Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

САН МАРИНО

$
0
0

Сан Марино баъди  давлати Монако ва Ватикан дар қатори  давлатҳои хурдтарин аст. Сарҳади давлатро пурра Италия фаро гирифтааст, яъне давлат дар дохили давлат аст. Ҳудуди кишвар нӯҳ қалъаи бузурги таърихӣ дорад, ки дар нӯҳ шаҳр қомат афрохтаанд; инҳо  Аккуавива, Борго-Маджоре, Доманьяно, Кьесануова, Монтеджардино, Серравалле, Фаэтано, Фьорентино. Баландтарин қуллаи кӯҳ Монте-Титано ном дорад, 739 км аз сатҳи замин болост ва аз ин қулла давлати Хорватияро тамошо карда мешавад. Аз домани кӯҳ ағбае дурандарози 32 километра вуҷуд дорад, ки аз Сан Марино ба Адриатика мепайвандад.

Мардуми дар ин ҷо зиндагикунанда аз таърихи бою ғании кишвар хеле ифтихор ҳам доранд, чун ҳамеша кӯшиш мекунанд бо намоиши оинҳои мардумии худ давлати хурдакакашонро шӯҳратёри дунё карда бошанд. Маҳз ба ҳамин хотир дар ин кишвар зуд-зуд фестивалҳои гуногун, намоишнома-ярмаркаҳо, меҳмондорӣ бо усули мардумӣ ва дигар ҷолибиятҳои пай дар пай ташкил мешаванд.

Ҳамагӣ дар Сан Марино 30 адад маҳалли аҳолинишин вуҷуд дорад. Дар пойтахти давлат, ки ҳамноми худи давлат аст, чоруним ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Саршумори аҳолии кишвар дар соли ҷорӣ 33 ҳазору 224 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 49% мардону 51% занонанд. Бобаробари лоақал ним милион аҳолӣ надоштан, боз 13 ҳазор нафари он дар кишварҳои хориҷа зиндагӣ мекунанд, ҳарчанд шаҳрвандии ватани худашонро доранд. Масалан дар Италия, Фаронса, Аргентина ва ИМА.  Илова бар ин 19%-и аҳолии давлат итолиёиён ҳастанд. Масоҳати давлат 61,2 км мураббаъ, ки аз Душанбешаҳри мо расо ду баробар хурд аст. Коди телефонаш +378 0549, дини 97 дарсади мардум насронии шохаи католикӣ, воҳиди пулӣ евро, аммо тангаҳои евроро бо усулҳои хосаи миллии худ сохта ба истифода додаанд. Мавриди зикр аст, ки конститусияи Сан Марино соли 1600-ум қабул шуда буд. 

Ҳукумати Сан Марино иборат аз як шӯрои бузурги генералӣ (парламенти якпалатагӣ) , ки аз 60 нафар депутатҳо ташкил шудааст, иборат мебошад. Ин депутатҳо сари ҳар панҷ сол тариқи интихоботи озод аз ҷониби худи мардум пазируфта мешаванд.   

Забони расмии давлатӣ итолиёӣ.  Миёни давлатҳои Аврупо қадимтарин гӯем ҳам, хато намешавад, зеро таърихи пайдоишаш ҳанӯз аз солҳои 301-ум ибтидо гирифтааст.  Наздики 80 дарсади ҳудуди кишварро сангистонҳои баланду нӯгтез ташкил намудаанд. Дар фасли зимистонаш баъзан аҳён-аҳён барф меборад.

Барои гирифтани шаҳрвандии Сан Марино бояд давоми 30 сол дар ҳамин давлат кору фаъолият дошта бошед. Маълумоти хеле аҷиб ин, ки артиши миллии давлат ҳамагӣ аз сад нафар аскар иборат аст. Боз як далели аҷиб ин, ки тақвими давлатии худро доранд, ки мувофиқи он ҳоло асри 17-ум аст. Тақвимро аз соли таъсисёбии давлаташон асос гирифтаанд.  

Ҳар сол ба давлати хурдакаки мавриди зикрамон зиёда аз 3 миллион нафар сайёҳон қадам ранҷа менамоянд, ки барои буҷаи кишвар ин даромади хеле хубе меорад. Чоряки даромади солонаи буҷаро нашру фуруши маркаҳои почта низ ташкил мекунанд. 

Маориф
Оғоз аз миёнаҳои асри 19 дар ин давлат таҳсил дар ҳама гуна муасссисаҳои таълимӣ ройгон роҳандозӣ шудааст.  Ҳамаи таълимгоҳҳо тобеи давлатанд. Усули таълим монанди системаи маорифи давлати Италия буда, таҳсилоти махсус дар коллеҷи Беллусия ҷорист. Ин ҷо то фанҳои теология, фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ низ таълим дода мешавад. Баъди хатми коллеҷи мазкур толибилмонаш ҳуқуқи дохил шудан ба ҳамаи университетҳои Италияро доранд.  Дар худи давлати Сан Марино дар шаҳри Монтеджардино низ донишгоҳе аз 31-уми октябри соли 1985 фаъолият мебарад. Маактаби олии улуми таърихии Сан Марино соли 1988 ба фаъолият оғоз карда буд.

Нақлиёт
Роҳҳои нақлиёти кишвар аз чор хат иборат буда, 32 км роҳи электирикунонидаи оҳан  барои тролейбусҳо ҳам дорад. Ба миқдори умум 220 км роҳи нақлиёт мавҷуд аст. Аз пойтахт то шаҳри Борго якуним км роҳи канатӣ ҳам дар истифода аст. Дар бандари Римини маркази тиҷорӣ барои роҳҳои обӣ ҳаст, ки тариқи киштиҳо доду гирифти мавод сурат мегирад.

Иқтисодиёт
Чуноне зикр намудем, асоси иқтисоди пешрафтаи давлатро самти сайёҳӣ ташкил намудааст.  Ин аз ду як ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилаи кишвар аст. Аз ташрифи сайёҳон ҳамасола ба ҳисоби миёна 250 миллион доллар даромади нақд ба хазинаи давлат ворид мешавад. Дар истеҳсоли либосҳои бо таври замонавӣ дӯхташудаи сифатан аъло дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсусе дорад. Дар ин ҷо истеҳсолу содироти сангҳои ороишии  сохтмонӣ низ хеле фоидаи назаррас дорад. Маводи кимиёвӣ, сафолҳо, лакҳо, ва ғайра низ бештар ба ширкатҳои кооперативии Италия содир карда мешавад. Дар зиёда аз 60 дарсади заминҳои кишт ҷаву гандум, зайтуну ҷуворимакка ва токзорҳои ангур парвариш карда мешавад, ки аз талабу ниёзи мардуми кишвар хеле бештар ҳосил гирифта ба давлатҳои хориҷ интиқол дода мешавад. Соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ ва кирмакпарварӣ низ дар Сан Марино хеле пешрафта аст. Хусусан равғани зайтуни дар ин кишвар истеҳсолшаванда хеле хушсифату хоса аст. Бояд ёдовар шавем, ки тамоми намудҳои хизматрасонии соҳаи тандурустӣ низ дар ин ҷо ройгон пешкаш мешавад. Ҳамасола 3 фоизи даромади давлат барои маориф ва 6 фоиз барои соҳаи тандурустӣ ва наздики 700 ҳазор доллар ҳар сол барои самти ҳарбӣ сарф мешавад. ММД ба сари ҳар нафар аҳоли 49 ҳазору  664, доллар рост меояд. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>