Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Иқтисоди Русия аз рушд боз монд

$
0
0

Вазорати иқтисоди Русия эълом кардааст, мизони тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии ин кишвар, ки бояд таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ ба яку ним дар сад мерасид 8 даҳуми дар садро ташкил додааст.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, танҳо ним дар сад афзоиш ёфтааст, ки метавонад сабаби коҳиши музди меҳнат ва мушкилоти ҳуқуқии  муҳоҷирони кориихориҷӣ аз ҷумла тоҷикон низ шавад.

Зиёда аз 1 миллион ва 200 ҳазор  муҳоҷири кории тоҷик дар соли 20014 аз Русия ба кишвар 4 миллиарду 200 миллион доллар фиристода буданд, ки ин нишондиҳанда, дар соли 2018 ба 2 миллиарду 500 миллион доллар фаромад. Ба далели коҳиши наздик ба 50 дар садии даромади муҳоҷирони тоҷик ба кишвар низоми Бонкии Тоҷикистон дучори буҳрони сахте шуд. Ин раванд заминаи лағви иҷозатномаи  ду Бонк ва беш аз 20 муасисаи молӣ ва эътибориро фароҳам сохт ва акнун мардум наметавонанд пулҳои ба бонкдодаашонро аз Бонкҳои буҳронзада бозпас гиранд.

Барои коҳиши вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи муҳоҷирони корӣ аз хориҷ, Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмиллаии пул аз Ҳукумати ин кишвар дархост кардаанд, ки бо фароҳам кардани фазои беҳтари сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ решакан сохтани фасод ва ришвахорӣ, офаридани ҷои кор, заминаи рушди иқтисоди кишварро бо истифода аз тавонмандиҳои дохилӣ муҳаё намояд.

Бо ин ҳол коршиносон муътақиданд, Ҳукумати Тоҷикистон барои пазириши ин пешниҳод омода нест ва идомаи фасод ва ришвахорӣ, вуҷуди муҳити тарс ва ноамн барои сармоягузорӣ, андози сангин ва тафтишу санҷишҳои зиёди  ниҳодҳои назоратӣ, фаолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар кишварро ба шиддат таҳти таъсир қарор медиҳад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>