Умар ибни Абдулазиз бо лақаби амир ал-мӯъминин машҳур мебошанд. Барои он ки замони хилофаташон хеле ба хилофати хулафои рошидин монанд аст.
Падарашон Абдулазиз писари Марвон, модарашон Лайло бинти Осим буданд.
Умар ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба талаби илму одоб шурӯъ карда буд.
Падари Умар халифаи Миср буд ва хост Умарро ҳамроҳаш аз Шом ба Миср барад. Аммо Умар аз падар хоҳиш кард, ӯро ба Мадина фиристад, то дар назди донишмандони Мадина талаби илм намояд. Падар ба Умар иҷозат дод, то ба Мадина равад ва ҳамроҳаш чанд хидматгоронро низ фиристод то аз Умар, ки ҳанӯз хеле ҷавон буд, нигоҳубин кунанд. Умар дар Мадина тамоми вақташро дар назди уламо сипарӣ мекард ва асло бо ҳамсолонаш пайваст намешуд, то ин ки бо камоли илму одоби паёмбарӣ дар байни мардум шӯҳрат ёфт.
Анас ибни Молик саҳобии Паёмбар мегӯянд:
Ман дар умрам аз паси имоме намоз нагузоштаам, ки намозаш он қадар ба намози Расулаллоҳ шабоҳат дошта бошад, магар ин ҷавон, ки намозаш айни намозгузории Расулаллоҳ аст.
Аз рӯзе ки Умар ибни Абдулазиз халифаи мусалмонон эълон шудан, ҷавонмардиву хоксорӣ боадолативу раҳмдили ҳувайдо гашт. Ба маҳзи халифа гаштани худ Умар тамоми айшу ишрат, лаззату нафспарастии ҳавопарастонро зери по карда буд.
Вақте халифа гашт аз ӯ хоҳиш карданд, то дар аспҳои зебову давандае, ки дар он фақат хулафо савор мешаванд, савор шавад, аммо Умар гуфт, ман бо ҳамон аспе, ки пештар савор мешудам боқӣ мемонам, ба ман аспҳои умаро лозим нест.
Вақте аз ӯ хостанд, то дар қасри хулафоӣ сукунат кунад, гуфт, на, ман ниёз ба қасрнишинӣ надорам, хонаи кӯчаки худро тарк намекунам.
Пас аз халифа шудан, аввалин суханаш ба мардум ин буд:
Эй мардум! Ҳеҷ китоби осмоние баъд аз фуруд омадани Қуръон вуҷуд надорад ва ҳеҷ Паёмбаре баъд аз Муҳаммади мустафо нахоҳад омад. Ман қозию ҳукумрони шумо нестам, балки иҷрокунандаи вазифаам мебошам. Ман бидъаткору ихтирогар нестам, балки пайравикунандаи Паёмбар мебошам. Ба дурусти, ки агар марде аз дасти ҳокими золим гурезад, он мард золим нест, балки он ҳокими ӯро ба гурез оварда, золим асту гунаҳкор аст. Бидонед, асло дар баробари гуноҳ кардан ба Холиқ итоат кардани махлуқ саҳеҳ нест.
Эй мардум ман соҳиби виҷдони болоҳиммат мебошам. Ҳар чизе, ки ба дастам меояд, мехоҳам аз он ҳам беҳтарашро дошта бошам. Имрӯз ба ман хилофат омад, бо дунёи неъмату амволаш, ман бошам инро нахоста аз ин ҳам бузургтарошро мехоҳам, ман ба ҷои ин дунёву неъматҳояш ҷаннати Парвардигорро мехоҳам, пас маро барои ноил шудан ба он ҷаннат ёрӣ кунед. Раҳмати Аллоҳ шомили ҳолатон бошад.
Умар ибни Абдулазиз ҳамагӣ ду солу шаш моҳ халифа буданд, аммо дар ин муддати кӯтоҳ тавонистанд ҳаққи тамоми мазлумонро баргардонанд. Ба тамоми мардум ҳаққу ҳуқуқашоро диҳанд. Дар муддати хилофаташон ҳар рӯз нидокунандае фарёд карда мегуфт:
Куҷо ҳастанд қарздорон! Куҷо ҳастанд шахсоне, ки барои издивоҷ кардан, мол надоранд? Куҷо ҳастанд дармондагону ятимон. Биёянд то ҳоҷоташонро бароварда созем.
Ҳамсари Умар Фотима мегӯянд:
Рӯзе ба назди ҳамсарам даромадам, ки дар ҳоли намоз буд. Чеҳраашро бо дастонаш пушида мегиристу мегирист. Оби чашмонаш чеҳраашро мешуст.
Аз ӯ пурсидам ба ту чӣ шуд? Ба ман гуфт:
Вой бар ту Фотима магар намедонӣ, ки ман волии ин уммат гаштам, ман халифаи инҳо мебошам. Ҳоло дар бораи фақири гурсана монда, беморӣ бесарпаноҳ гашта, мискини урёну белибос, ятимони дилшикаста, бевазани танҳомонда, мусофиру дар ғариби афтода, шахсони пиру фартӯт гашта, падарони фақири серфарзанд фикр мекунаму мегирям. Ин гуна муҳтоҷону фақирон дар ҳар гӯшаву канор зиндагӣ доранд, ман бошам аз ҳолашон бехабар ҳастам. Аллоҳ маро дар рӯзи қиёмат аз ҳаққи ҳамаи ин мазлумон савол мекунад, ман ба парвардигорам чӣ посух хоҳам дод. Дар пешгоҳи Аллоҳ ҷавобгариямро тасаввур карда, мегирям.
Ҳамсари Умар Фотима мегӯяд: Эй кош байни мову байни хилофат ҳамчун машриқу мағриб дур мебуд. Аз рӯзе, ки Умар халифа шуд, мудом дар чеҳрааш ғаму андӯҳ ва гиряро мебинам.
Умар ибни Абдулазиз пас аз дуним соли хилофат аз таъсири заҳре ки душманонашон барояшон дода буд, вафот карданд.
Аммо дар давоми дуним сол он қадар одилона ҳукумронӣ карданд, ки ҳамеша дар китобҳои таърих ҳамчун намунаи беҳтарини халифаи одил, ёдовар мешаванд.
Муслимаи Аҳмадӣ