Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳиҷобпӯшии як вакили утришӣ дар эътироз ба манъи он

$
0
0

Порлумони кишвари Аврупоии Австрия қонуне тасвиб карда, ки бар асоси он, ҳиҷоби исломӣ дар муассисаҳои таълимии ин кишвар мамнӯъ мешавад.

Марта Бисман, вакили парлумони Австрия, рӯзи ҷумъа 17 май, дар эътироз ба мамнӯияти ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ, зимни баромадаш дар порлумони ин кишвар рӯсарӣ ба сар карда, ба суханронӣ пардохт.

Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, тасвири Марта Бисман (Martha Bissmann)-ро дар ҳоле нишон дода, ки пеш аз нутқаш дар маҷлиси парлумон, рӯсарии сурхранге бар сар карда, ба ҷонибдорони тасвиби қонуни манъи русарӣ мегӯяд: “Маро нигоҳ кунед, оё бо пӯшидани ҳиҷоб тағйире кардаам? Оё ман, Марта Бисман, намояндаи порлумони Австрия нестам? Оре! Ман ҳамон хонуми озодихоҳ ва мухолифи фирқагароӣ ва мудофеи ҳуқуқи занон ҳастам.”

Бисман дар идомаи суханаш гуфт: “Ман ҳамон фарде ҳастам, ки ба ин натиҷа расидаам, ки инсон озод мутаваллид шудааст. Ифтихори инро доштам, ки дар моҳҳои гузашта, бо бисёре аз хонумҳои бузургвори мусалмон дар кишвар ошно шудам; афроде, ки ба унвони пизишк, физикдон, муаллим фаъолият доранд, аммо шумо мехоҳед бо ин қонун, ононро муҷозот кунед. Тамомии ин афрод заноне муваффақ ва баландпарвоз ҳастанд ва риояти ҳиҷоб монеъ аз пешрафт, тараққӣ ва анҷоми вазифаашон нашудааст.”

Бисман ба намояндагони парлумон, ки қонуни зидди ҳиҷобро тасвиб кардаанд, тавсия кард: “Ба ҷойи он ки шумо аз занони мусалмон ҳарф бизанед, биёед бо онон мустақиман сухан бигӯед.”

Бисман гуфт: “Мо метавонем арзишҳои зиёде чун гузашт, ҳисси кӯмак кардан, ҳамбастагӣ ва ишқ ба кор барои манофеи ҷамъиро аз занони мусалмон биёмӯзем.”

Гуфтанист, мамнӯияти ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимии Австрия, бо интиқодҳои зиёде дар расонаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, аммо сиёсатмадорони ростӣ ва популисти урупоӣ аз он ҳимоят кардаанд.

Мутобиқи қонуни нави Австрия , донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ аз пӯшидани “либосҳои  мазҳабӣ аз ҷумла русарӣ” манъ мешаванд. Ин қонун ба таври хосс пӯшидани кулоҳҳои яҳудии “кипо” ва пӯшиши махсуси сикҳои ҳиндӣ (порко)-ро мустасно кардааст.

Ин қонун бо ҳимояти намояндагони узви эътилофи рости ҳоким шомили ҳизби муҳофизакори “Мардум” ва ҳизби “Озодӣ”, ки 60 дарсади курсиҳои порлумонро доранд ба тасвиб расид.

Созмони мусалмонони Австрия, ки давлат онро ба расмият шинохтааст, дар баёнияе таъкид кард: “Мамнӯияти ҳиҷоб дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ фақат мунҷар ба тафриқа ва табъиз алайҳи духтарони мусалмон мешавад ва лағви ин қонуни табъизомезро дар додгоҳи қонуни асосӣ матраҳ мекунем.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>