Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон қувваозмоӣ мекунанд

$
0
0

Рақибони эҳтимолии дастаи Футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон, ки тирамоҳи ҳамин сол  дар Бразилия хощад гузащт, маълум шуданд

Футболбозони навраси тоҷик бори дуюм аст, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Дастаи Тоҷикистон ба ҳаққи иштирок дар ин мусобиқа дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия мушарраф гардида буд.

Маросими қуръакашии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон байни наврасон санаи 22 июн дар маҷмааи намоишгоҳии Риосентрои Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ 24 тими иштирокчии мусобиқа  4-дастагӣ ба 6 гурӯҳ тақсим карда мешаванд.

Дар дар мусобиқаи соли 2007 футболбозони навраси тоҷик ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфта буданд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Ҷоми Осиё – 2018 мақоми дуюмро соҳиб гардид ва ба Ҷоми ҷаҳон — 2019 роҳхат гирифт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>