Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Миллиардҳо $. Зарарҳое, ки фасод дар гумруку андоз ба буҷа меорад

$
0
0

Барои он, ки як корманди гумрук соҳиби як мошини 80 000 долларӣ шавад, бояд ба хазинаи давлат ҳади ақал 300 000 доллар зарар оварад.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо кормандони Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз далелҳоеро ифшо карданд, ки дар гумон аст худи мақомот мехостанд он ифшо шавад.

Яке аз ин далоил дуздии миллиардҳо сомонӣ аз тарафи кормандони ин ду ниҳод ва зарари ҷуброннопазири он ба иқтисоди кишвар аст. Раҳмон маблағи пулҳои дуздидашавандаро баробари як буҷаи Тоҷикистон гуфт. Таҳлили арқоми ироакардаи ӯ дар он нишаст нишон медиҳад, ки ин як даъвои холӣ нест ва воқеъан миллиардҳо доллар тавассути кормандони ин ду ниҳод дуздида мешаванд.

Яке аз мисолҳое, ки раисҷумҳур зад, қаллобии  Ориф Раҷабзода, собиқ сардори гузаргоҳи Панҷи Поён буд. Дар як “амалиёт” Раҷабзода хостааст 1025 тонна (!) шакарро, қимати гумрукияш на камтар аз 5 миллион сомонӣ мешавад, бидуни барасмиятдарорӣ вориди Тоҷикистон кунад. Зараре, ки ин мақомдори гумрук метавонист ба давлат ворид кунад,  1 миллиону 250 ҳазор танҳо аз боҷи гумрукӣ аст. Вақте бор бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид мешавад, табиист, ки аз андоз ҳам фирор мекунад. Маблағи андозҳои вориднашуда аз фурӯши 1025 тонна шакар ҳам метавонад на камтар аз 1 миллион сомонӣ бошад.

Шояд Орифзода барои ворид кардани ин миқдор бор, тибқи анъана ними маблағи боҷи гумрукӣ, яъне ҳудуди100-200 000 сомонӣ ришва гирифтааст, аммо зараре, ки ӯ метавонист ба давлат ворид кунад, бештар аз 2 000 000 мешавад.

Дар Тоҷикистон ҷиноятҳои коррупсионӣ хеле кам ифшо мешаванд ва ифшошавии ин ҷинояти Орифзодаро ҳам мешавад як истисно гуфт. Аммо бо муқоиса кардани ин сатҳи фасод бо воридоти мол дар Тоҷикистон мешавад ҳаҷми тахминии молҳои бо роҳи қочоқ воридшавандаро ҳисоб кард.

Ин ҳаҷм дар мисоли Раҷабзодаи дигар — Шаҳбоз низ баръало ба мушоҳида мерасад. Раҳбари як дидбонгоҳи гумрукӣ тавониста дар 1 солу ҳашт моҳ соҳиби 3 хона (яктояш 9 ҳуҷрагӣ) се мошин шавад, 16 маротиба ба хориҷ сафар кунад ва инчунин пул интиқол диҳад. Шояд на ҳамаи ин амволро ӯ баъди расиданаш ба ин мансаб ҷамъоварӣ кардааст, вале ҳатто агар ними он меъёр гирифта шавад, пас ӯ тавониста дар 20 моҳ садҳо ҳазор доллар ришва ситонад. Дар гумон аст, ки барои 100-200 ҳазор доллар дар хориҷ суратҳисоб боз карда бошад.

Мисоли Орифзода нишон медиҳад, ки барои ба даст овардани масалан 200 000 доллар ӯ бояд иҷоза диҳад ба маблағи ҳудуди 10 миллион доллар бор бидуни расмиёт ворид гардад, ки зарарша ба буҷа на каматр аз 2 миллион доллар мешавад. Ин маблағро дар сатҳи кишвар ҳисоб кунед.

Чанд сол қабл мақомоти Чин хоста ё нохоста як сирри мақомоти Тоҷикистонро ифшо карданд. Ниҳоди омории ин кишвар эълон кард мабалғи худируфурӯш бо Тоҷикистон беш аз ду миллиардро ташкил додааст. Дар ҳоле, ки тибқи омори Тоҷикистон ин маблағ ҳудуди 600 миллионро ташкил медод. Аз ин фарқ танҳо як хулоса мешавад гирифт: 70 дарсади молҳои вридшавнада аз Чин бидуни расмиёт ва бо роҳи қочоқ ворид мешаванд. Дар як сол ба маблағи наздик ба 1,5 миллиард доллар ва танҳо аз Чин!  Зарари буҷа аз ин ҷиноят на камтар аз 300 миллион доллар танҳо аз ҳисоби боҷу пардохтҳои гумрукиро ташкил медиҳад!

Далели вуруди молҳои қочоқӣ аз Чинро номаи гумрукчиён ба сомонаи Ахбор низ тасдиқ мекунад. Дар он омадааст “мошинхоеро, ки бо таври қочоқ, яьне контрабанда меоварданд аз сарҳади Хитой, маҳз ҳамин сардори мобилии терминал Шамсиддин Валиев роҳбарӣ карда аз Помир меорвард ва сари ҳаряк «Долунг”-и хитоӣ 1000 доллар гирифта, сипас ба Шаҳбоз Раҷабзода месупорид бо имзо. Раҷабзода ба навбати худ пулҳоеро, ки бояд ба буҷа мерафт, ба тарафи кисаи худ мегардонд, вале гунаҳкори асоси Шамсиддин Валиев буд”.

Тоҷикистон ду баробар бештар аз Чин бо Русия ҳам додугирифт мекунад. Тиҷорат бо Қазоқистон ҳам аз Чин 1,5 баробар бештар аст. Барои мисол, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон бо Русия дар ҳаҷми $332 млн, Қазоқистон бо $277 ва Чин $180 млн  додугирифт анҷом додааст. Аз Қазоқистону Русия дар кадом сатҳ қочоқ ворид мешавад, маълум нест.

Ҳамин тавр, барои он, ки як корманди гумрук соҳиби як мошини 80 000 долларӣ шавад, бояд ба хазинаи давлат ҳади ақал 300 000 доллар зарар оварад.

Қасру кӯшкҳои таъаллуқдошта ба кормандони ин ду ниҳод, ки Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо ёдоварӣ кард, бо ҳамин роҳ сохта шудаанд.

Барои он ки миллионҳо доллари яке аз сарватмандтарин нафарони кишвар, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ҷамъ шаванд, хазинаи давлат миллиардҳо доллар зарар дидааст.  Дар ин кумита ҳазорҳо нафар кор мекунанд, ки барои худашон зиндагии роҳате сохтаанд, садҳо нафар кормнадони ин ниҳод миллионер гаштаанд.

Раисҷумҳур вақте дар бораи ҷинояти Ориф Раҷабзода ҳарф зад, чизе дар бораи соҳиби он 1025 тон шакари қочоқ нагуфт. Дар ҳоле, ки гуноҳи он “соҳибкор” камтар аз Раҷабзода нест.

Вақте Эмомалӣ Раҳмон Шаҳбоз Раҷабзодаро истинтоқ карду аз кор ронд, аз Хуршед Каримзода, раҳбари Хадамоти гумрук напурсид, ки худаш чанд хона, чанд мошин ва чанд зан дорад.

Зеро:

Тиҷорати шакар монополияи Зоир Соҳибов, домоди раисҷумҳур аст. На Ориф Раҷабзода ва на ҳеҷ корманди дигари гумрук ба ҳеҷ ваҷҳ ҷуръат намекунад бе иҷозати Зоир Соҳибов ҳатто як халта шакарро ба Тоҷикистон ворид созад.  Аз ҳамон мактуби кормандони гумрук маълум гардид, ки Ориф Раҷабзодаро баъди он ҷинояташ ба вазифаи дигар гузарондаанд — сардори шуъбаи батанзимдарории Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Хуршед Каримзода бошад писархолаи раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

Шумо ҳанӯз ҳам ба мубориза раисҷумҳур бо фасоди молӣ бовар доред?


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles