Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ТАЪРИХИ УММИ СУЛАЙМ

$
0
0

Умму Сулайм духтари Милҳон номи аслиашон Румайса мебошад. Ин саҳобазани бузург аз нафароне мебошанд, ки хеле барвақт аз дигарон имон меоранд.

Имом Нававӣ мегӯянд, Умму сулайм аз тарафи ширхорагӣ холаи паймбар мебошанд. Ва аз маҳрамҳои паёмбар маҳсуб мешаванд, аз ин рӯ паёмбар ба наздашон зуд-зуд мерафтанд, ҳамроҳашон менишастанд.

Пеш аз ислом овардан, Умму Сулайм ба Молик ибни Назр ба ҳамсари баромада буданд ва аз Молик соҳиби як фарзанд Анас ибни Молик шуда буданд.

Вақте Румайса имон оварданд, шавҳарашон Молик ибни Назр имон наовард. Ба сабаби имон овардани Умму Сулайм ҳамсару фарзандаш Анасро тарк карда, ба Шом ҳиҷрат кард ва дертар дар Шом вафот кард.

Вақте Паёмбар ба Мадина омаданд, Умму Сулайм чизе надошт, то ба Паёмбар иҳдо кунад, ягона дорогие, ки дар дасташ буд, писараки кӯчакаш Анас буд, Умму Сулайм дасти Анасро гирифта ба назди Расулаллоҳ омад. Ба назди Паёмбар омаду гуфт: Паёмбари Аллоҳ ман мехоҳам писарамро ба шумо супорам, то хидматгузорӣ шумо бошад, дар корҳоятон ба шумо кӯмак расонад.

Беҳтарин модар модаре, ки фарзанди ягонаашро ба дасти Расулаллоҳ месупорад, то баробари хидмати паёмбарро кардан аз илму одоби паёмбар баҳра гирад, то дар дасти паёмбар тарбият ёбад.

Умму Сулайм зане буд, ки ҳамеша барои даъвати дини Илоҳӣ кӯшиш мекард. Аз бузургтарин маҳсули даъвати Умму Сулайм исломи шавҳарашон Абуталҳа мебошад. Абуталҳа ба назди Умму Сулайм омада аз эшон хостгорӣ мекунад, дар ҳоле, ки имон наоварда буд. Умму Сулайм ба Абуталҳа мегӯянд:

Абуталҳа ту марди хубу бообрӯй ҳастӣ, аммо ман мусалмон ҳастам ва ту мушрик. Дини ман иҷозат намедиҳад, бо марди мушрик издивоҷ намоям. Абуталҳа оё медонӣ, ки бутҳое, ки ту худо мегӯию парастиш мекунӣ, устое аз қабилаи фалон бо дастонаш месозад. Он худоҳҳо ба ҷуз чӯбҳои сохта шуда чизи дигаре нестанд, агар хоҳӣ метавонӣ он чӯбҳоро оташзанӣ онҳо месӯзанду коре барои худашон анҷом дода наметавонанд.

Агар хостӣ дар бораи Ислому яктопарастӣ фикр кун. Агар ислом оварди ман  ҳамсарии туро қабул месозам ва ба ивази маҳрам танҳо ҳидоят ёфтани туро мехоҳам.

Абуталҳа пас аз чанд рӯзи тафаккуру тадаббур оиди худоҳои сохта шудаву даъвати Паёмбарӣ, ба Аллоҳ имон меоваранд. Ба маҳзи имон овардан бо Умму Сулаям издивоҷ менамоянд ва маҳри Уммусулайм исломи Абуталҳа мегардад.

Уммусулайм бо шавҳарашон Абуталҳа муддате зиндагӣ мекунанд ва соҳиби фарзанд як писар мегарданд. Бо ҳикмати Илоҳӣ ва барои санҷиши ин ду ҷуфт писарча дар хурдсолиаш вафот мекунад. Вақте кӯдак вафот мекунад, Абуталҳа берун аз хона дар паи ризқурӯзӣ буданд. Уммусулайм ба хешовандон мегӯянд, ки Абуталҳа ҳангоми шом ба хона меояд, аз шумо хоҳиш мекунам ба ӯ дар бораи марги фарзандамон чизе нагӯед, то ин ки ман худам хабар диҳам.

Вақте шавҳар аз кор меояд, Уммусулайм ба мисли ҳар вақта хурок ҳозир намуда, худро зиннат дода шавҳарро пешвоз мегиранд. Пас аз тановули таом ва наздики бо шавҳар Уимусулайм ба шавҳарашон мегӯянд:

Медонед, фалон оила аз оилаи дигар чизеро ба амонат талаб намудаанд. Он оила, не нагуфта амонати талабнамудаашонро додаанд. Ва пас аз чанд муддат соҳибони амонат талаб кардаанд, то он нафарон  амонаташонро бозпас диҳанд. Аммо он оилаи амонатро гирифта бо исрор, не мо намедиҳем гӯён, ҷавоб додаанд. Шумо дар мавриди ин шахсоне, ки амонати касро додан намехоҳанд, чӣ гумон мекунед?

Абуталҳа мегӯянд: Онҳо ҳақ надоранд амонатро намедиҳем гӯён исрор варзанд, бояд амонат ба назди соҳибаш баргардад.

Сипас Умму Сулайм мегӯянд, ана ҳамин тавр фарзанде, ки дар дастамон аз ҷониби Аллоҳ амонат буд, ба назди амонатдор баргашт, шумо, ки намехоҳед ба тақдири Илоҳӣ норозигӣ кунед, чаро амонататро гирифтӣ гӯён, ношукрӣ намоед.

Абуталҳа мегуянд, ту ҳақ ҳастӣ, амонат ба назди соҳибаш баргашт ва ман ба ҷуз таслиму ризогӣ ба тақдирӣ Илоҳӣ чизи дигаре намегӯям.

Фардои он рӯз ба паёмбар аз шаби гузашта хабар медиҳанд. Паёмбар мегӯянд, Аллоҳ шаби онҳоро муборак гардонид. Сипас Умму Сулайм ҳамроҳи ҳамсарашон ба ивази ин сабри зебое, ки карданд соҳиби ҳафт писар мегарданд.

Ба рости, ки Аллоҳ собиронро беподош намегузорад.

Муслимаи Аҳмадӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>