Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Помпео: Амрико ба думболи ҷанг бо Эрон нест

$
0
0

Вазири умури хориҷаи Амрико бо баёни ин ки бидуни шак Теҳрон масъули ҳамла ба нафткашҳо дар баҳри Уммон аст, эълом кард кишвараш ба думболи ҷанг бо Эрон нест.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи «Fox news» гуфт: бидуни шак Эрон масъули ҳамла ба нафткашҳо дар баҳри Уммон аст, аммо раисҷумҳур Трамп ҳар коре, ки аз дасташ бармеояд барои ҷилавгирӣ аз ҷанг анҷом медиҳад.

Помпео бо ишора ба ҳамла ба ду нафткаш дар баҳри Уммон, тасреҳ кард:

Тадобири лозимро барои боз мондани гузаргоҳҳои муҳими минтақа иттихоз мекунем. Амрико иқдомоти дипломатик ва дигар тадобири лозимро анҷом хоҳад дод. Созмонҳои иттилоотии мо шавоҳид ва мадорик зиёде доранд. Тамоми ҷаҳон инҳоро хоҳад дид».


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>