Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муроҷиати намояндагони ҷомеаи мадании тоҷик ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар

$
0
0

Кумисориёи олии ҳуқуқи башар дар Созмони Милали Муттаҳид
Дафтари муассисоти демукротик ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Урупо
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх
Афви байналмилал (Amnesty International)
Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch)
Пизишкони бидуни марз

Вазъияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш вахимтар ва нигаронкунандатар шудааст ва наметавонад касонеро, ки ормонҳои демукросӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва каромати инсон ва ҳамчунин сулҳи пойдор ва бидуни хушунат дар Тоҷикистон барояшон аҳаммият дорад, бетафовут гузорад. Гузоришҳои ваҳшатноки мунташиршуда дар бораи вазъияти маҳкумшудаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба зиндон барои солҳои мухталиф (аз 10 сол то ҳабси абад), мо, шаҳрвандони Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи маданиро, ба шиддат нигарон кардааст.
Дар рӯзҳои ахир, ду нафар аз онҳо дар зиндон вафот ёфтанд: Қурбон Маннонови 75-сола ва Нозимҷон Ташрипов, мутаваллиди соли 1961, ки ба 10 сол зиндон маҳкум шуда буд. Дар торихи 2 август ҷасади Ташрипов барои дафн ба бастагонаш таҳвил дода шуд. Бино ба гуфтаи бастагони ӯ, гардан ва чонаи Нозимҷон Ташрипов шикаста буда ва дар синаи ӯ нишонаҳои озору шиканҷа дида мешуданд.
Ҳамчунин, барои расонаҳо маълум шуд, ки Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, рӯзноманигор, узви Раёсати Олии ҲНИТ ва сардабири собиқи ҳафтаномаи “Наҷот”, дар як ҳолати бисёр бӯҳронӣ ва вахим ба бемористони зиндон интиқол дода шуда ва пизишкон ба таври ҷиддӣ дар мавриди саломати ӯ изҳори нигаронӣ карда ва гуфтаанд, ки Сайфуллозода ниёзи шадид ба амали ҷарроҳӣ дорад.
Аз дохили зиндон гузоришҳое ба берун дарз мекунад, ки аъзо ва раҳбарони маҳкумшудаи ҲНИТ мавриди озору шиканҷа қарор мегиранд, бо онҳо бархӯрди хашин мешавад ва аз муроқибатҳои пизишкӣ ва дидор ва мулоқот бо наздиконашон маҳрум карда мешаванд.
Гузориш шуда, ки дар рӯзҳои ахир вазъияти саломати Муҳаммадалии Ҳаит, муовини раҳбари ҲНИТ ва рӯзноманигори машҳур – ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст – ба шиддат рӯ ба вахомат овардааст. Бар асоси гузоришҳо, дар натиҷаи озору шиканҷа, даст ва пойи Ҳаит шикаста, вале бо ин вуҷуд, аз муроқибати пизишкӣ маҳрум аст ва дар селлули инфиродӣ нигаҳдорӣ мешавад. Тибқи гуфтаи манобе, бархӯрди ғайри инсонии маъмурон бо Ҳаит ба ҳадде будааст, ки вай тақозои мулоқот бо ҳамсарашро намуда ва хостааст аз бадрафторие, ки бо ӯ мешавад шикоят бинависад.
Шӯҳрат Раҳматуллоев, писари яке аз аъзои раҳбарияти ҲНИТ Раҳматулло Раҷаб мегӯяд, падари ӯ низ ба шиддат бемор аст ва ӯро низ аз муроқибатҳои пизишкӣ маҳрум кардаанд.
Мутаассифона, дар мавриди зиндониёни сиёсӣ ташхиси воқеияти ҳол аз хабарҳои мудҳиш дар бораи шиканҷаи онҳо ва дастраси надоштан ба кумакҳои тибби ғайри мумкин мебошад; зеро мақомот иҷозаи мулоқот бо бастагонро ба онҳо намедиҳанд ва аҳёнан ба хотири надоштани вакили мудофеъ. Гузоришҳо дар бораи вафоти маҳкумон, дар бораи осори шиканҷа дар бадани онҳо ва низ дар бораи бадрафториҳо ва бархӯрдҳои хашине, ки бо ин зиндониёни сиёсӣ мешавад, ҷомеаи Тоҷикистонро ба шиддат нигарон карда ва на танҳо тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда, ки боиси эҷоди хашму ғазаби онҳо гардида.
Мо мӯътақидем, ки чунин чизе дар кишвари мо, ки бар асоси Қонуни Асосӣ демукротик ва ҳуқуқбунёд қаламдод шудааст, набояд ҷое дошта бошад. Бисёре аз мо омӯзиши дунявӣ дида ва бинобар ин, арзишҳои демукротик барои мо, фақат ҳарфҳое навишташуда дар Қонуни Асосӣ нестанд. Мо бо онҳо пайванде амиқ дорем ва ояндаи Тоҷикистонро дар сояи он мебинем.
Ба вижа он чӣ нигаронкунандатар аст, иттиҳоми мухолифони исломии мӯътадил аст ба иттиҳомоти пуч ва бепоя, ки ҳамин амр эҷоб мекунад, аз ин шаҳрвандонамон дифоъ намоем; шаҳрвандоне, ки ба хотири дигарандешӣ мавриди озору азият қарор гирифтаанд. Ба назари мо, родиколиза кардани маснуъии опозисиюни исломӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомот бисёр хатарнок аст; опозисиюни мӯътадиле, ки то дирӯз низомманд ва порлумонӣ маҳсуб мешуд.
Мо ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар муроҷеат мекунем ва аз онон дархост менамоем, то аз мақомоти тоҷик тақозо намоянд, ки ба қонунҳои худ пойбанд бошанд ва амнияти зиндониёни сиёсиро таъмин ва ҳуқуқи онҳоро муроъот кунанд. Аввалин ва муҳимтарин ҳаққи онҳо ин аст, ки барояшон иҷозат бидиҳанд, то пизишкон, ҳамчунин аз Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Созмони “Пизишкони бидуни марз”, аз онҳо дидан ба амал оваранд ва низ ҳаққи онон дар дидор ва мулоқот бо бастагон ва наздиконашон комилан таъмин гардад. Танҳо дар ҳамин сурат аст, ки мақомоти Тоҷикистон метавонанд хабари мудхиши дар бораи озору шиканҷаи онон, бадарфториҳо ва бархӯрдҳои хашин бо ин маҳкумони ҲНИТ поён бибахшанд.

Файзинисо Воҳидова, фаъоли иҷтимоӣ ва вакили мудофеъ
Барзу Абдураззаков, режиссери театр, драматург
Темур Варқӣ, шоир ва рӯзноманигор
Равшани Темуриён, рӯзноманигор, коршиноси умури сиёсӣ ва поягузори ҷомеаи тоҷикони Конодо
Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсӣ ва раиси бахши ҲСДТ дар Бадахшон
Ҳаким Раббимпур, фаъоли фарҳангӣ ва иҷтимоии тоҷик, аз раҳбарони тоҷикони муқими Омрико
Сайидюнуси Истаравшанӣ, устоди донишгоҳ, масъули сойти Кимиёи саодат
Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигор
Асадулло Вализода, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоӣ
Аюб Эгамов, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, узви ҲСДТ, Италия
Мухаммадчон Кабиров, раиси созмони ғайри давлатӣ “Eurasian Dialogue”, фаъоли сиёсӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>