Нахустин озмоиши мушакии Амрико пас аз хурӯҷи ин кишвар аз паймони “манъи мушакҳои ҳастаӣ миёнбурд” бо вокуниши тунди Русия ва Чин мувоҷеҳ шуд. Маскав ва Пекин дар мавозеъи мушобеҳ эълом карданд, ки иқдоми ахири Амрико боиси афзоиши “танишҳои низомӣ” хоҳад шуд.
Русия озмоиши як мушаки миёнбурд тавассути Амрикоро ба талоши Вашингтон барои “афзоиши танишҳои низомӣ” таъбир кардааст. Бархе мақомҳои рус низ дар вокуниши хашмгинона эълом кардаанд, ки сомонаи ҷадиди мушакии Амрикоро “таҳдидӣ” барои кишвар худ медонанд.
Чин низ дар мавзеъгири бисёр мушобеҳе бо Русия, зимни иброз нигаронӣ аз озмоиши мушакии ҷадиди Амрико, нисбат ба “афзоиши тақобули низомӣ” ҳушдор дода ва эълом кардааст, ки ин иқдом боиси “даври ҷадиде аз мусобиқаи таслиҳотӣ” хоҳад шуд.
Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия, дирӯз сешанбе 20 август гуфт, гӯё Вашингтон алоқаманд ба “афзоиши танишҳои низомӣ” аст. Ў дар айни ҳол таъкид кард, ки Маскав бо чунин иқдоме таҳрик нашуда ва вориди “рақобатҳои таслиҳотии пирҳазина” нахоҳад шуд.
Рябков ҳамчунин гуфт, ки Маскав ҳамчунон бар тааҳҳуди худ ба адами истиқрори ин навъ аз сомонаҳои мушакӣ, то замоне, ки Амрико даст ба чунин иқдоме назанад, пойбанд аст.
Вазорати дифоъи Амрико дирӯз эълом кард, ки он кишвар якшанбеи гузашта, яъне ду ҳафта пас аз хурӯҷ аз паймони “манъи мушакҳои ҳастаӣ миёнбурд” бо Русия (INF), барои нахустин бор як мушаки миёнбурдро озмоиш кардааст. Озмоиши ин мушак аз ҷумлаи озмоишҳои манъшуда дар муоҳидаи ANF маҳсуб мешавад.
Паймони “манъи мушакҳои ҳастаӣ миёнбурд”-и Амрико бо Русия моҳи гузашта расман қатъ шуд. Амрико иллати ин иқдомро “нақзи мукаррар”-и паймони мазкур аз сӯи Русия эълом карда буд.
Ба гузориши Пентагон, мушаки озмоишшуда, ки фоқиди кулоҳаки ҳастаӣ ва “мутаъориф” буда, аз ҷазираи Сан Николас дар соҳили Калифорния шиллик шуда ва пас аз тайи масофати болиғ бар 500 километр бо муваффақият ба ҳадаф хӯрдааст.
“Таҳдиди мустақими низомӣ”-и Русия
Сергей Рябков дар бахши дигаре аз суханони имрӯзи худ зимни ибрози таассуф аз озмоиши ин мушак, ки ба гуфтаи ӯ дар паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд манъ шуда буданд, афзуд, ки ин иқдоми Амрико нишон медиҳад, ки хурӯҷи ин кишвар аз муоҳидаи ANF барномарезишуда будааст.
Константин Кусачев, раиси комиссияи байналмилали Шӯрои федератсиюни Русия низ гуфт: “сарфи назар аз ин ки дар оянда ин сомонаҳои мушакӣ дар куҷо мустақар шаванд, чӣ дар Осиё чӣ дар Аврупо, метавонанд ба кишвари мо бирасанд.”
Кусачев бо баёни ин ки ин системаи мушакӣ “як таҳдиди мустақими низомӣ барои кишвари мост”, афзуд: “Чунин иқдоме на танҳо барои Амрико, балки ҳамчунин барои кишварҳое, ки ин сомонаро дар оянда дар хоки худ мустақар кунанд низ бидуни паёмад нахоҳад буд.”
Ҳушдории Чин нисбат ба “афзоиши тақобули низомӣ”
Чин низ дар мавозеи мушобеҳ бо Русия, ба озмоиши мушакии Амрико вокуниш нишон дод. Гунг Шавонг, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин, зимни ибрози нигаронӣ аз ин озмоиши мушакӣ, нисбат ба афзоиши танишҳои низомӣ ҳушдор дод.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати хориҷаи Чин, озмоиши мушакии ахири Амрико боиси “даври ҷадиде аз мусобиқиа таслиҳотӣ” шуда ва аз ин тариқ ба “афзоиши тақобули низомӣ” хоҳад анҷомид. Гунг Шавонг тасреҳ кард, ки иқдоми Амрико дар ин озмоиши мушакӣ бар “амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ таъсири манфӣ” хоҳад гузошт.
Вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин ба Амрико тавсия кардааст то бо “тарҳҳои мансухии назири даврони ҷанги сард ва низ бозиҳое, ки барандае надорад видоъ кунад” ва аз сохти таслиҳоти ҷадид бипарҳезад.
Марк Аспер, вазири дифоъи Амрико, ҳамзамон бо хурӯҷи ин кишвар аз паймони “манъи мушакҳои ҳастаӣ миёнбурд”, аз тарроҳӣ ва роҳандозии сомонаҳои ҷадиди мушакии Иёлоти муттаҳида хабар дода буд. Ҳанӯз мавзӯъи истиқрори ин мушакҳо ва замони эҳтимолии он равшан нест. Ба гуфтаи Аспер, Амрико барои ҳифзи таодули низомӣ дар муқобили Чин тамоюл ба интиқоли ин мушакҳо ба Осиё дорад. Янс Астонтелберг, дабири кулли НАТО, гуфтааст, ки ҳеҷ барномае барои истиқрори мушакҳои ҷадиди атомӣ дар хоки Аврупо вуҷуд надорад.