Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Эътирози вакил алайҳи имтиёзи нав ба IRS

$
0
0

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи пардумон алайҳи аз ҳисоби грантҳои Покистон сохта шудани долонҳои зиддитармавӣ эътироз кард. Ӯ ба ин назар аст, ки модоме IRS масъули нигаҳдории ин роҳ аст, долонҳо ҳам аз ҳисоби ин ширкат бояд сохта шаванд.

Усмонзода пешниҳод кард гранти Покистон ба ҷои дигар истифода бурда шавад. Ӯ суол гузошт “ин пули иловагӣ аст? Ин роҳ хидматчӣ дорад, чаро намекунад? Беҳтар нест, пулро дар роҳи байни ноҳияҳои Панҷу Фархор истифода кунем? Мардум дар онҷо ба ҷойи панҷ километр сесад километр роҳ мегарданд.”

Ҳамчунин раиси ҳизби демократ алайҳи аз андозу боҷи гумрукӣ озод кардани маҳсулот барои сохтмони долонҳои зидди тармаро маҳкум кард.

Усмонзода гуфт: “Дар чанд соли ахир бо пешниҳоди ҳукумат ба ҳар ширкате, назири воридкунандаи шаробу ширинӣ имтиёзҳо медиҳем. Бояд ба чунин таҷриба хотима дода шавад. Ин тарҳҳо садҳо кабинету сохторро мегузарад, вале манфиати мардумро як бор нигоҳ кунед. Будҷа чӣ хел иҷро мешавад? Ҳамаи чизро меоред, озод мекунед. Вакилонро дар вазъияти ногувор мемонед. Дар пеши ҷомеъа мо бояд ҷавоб диҳем”.

Аксари ширкатҳое, ки аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод мешаванд, ба хонаводаи раисҷумҳур таъаллуқ доранд. Охирин намунаи озодсозӣ аз андоз ширкати хусусии «Амирӣ» мутааллиқ ба домоди раисҷумҳури Тоҷикистон Давлатов Зарифбек Шарифович буд. Ширкат моҳи март бо қарори парлумон ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд.

Наздикони Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз ин имтиёзҳо фоида ба даст меоранд, балки сӯистифодаи зиёд низ мекунанд. Сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”, низ аз пардохтҳо озод шудааст. Ин меҳмонхона бояд аз тарафи ширкати сохтмонии “Исмоили Сомонӣ — асри 21” соли 2007 ба истифода дода мешуд. Замони оғози сохтмони ин меҳмонхонаи мӯҳташам, Эмомалӣ Раҳмон, ки бо қайчияш ҳузур дошт, эълон кард сохтмони он дар якуним сол анҷом хоҳад шуд Аммо инак 12 сол аст, ки сохтмон идома дорад ва мақомот ваъда медиҳанд соли оянда ба анҷом мерасад.

Ин меҳмонхонаи панҷситорагӣ, ки хишти аввалашро раисҷумҳур 15 марти соли 2006 гузошт ва ҳазинаи сохтмонаш 30 миллион доллар эълон шуда буд, 8 соли охир ба ширкати воридоти масолеҳи сохтмонӣ барои Ҳасан Асадуллозода табдил шудааст. Тамоми маҳсулоте, ки барои сохтмони ин меҳмонхона аз хориҷ ворид карда мешаванд, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод гардидаанд ва Асадуллозода маҳсулот барои сохтмонҳои дигарашро низ бо номи ин меҳмонхона ворид месозад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>