Яке аз сабабҳои асосие, ки зану марди бегонаро маҳраму хеши ҳамдигар месозад, ин ширхорагӣ мебошад.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам мегӯянд:
يحرم من الرصاع ما يحرم من النسب
Ҳар касе, ки ба сабаби насабу хун маҳрам мегардад, ба сабаби ширхорагӣ низ маҳрам мегардад.
Аз рӯи насаб ё худ ҳамхуни модар, духтар, хоҳар, хола, амма, духтарони бародар, духтарони хоҳар маҳрами мард мебошанд, ки дар сураи Нисо ояти 23 Аллоҳ баён кардааст.
Ба сабаби ширхорагӣ низ ин нафарон маҳрам мегарданд.
Зане. ки ба кӯдак шир додааст, хоҳ бегона бошад, хоҳ худӣ ба тифли ширдодааш модар маҳсуб мегардад.
Модари зани ширдода, ҳамчун модарбузурги маҳрам ҳисоб мешавад.
Хоҳари зани ширдода, хола маҳсуб мегардад ва ӯ низ маҳрам мебошад.
Духтарони зани ширдода, ҳамчун хоҳарони хунӣ хоҳар мегарданд.
Тамоми наберагони зани ширдода хоҳару бародарзода ҳисоб мешаванд ва албатта маҳрам мегарданд.
Аллоҳ оиди ширхорагӣ мегӯяд:
و امهاتكم اللاتي ارضعنكم و اخواتكم من الرضاعة
Ва модароне, ки ба шумоён шир додаанд ва хоҳароне, ки аз ҷиҳати ширхӯрӣ бо шумо аз як модар шир нӯшида ҳастанд, маҳрамҳои шумо мебошанд.
Дар ширдиҳӣ ягона зани ширдода модар нест, балки шавҳари он зан, ки ба сабаби он мард ин зан соҳиби шир шудааст, падари ширхорагӣ ҳисобида мешавад. Аз ин хотир модари он мард хоҳару духтарони он мард, ҳатто духтароне, ки аз дигар зан ба дунё омадаанд, маҳрами кӯдаки ширхӯрда мегарданд. Инчунин, агар ҳамсари марде ба духтарчае, шир диҳад он мард ва бародарони он мард, падару писарони он мард барои он духтарчаи аз ҳамсараш шир хӯрда, маҳрами доимӣ мегарданд. Боре Паёмбар ба ҳазрати Оиша гуфтанд:
Ба Афлаҳ иҷозат деҳ, то ба хонаамон дохил шавад, зеро аз тарафи ширхорагӣ амуи ту ҳисобида мешавад.
Барои маҳрам шудан чанд бор бояд кӯдак шир нӯшад?
Чун саҳобагони Расулаллоҳ дар ин мавзӯъ ихтилоф доштанд, оиди ин масъала уламо низ ихтилофи назар доранд. Имом Абуҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ ва Имом Молик инчунин саҳобии киром Абдуллоҳ ибни Аббос мегӯянд:
Агар кӯдак як бор шир хӯрад ҳам, он зан ва тамоми нафарони дар боло зикргашта, маҳрами он тифл мегарданд. Кофист кӯдак як бор бошад ҳам шир нӯшад камӣ ва ё зиёдии шир фарқ намекунад, муҳим ба меъдаи кӯдак шири он модар дохил шавад, бо ҳамин байни ду оила робитаи хешовандӣ хоҳару бародарӣ, модариву фарзандӣ ва дигар маҳрамиятҳои қавӣ то охирӣ умр пойдор барқарор мегардад.
Далели ин олимоне, ки мегӯянд танҳо бо як бор ширдиҳӣ кӯдак маҳрами оила мегардад, ин аст, ки дар саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим омадааст, ки Ақаба ибни Ҳорис саҳобии паёмбар мегӯянд:
Ман бо Уммияҳё духтари Абииҳоб издивоҷ кардам, сипас зани сиёҳпӯсте омаду гуфт: Ман ба ҳардуи шумо шир дода будам, яъне ҳардуи шумо аз ҷиҳати ширхорагӣ хоҳару бародари ҳамдигар ҳастед.
Инро шунида ман ба назди Расулаллоҳ омада, ба эшон сухани он занро хабар додам. Паёмбар пас аз шунидани хабари ширхорагии ману Уммияҳё ба ман гуфтанд:
“Аз ҳамсарат ҷудо шав, чӣ гуна бо ӯ зиндагӣ мекунӣ, дар ҳоле, ки он зан ба шумоён шир дода будам, гуфтааст”.
Дар ҳадис зикр нашудааст, ки Паёмбар он зан шуморо чанд бор шир дод, гуфта пурсида бошанд. Ба маҳзи он, ки Паёмбар шуниданд, ки он зан ба Ақаба ва ҳамсараш шир дода будааст, ба Ақаба амр карданд, то аз ҳамсараш ҷудо гардад.
Барои ҳамин Абуҳанифа ва уламои дигаре, ки бо эшон дар ҳамраъй ҳастанд, мегӯянд, зан, агар якбор шир диҳад ҳам ,маҳрамияти ширхорагӣ собит мегардад.
Барои маҳрами ширхора гаштан шарт нест, ки ҳатман кӯдак аз пистони модар шир нӯшад, бо иттифоқи ҷумҳури уламо шири модар аз роҳи бинӣ ва ё шишачаҳои махсуси кӯдакон ба тифл дода шавад ҳам, кӯдак маҳрам мегардад.
Баъзан кӯдакон танҳо аз модари зодаи худ ширро қабул мекунанд, шири модарӣ ба меъдаи кӯдак, хоҳ бо хоҳиши кӯдак, хоҳ иҷборан, хоҳ аз роҳи даҳон, хоҳ аз бинӣ, хоҳ аз пистони модар, хоҳ бо шишача ва ё ҷому пиёла дода шавад ҳам, кӯдак маҳрами оила мегардад.
Инчунин, агар шири модарро бо об ва ё чизи диаре омехта намуда, сипас ба кӯдак диҳем ҳам, ширхорагӣ барқарор мегардад.
Барои ширдиҳӣ синнусоли муаян вуҷуд дорад. Шире,ки ба сабаби он кӯдак маҳрами оила мегардад, ҳатман бояд то дусолагии кӯдак ба тифл дода шавад. Пас аз дусолагӣ ширхорагӣ вуҷуд надорад. Паёмбар мегӯянд:
لا رضاع الا في الحولين
Ширхорагӣ танҳо то ду солагӣ вуҷуд дорад, пас аз ду сола шудани кӯдак ширхорагӣ вуҷуд надорад.(Дорқутнӣ)
Агар, пас аз дусолагӣ кӯдак шир хӯрад, хоҳ шири бисёр, хоҳ кам, хоҳ як бор, хоҳ чанд маротиба маҳрамият ҳосил намешавад.
Инҷо савол ба миён меояд, ки кадом занҳо метавонанд, модари ширхора гарданд?
Ҳар зане, ки дар пистони худ шир дорад, метавонад модари ширдиҳанда гардад. Новобаста ба он, ки он зан ҷавон аст ва ё солманд, шавҳар дорад ё бева аст, кӯдаки хурд дорад ва ё надорад. Муҳим ин аст, ки он модар дар пистони худ шир дошта бошад, зеро гоҳҳо мешавад, ки бо гузашти солҳо баъзе модарон аз баракати шири модарӣ маҳрум намегарданд.
Хелеҳо оиди ширдиҳиву ширхорагӣ беаҳмияти мекунанд. Гоҳе занҳое ҳастанд, ки дар бемористон ва ё ба кӯдакони хешовандони худ шир медиҳанду сипас аз рӯи бепарвоӣ фаромӯш месозанд. Масъалаи ширхорагӣ аз муҳимтарин масъалаҳои Шариат мебошад, зеро бо якбор шир нӯшидан, ду кӯдаки бегона хоҳару бародар ҳамдигар мегарданд, ду оила, ҳамчун оилаҳои хунӣ бо ҳам пайваст мешаванд. Чигунае, ки дар ҳадиси боло шоҳид шудем, бо маҳзи донистани он, ки зану шавҳар бо ҳам аз як зан шир хӯрдаанд, ҳатман бояд аз ҳам ҷудо шаванд ва бо ҳам зистани онҳо ҳаром мегардад. Аз ин хотир ба масалаи ширдиҳӣ хоҳарону модарони азиз бояд диққати ҷиддӣ диҳем ва бепарвои накарда, ҳамаро дар ёд дошта бошем.
Бо лутфу инояти парвардигор ба сабаби ширдиҳӣ доира оилаҳо васеъ мегардад. Кӯдак бо хӯрдани шири зани бегона аъзои он оила мегардад. Чун бо нӯшидани шири он модар, бадани кӯдак инкишоф меёбад ва аз шири ӯ ғизо мегирад, он кӯдак узви он модар мегардад ва ба тамоми аъзои он оила маҳрам асту издивоҷ кардан бо онҳо барояш ҳаром мешавад.
Фарқ байни модари зода ва модари ширдода танҳо дар он аст, ки модари ширдода, инчунин хоҳару бародарони ширхорагӣ мерос намегиранд, аммо дар бақияи умур мисли хилват нишастану сафар кардан, маҳраму ҳамроз будан аз хоҳару бародарони хунӣ ягон фарқ надорад.
Пас аз издивоҷи Паёмбар бо модарамон Хадиҷа, Ҳалима модари ширхораи Паёмбар ба Макка меоянд ва ба Паёмбар аз қаҳтиву фақр шикоят мекунанд. Паёмбар бо машварати Хадиҷа ба модари ширхораи худ 40 сар чорво ҳадия мекунанд, то барои пешбарии ҳаёти худ сарф кунанд, ин муҳаббати Расулаллоҳ нисбати модари ширдодаиашон Ҳалима буд.
Муслимаи Аҳмадӣ