонии ин тарҳ 314 миллион доллар ҳисоб шудааст.
Тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба КАСА-1000 як тарҳи минтақаӣ аст, ки бозори хариду фуруши барқ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо кишварҳои ҷануби шарқии Осиё ба вуҷуд меоварад.
Бо иҷрои ин тарҳ дар фасли тобистон барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад ёфт.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дар мавсими тобистонӣ то шаш моҳ метавонанд наздик ба панҷ миллиард киловат соат барқро аз тариқи хатти КАСА-1000 ба Афғонистон ва Покистон интиқол диҳанд.
Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд соли 2021 ба баҳрабардорӣ бирасад беш аз як миллиард доллар баровард шуда, ки 314 миллион доллари он ба Тоҷикистон, 209 миллион доллар ба Қирғизистон, 354 миллион доллар ба Афғонистон ва 209 миллион ба Покистон муртабит аст.
Барои иҷрои бахши тоҷикии ин тарҳ Бонки ҷаҳонӣ 45 миллион доллар, Бонки бозсозӣ ва тавсеъаи Аврупо 110 миллион доллар, Бонки исломии тавсеъа 70 миллион доллар ихтисос медиҳанд.
Маросими оғози сохти тарҳи КАСА-1000 бо ҳузури сарони кишварҳои шарик дар ин прожа рӯзи 12 май соли 2016 дар шаҳри Тӯрсунзодаи Тоҷикистон баргузор шуда буд.