Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Мирзиёев ҷалби соҳибкорон ба “корҳои ободонӣ”-ро манъ кард

$
0
0

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 13 август фармонеро содир кард, ки бар асоси он Шӯрои вазирони Қарақалпоқистон, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва дигар шаҳрҳо ҳақ надоранд, соҳибкоронро ба фаъолиятҳое ҷалб созанд, ки мустақиман шомили уҳдадориҳои онҳо нест, аз ҷумла ба сармоягузорӣ ва корҳои хайрия, корҳои ободонӣ, сабзакорӣ, ҷамъоварии оҳану коғазпора ва корҳои дигар ҷалб намоянд.

Ҳамчунин ҳукуматдорон ҳақ надоранд соҳибкоронро ба ҳар гуна корҳои мавсимии кишоварзӣ (кишту ҷамъоварии ҳосил) ва дигар чорабиниҳои марбут ба ҷалби нерӯи меҳнатӣ, маблағ ва дигар харҷҳои молӣ истифода баранд.

Илова бар ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва дигар шаҳрҳо ҳақ надоранд,  бо ҷалби иҷбории соҳибкорон ҷаласа баргузор кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бори маъракаҳои сиёсиву иҷтимоъӣ, фарҳангиву иқтисодӣ ба дӯши соҳибкорон аст. 90 дарсади иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолият ҳам аз тарафи соҳибкорон бунёд мегардад, аммо лентаашонро Эмомалӣ Раҳмон мебрад.

Расонаҳои давлатӣ ҳам онро чун “ғамхории пешвои миллат ба мардум” ҷилва медиҳанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>