Маъруф ба Ҷалолуддини Румӣ ориф ва шоири машҳур аст. Номи аслиаш Муҳаммад ва лақабаш Мавлавӣ, ё худ Мавлоно буд. Бо тахаллуси Шамси Табрезӣ ва гоҳе бо тахаллуси Хомӯш низ шеър мегуфт. Дар яке аз хонаводаҳои мӯҳтарами Балх санаи 6-уми рабеъулаввали соли 604-и ҳиҷрии қамарӣ -баробар ба 30-юми сентябри 1207 ба дунё омадааст. Балх дар он замон ҳудуди бузургу фарохе дошт, ки қариби нисфи ҷануби Тоҷикистони имрӯзаро фаро мегирифт. Падараш низ донишманди бузург буд, ки бо номи Баҳоуддин Валад мешинохтанд ва ӯро низ ҳамчун Султонулуламо ёд мекунанд. Аниқ маълум нест, ки ин оила кадом сол аз Балх кӯчида рафтанд. Падараш қасам ёд карда буд, ки то он даме подшоҳ Муҳаммади Хоразмшоҳ дар тахт аст, ба Балх барнамегардад.
Шаҳр ба шаҳр сафар карда билохира дар шаҳри Кунияи Туркия қарор гирифтанд. Бо илму фазли худ дар Куния зуд мавриди таваҷҷӯҳи хосу ом қарор гирифтанд. Ҳамон ҷо соли 628-и ҳиҷрии қамари Ҷалолуддин падарашро аз даст дод ва ҷасади Султонулуламо дар Куния ба хок супорида шуд. Бисту панҷ сол дошт Ҷалолуддин ҳангоми вафоти падар.
Нахустин нафаре, ки Мавлоноро ба водии тариқат раҳнамоӣ кард, шогирди падараш Сайид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ буд. Мавлоно муддати 9 сол шогирду ҳамнишини Сайид Бурҳониддин монд ва риёзату ибодату кашфи улум бо Ӯ дошт, то даме, ки риштаи умри устодаш ҳам канда шуд. Дар 40-солагӣ Ҷалолуддин ба тамоми маъни орифу донишманди бузурги даврони худ буд ва мухлисони зиёду эҳтироми хосае миёни мардум кашф карда буд. Бо қаландари жандапӯше , ки Шамсуддин Муҳаммад ибни Маликдоди Табрезӣ ном дошт, рӯзи шанбе, санаи 26-ум ҷамодиулохари соли 642-юми ҳиҷрӣ вохӯрд. Боқӣ 30 соли умри ориф дар шогирдиву дӯстӣ бо Шамси Табрезӣ гузашт. Дидори Шамс давраи пуршӯреро дар ҳаёти Мавлоно оғоз кард, ки намунаи беҳтарин ашъори ирфонии шоир дар ҳамин давра иншо шудааст. Ин ки Шамс ба Мавлоно чӣ гуфту чӣ омӯхту чӣ фасонаву фусун сохт, то ҳанӯз муаммоест, ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Мутаасифона шӯҳрати Мавлоноро дар замонаш муридоне худбину кинаҷӯй натавонистанд таҳаммул намоянд ва оташи ҳасуд билохира ба фитнаҷӯйӣ руҷӯ кард.
Дар ин ҳол чорае ҷуз кӯч бастани Шамси Табрезӣ намонд. Рӯзи панҷшанбе 21-уми шавволи соли 643 аз куния ба Димишк раҳсипор шуд. Аммо вақто барангезандагони фитна диданд, ки баъд аз рафтани Шамс ҳам Мавлоно ба эшон таваҷҷӯҳе зоҳир намекунад, наздаш омаданд ва пӯзиш хостанд.
Фарзанди Ҷалолудди Султон Валад бо фармони падар ба ҷустуҷӯи Шамс ба Димишк рафт, то ҳасрати ҳиҷрони падарашро расонад ва хоҳиши бозгаштанашро кунад. Бо гузашти як моҳ пиёда роҳ рафтан, Шамс ба дидори мавлоно расид. Аммо фитнаҷӯёни пушаймоншуда боз тавба шикастанду аз нав ба ғайбату бадномкунии Шамс пардохтанд. Маротибаи дигар Шамс кай Кунияро тарк кардааст, номаълум монд ва дигар нопадид ҳам шуд.
Ҷудоӣ аз дӯсту устоду ҳамфикру ҳамдами дерин барои Мавлоно хеле гарон уфтод ва ин ҳолати шоир дар ғазалиёти навиштаи ҳамон даврон бараъло мушоҳида мешавад. Яке аз намоёнтарин намунаи эҷоди ширину дилчасп ва пурмӯҳтавои Ҷалолуддин ин Маснавии маънавии ӯст. Як муддат , вақто писари ҷавонаш Алоуддин Муҳаммад дар синни 36 солагӣ дунёи фониро тарк гуфт, Мавлоно ҳатто аз навиштани Маснавӣ ҳам қариб ду сол таваққуф карда буд. Он қадар марги писар шикаста кард,ки ҷуръати дар ҷаноза иштирок карданро ҳам надошт. Баъдан дар соли 662-и қамарӣ боз сари эҷоди идомаи “Маснавӣ” камар баст.
Дар қатори дигар шӯҳратмандони назми форс Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ тавонист дар осмони маънавиёту ирфон яке аз марраҳои назаррасеро кашф намояд. То он дараҷае, ки имрӯз арабҳо Ҷалолуддинро араб буд гуфта даъво мекунанд, зеро бо забони арабӣ ва ҳуруфи арабӣ бештар нигоштааст. Туркҳо даъво мекунанд, ки Мавлоно аз онҳост, зеро агарчанде ҳарфаке ба туркӣ нагуфта бошад ҳам, дар Кунияи Туркия зиндагӣ карда, ба мақому манзалати хосае расидааст. Форсҳо бе даъвою талош ҳам хуб медонанд, ки зодаи Балхи шариф асту ашъораш ҳам комилан форсист, ақрабояш ҳам бечунучаро форсанд. Узбекҳо дар талошанд, номаълум бо кадом сабабу бо кадом мақсад. Ба ҳар ҳол меваи пухтарасидаро талабгор бисёр мешавад.
бармегардем ба ҳаёти Мавлоно Балх. Авохири умри азизи худ муддатҳо буд, ки ҷисми наҳифу хастаи Мавлоно дар каманди бемори гирифтор шуда буд. Саранҷом ин Офтоби маъно рӯзи якшанбе панҷуми ҷамодиулохари соли 672 -и ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 17-уми декабри соли 1273 аз дунёи фонӣ чашм пӯшид. Дар он рӯзи пурсӯзи сармои яхбандон аз осмони Куния донаҳои нарму ҳаририни барф меборид ва бар замин менишаст. Сайли пурхурӯши мардуми пиру ҷавон, мусалмону габр, масеҳиву яҳудӣ, ҳамагӣ дар инмотам ширкат доштанд. Донишманди он даврон Афлокӣ дар азои Мавлоно ширкат дошту дар он бора менависад : “Басо мустакбирону мункирон, ки он рӯз зуннор буриданд ва имон оварданд”
Намунае чанд аз эҷоди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Назди арбоби ҳунар мояи имон адаб аст,
Лоҷарам пешаи мардони сухандон адаб аст.
Одамизода агар беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар байни бани Одаму ҳайвон адаб аст.
Як-ду рӯзе ту дар ин мулкиҷаҳон меҳмонӣ,
Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.
Беадабро набувад лоиқи султон чизе,
Нек бингар ба яқин, лоиқи султон адаб аст.
Кардам аз ақл суоле ки бигӯ имон чист ?
Акл бар гушу дилам гуфт, ки имон адаб аст.
Чашм бикшову бубин ҷумла каломуллоҳро,
Оят-оят ҳамагӣ маънии Куръон адаб аст.
Рав писар, панди падар гуш бикун ҳар шабу рӯз,
Давлату сарвату тоҷи сари мардон адаб аст.
Шамси Табрез,бикун зикри Худои малакут,
Нағмапардозии ин мурғи хушилҳон адаб аст .
***
Ҳар марди шутурдор Увайси Қарани нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи ямани нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули мадани нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор.
Зеро ки Абуҷаҳл мусалмон шудани нест.
Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат.
Хандидани ҷаллод зи ширинсухани нест.
Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм.
Бегона барои ту бародар шудани нест.
Садбор, агар доя ба тифли ту диҳад шир.
Ғофил машав эй дӯст, ки модар шудани нест.