Барои шахси рӯзадор мустаҳаб аст, ин амалҳоро риоя намояд:
- Аввалан саҳархӯрӣ, саҳархӯрӣ бо иҷмои тамоми уламо мустаҳаб аст. Инсони рӯзадор, агар ҳангоми саҳар хӯрок хӯрад, аҷр мегирад, аммо агар барои саҳархӯрӣ бедор нашавад ва ё саҳархӯриро тарк кунад, ҳеҷ боке надорад ва рӯзааш саҳеҳ аст.
Паёмбар мегӯянд:
تسحروا فان في السحور بركة
Саҳархӯрӣ кунед, ҳамоно саҳархӯрӣ барака дорад.(Бухорӣ ва Муслим)
Дар ҳадиси дигар мефармоянд:
عليك بهذا السهور فانه هو الغذاء المبارك
Шумо албатта дар саҳарии Рамазон хӯрок хӯред, зеро таоми саҳарӣ баракат дорад. (Аннасои)
Баракати хӯроки саҳарии Рамазон дар он аст, ки шахси рӯзадорро қавӣ мегардонад ва рӯзагирӣ барояш осонтар мешавад.Чуноне, ки илми тиб исбот кардааст, қуввати таоми саҳарии барвақт тановулкарда тамоми рӯз ҷисмро наҷот мебахшад.
Агар инсон дар саҳарӣ ҳатто як дона хурмо ва ё қатраи оберо нӯшад, ҳам таоми саҳар ҳисобида мешавад.
Паёмбар мегӯянд:
السحور بركة فلا تدعوه و لو ان يجرع احدكم جرعة ماء و ان الله و ملائكته يصلون على المتسهرين
+
Саҳархурӣ баракат дорад, ҳаргиз саҳархӯриро тарк накунед, ҳатто агар ба андозаи як бор нӯшидани об ҳам бошад. Ҳамоно Аллоҳ ва фариштагонаш барои шахсони саҳархез раҳмату дуо мефиристанд. (Муснади Аҳмад)
Вақти саҳархурӣ аз нимаи шаб шурӯъ мешавад, то дамидани субҳ давом меёбад. Ва беҳтар аст, ки саҳархӯриро шитоб накарда, то дамидани субҳ хӯрок хӯрем.
Паймбар мегӯянд:
لا تزال امتي بخير ما عجلوا الفطر و اخروا السحور
Умматони ман ба хайру саломат ҳастанд, то замоне, ки дар ифтор кардан, шитоб мекунанд ва дар саҳар хӯрдан шитоб накарда то дамидани субҳ саҳархӯриро ба таъхир меандозанд. (Бухорӣ)
2) Одоби дигари шахси рӯзадор ин аст, ки то тавон барвақт ифтор кунад. Ба маҳзи он, ки офтоб ба пуррагӣ фуруъ меравад, бояд ифтор намояд.
Чигунае, ки дар ҳадиси Бухори омадааст, Паёмбар мегӯянд:
Умматони ман ба хайру саломат ҳастанд, то замоне, ки дар ифтор кардан шитоб кунанд, ифторро ба таъхир наандозанд.
3) Барои шахси рӯзадор суннат аст, бо донаҳои хурмо як ва ё се ва ё панҷ донаҳои тоқ ифтор намояд, агар хурмо надошта бошад, бо нӯшидани об.
Анас ибни Молик мегӯянд:
Паёмбари акрам бо хурмо ифтор мекарданд, агар хурмо вуҷуд надошта бошад, бо об . (Абудовуд)
Инчунин суннат аст, бо шунидани азон бо чанд дона хурмо ифтор кунем, сипас намоз гузорем ва пас аз намоз таом хӯрем.
Барои шахси рӯзадор дар аснои рӯзааш ва инчунин ҳангоми ифтор дуо кардан, суннат аст. Албатта дуои шахси рӯзадор, хусусан ҳангоми ифтор иҷобат мегардад.
Паёмбар мегӯянд:
ان للصائم عند فطره دعوة ما ترد
Ҳамоно дуоҳои шахси рӯзадор, ҳангоми ифтор карданаш ҳаргиз рад карда намешавад. (Тирмизӣ)
Инчунин хондани дуо пеш аз ифтор низ суннат мебошад. Паёмбар ҳамеша пеш аз ифтор ин дуоро мехонданд:
ذهب الظمأ و ابتلت العروق و ثبت الاجر ان شاء الله
Ҳамоно ташнагиҳо бартараф гаштанд, арақҳо хушк шуданд, ва аҷри рӯзадори ҳосил гашт иншоааллоҳ. (Абудовуд)
Муслимаи Аҳмадӣ