Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

29 кушта, аз ҷумла нафарони маъруф дар зиндони Ваҳдат

$
0
0

Хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи      Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст бетартибӣ дар зиндони шҳари Ваҳдат бо ибтикори тарафдорони “Давлати исломӣ” сар задааст. Яке аз раҳбарони ошӯб писари сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов эълон шудааст.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷроиҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд бетартибӣ ба амал омад.

“Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд” — хабар медиҳад манбаъ.

Ин гурӯҳ “се корманди муассисаи ислоҳӣ — майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовичро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд”.

Манбаъ мегӯяд аз тарафи ин гурӯҳ 5 нафар маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур) бо мақсади тарсонидани маҳбусони дигар бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида шуда, даҳҳои нафар маҳбусони дигар латукӯб ва захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин дафтари матбуотии ВАзорати адлия хабар додааст, аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии муассисаро оташ зада, якчанд нафар маҳбусонро гаравгон гирифтанд ва бо мақсади фирор аз муассиса ба кормандони он ҳуҷум карданд.

“Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд” — омадааст дар гузориш.

Оид ин ҳодиса аз тарафи Додситонии кулл парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад. “Низоми муқаррарӣ дар муассиса, ки дар он якуним ҳазор нафар маҳбусон адои ҷазо мекунанд, барқарор карда шуда, вазъият зери назорат қарор дорад” — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Хабаргузории Спутник ҳам бо истинод ба Мансур Умаров, сардори Раёсати муассисаҳои иҷрои ҷазо шумори  кушташудагонро 29 нафар гуфтааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>