Нобиноёни шаҳри Ҳисорро, ки аксаран дар як бинои панҷошёна зиндагӣ мекунанд, аз масҷиди назди хонаашон маҳрум кардаанд. Шикоятҳои пайдарпайи онҳо ба мақомоти марбута то ҳол ҳеҷ натиҷае надоштааст.
Ин бинои махсуси нобиноён дар деҳаи Ҳаёти нав, хонаи 13 қарор дорад ва сокинони он бо меҳнату маблағи худ назди он масҷиде сохта буданд. Бинои масҷид на танҳо барои намозгузорӣ, балки барои гузаронидани тӯю маъракаҳои сокинони бино низ истифода мешуд.
Бобои Муҳаммадрабӣ Холов, ки 67 сол дорад, ҳар рӯз 5 маротиба ба масҷиди деҳаи Наврӯзи ҷаомъати Ҳисор меравад. Ва ӯ танҳо нест. Аксари нобиноёни масҷидӣ, ки шуморашон ба 50 нафар наздик аст, маҷбуранд ҳар рӯз афтону хезон ба масҷиди Наврӯз раванд.
Масҷиди назди хонаашонро мақомоти ноҳияи Ҳисор бо баҳонаи надоштани ҳуҷҷат бастаанд ва ба аризаҳои пайдарпайи сокинон посух намедиҳанд.

Қурбониёни роҳи масҷид
Бобои Муҳаммадрабӣ мегӯяд, ӯро набераҳояш бо навбат ба масҷид мебаранд, аммо гоҳе мешавад, ки ҳеҷ як аз набераҳояш дар хона нестанд ва маҷбур аст танҳо равад. Чанд бор пешпо хӯрдаву афтидааст ва метарсад, ки рӯзе баъди афтидан нахезад.
Барои нобино, дар кӯчаҳои ноҳамвору пурпеч танҳо рафтан кори саҳле нест. Аллакай ду нафар аз нобиноён дар роҳи рафтан ба масҷид ба шаҳодат расидаанд.
Бобои Қурбон ва бобои Раҷабалӣ аввалин қурбониёни роҳи рафтан ба масҷид ҳастанд. Имкон дорад ин шумора афзоиш ёбад.
Барои нобино даҳ метр ҳаракат кардан дар кӯчаҳои ноҳамвор мушкил аст, чӣ расад ба 1 километр роҳи ноҳамвору пурпечутоб, ки то масҷиди деҳаи Наврӯз масофа дорад. Ба гуфтаи бобои Муҳаммадрабӣ, дар ҳолати танҳоӣ ӯ ин масофаро дар 1 соат тай мекунад. Ҳар дақиқаи он метавонад садамаовар бошад.

Нобиноёни ҳукуматӣ ва мухолиф
Мақомот нобиноёни деҳаи Ҳаёти навро ба ду гурӯҳ тақсим кардаанд. Онҳое, ки барои ҳуқуқи худ – доштани масҷид мубориза мебаранд, мухолифи “сиёсатҳои созандаи ҳукумат” номида мешаванд. Худи онҳоро гурӯҳашонро “гурӯҳи бесоҳиб” ном кардаанд.
Аммо онҳое, ки дар ин баҳс ҷониби мақомотро гирифтаанд, аз лутфу меҳрубонии онҳо бархӯрдоранд. Ё баръакс. Яке аз чунин нобиноёни “ҳукуматӣ” Махсуми Ҷобир аст, ки бо фарзандонаш чанд хонаву манзил ва корхонаи махсуси нобиноёнро азхуд крада фурӯхтааст.

Дар ин корхона зиёда аз 700 нафар нобино кор мекарданд, ки ҳоло асаре аз он ҷуз чанд бинои кӯҳна боқӣ намондааст. Ин корхона сехи гилембофӣ ҳам дошту ба истеҳсоли маҳсулоти рӯзгор аз қабили сарпуши шишаву бонкаҳо, покету зхалтаҳо ва ғайра машғул буд.
Баъди аз фаъолият мондану ба тороҷ рафтани корхона, нобинёне, ки ноновар надоранд, рӯ ба гадоӣ овардаанд.
