Бар асоси додаҳои Бонки марказии Туркия моҳи март ба ин кишвар беш аз 800 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки сармоягузории кишварҳои аврупоӣ дар Туркия қариб ду баробар коҳиш ёфтааст.
466 миллион доллар, муодил 56.8 дарсад аз ҳаҷм кулли сармоягузориҳои анҷомшуда дар ин кишвар дар моҳи марти гузашта, тавассути сармоягузорон осиёӣ буда, бештарини онро озарбойҷониҳо анҷом додаанд.
Дар ин давра 342 миллион доллар аврупоииҳо, 10 миллион доллар амрикоиҳо ва 2 миллион доллар низ африқоиҳо дар Туркия сармоягузорӣ кардаанд.
Бештарин мизони сармоягузории хориҷиҳо дар Туркия тайи моҳ марти 2019 дар бахшҳои марбут ба тавлид барқ, газ, бухор ва системаи омодасозии хӯрок будааст. Дар ин давра сармоягузорони сокини кишварҳои хориҷӣ 420 миллион доллар дар Туркия дар бахшҳои мазкур сармоягузорӣ кардаанд.
Туркия дар ин моҳ бештарин сармоягузориро ба тартиб аз кишварҳои Озарбойҷон, Англия, Италия ва Фаронса ҷазб кардааст. Сармоягузорони озарбойҷонӣ дар маҷмӯъ 427 миллион доллар муодил 49.9 дарсади кулли сармоягузориҳои хориҷиҳо дар Туркияро ба худ ихтисос додаанд.
Англия 253 миллион, Италия 22 миллион ва Фаронса 12 миллион доллар дар Туркия сармоягузорӣ кардааст.