Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Махсуми Абдусаттор аз баногӯшаш тир хӯрда буд (Аксҳо)

$
0
0

Дар баногӯши Каримов Саттор, маъруф ба Махсуми Абдусаттор, ки дар фоҷеъаи зиндони Ваҳдат кушта шуд, асари тирхӯрдагӣ дида мешуд. Дар ин бора як манбаъи мӯътамади Паём, ки дар ҷанозаи ӯ ширкат дошт ва ҳангоми ивази кафан ҷасади ӯро дидааст, хабар дод.

Манбаъ хабари қаблии сар бурида шудани Махсумро рад кард ва гуфт танҳо асари тир ва асари ду зарба бо арматур ё ягон ҷисми моананд ба онро мушоҳида кардааст.

Дар яке аз ду акс ҳам, ки дастраси Паём шуд, дар гӯши чапи Махсуми Абдусаттор асари захм мушоҳида мешавад. Зоҳиран мақомот хостаанд бо паҳни хабари сар бурида шудани Махсуми Абдусаттор ва Эшони Қиёмиддин гузинаи ошӯби тарафдорони Доишро қувват диҳанд.

Дар ҳамин ҳол тафтиши ин ки Эшони Қиёмиддин сар бурида шуда буд ё на, инконнопазир аст — тибқи маълумоти расида, ӯро бидуни ҷаноза ва нишон додан ба пайвандонаш гӯронидаанд. Ба сари қабраш ҳам ҳеҷ нафар аз мардонро роҳ надодаанд

Дар аксҳое, ҳам, ки дастраси Паём шуданд, дида мешавад, се амниятӣ сари қабри Эшон истодаанд ва атрофашонро занон печонидаанд.

Дар акси дигар зане, ки зоҳиран ҳамсари Эшони Қиёмиддин аст, дида мешавад, ки аз ҳуш рафтааст.

Асари тир дар баногӯши Махсуми Абдусаттор даъвои мақомот мабнӣ ба куштани шудани ӯ аз тарафи тарафдорони Доъишро рад мекунад. Ҳамчунин нишон медиҳад, ки ӯ аз паҳлӯ паронда шудааст.

Манбаъ ҳамчунин гуфт мақомоти интизомиву амниятӣ роҳҳои рафтан ба хонаи Махсуми Абдусатторро баста буданд ва танҳо ба хешу табор ва наздиконаш иҷоза медоданд ба хонаи марҳум раванд. Тибқи ҳисоби манба ҳудуди 150 низомипӯш ва 70-80 нафар бо либоси мулки дар маҳалла ҳузур доштанд.

Махсуми Абдусатторро дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе дар назди поягузорон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода гӯрониданд.

Ҳамчунин тибқи гузориши сойти Ахбор, мақомоти милиса писари 20-солаи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро нимаи дуюми рӯзи 20 май дар қабристони зодгоҳаш – деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб бидуни намози ҷаноза ба хок супурдаанд ва ба наздикони ӯ имкони видоъ бо Беҳрӯзро надодаанд. Аммо ҷасади Фахриддин Ҳалимовро рӯзи 20 май барои гӯручӯб наовардаанд.

Надодани қисмате аз ҷасадҳо, бидуни нишон додан ба наздиконашон гӯронидани баъзеи дигар, дурӯғгӯи дар бораи кушта шудани се нафари маъруф аз тарафи ҷонибдорони Доиш ва дигар баёнияҳои зиддунақизи мақомот шубҳаҳоро оиди рост будани даъвоҳои онҳо бештар мекунад.



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles